logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ БОЗ СЕ НАФАРРО БА ЗИНДОН БУРД

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Алишер Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе, Аббас Разик Ашраф ва Калимутху Балакулентхиран шаҳрвандони Ҷумҳурии Шри - Ланкаро дар содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ муҷрим шинохта, онҳоро ба муҳлати 2 солу шаш моҳӣ аз озодӣ маҳрум сохт.
Суд таҳти раисии Сурайё Ҷобирзода, парвандаҳои ҷиноятиро нисбат ба маҳкумшудагон баррасӣ намуда, муайян кард, ки Алишер Абдуллоев, менеҷери меҳмонхонаи «Дошан - Хостел» бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо шаҳрванди  Ҷумҳурии  Шри - Ланка  Аббас Разик Ашраф шинос шуда, оқибат ба содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ даст заданд. Онҳо 6 апрели соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Шри - Ланка Калимутху Балакулентхиранро қабул намуда, ба меҳмонхонаи мазкур оварданд. Аббас Разик Ашраф дар рафти вохӯрӣ ба Алишер Абдуллоев гуфтааст, ки Калимутху бо мақсади ба давлатҳои Аврупо рафтан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Ӯ дар Дубай тавассути Рави ном шахс раводиди Ҷумҳурии Олмонро аз 21 июли соли 2010, ки муҳлаташ гузашта будааст, дастрас кардааст. Бинобар ин, Аббас Разик аз Алишер Абдуллоев хоҳиш кардааст, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шиносе пайдо кунад, то ки бар ивази додани пора Калимутхуро бе мамониат аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Франкфурти Ҷумҳурии Олмон фиристанд.
Аббас Разик ба Алишер бар ивази чунин хизматаш маблағи 1800 долларро ваъда кард. Алишер Абдуллоев ба ин пешниҳод розӣ шуда, бо мақсади амалӣ намудани кирдори ҷиноятӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сардори басти назорати сарҳадии фурудгоҳ капитан Исломиддин Раҳимов вохӯрда, шиносоӣ пайдо кард. Дар рафти шиносоӣ мақсадашро баён карда, барои иҷро кардани ин амал ба ӯ 1000 доллари амрикоӣ пешниҳод менамояд. И. Раҳимов баъди чанд муддат ба ин пешниҳод розигиашро дод. Алишер бо мақсади пайдо кардани намояндаи фурудгоҳ бо Шаҳриёр Худоиев, ки вазифаи агенти ширкати ҳавопаймоии «Сомон - Эйр» - ро бар дӯш дошт, шинос шуда, оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷойи нишасти барҳаво додан ба Калимутху гуфтугӯ мекунад.
20 майи соли 2017 ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, пас аз гузаштани Калимутху аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рафти додани пора аз ҷониби Алишер Абдуллоев ба Исломиддин Раҳимов ҳар ду, яъне Алишер ва Калимутху аз ҷониби кормандони амният дастгир гардиданд. Инчунин, 21 майи соли 2017 Аббас Разик Ашраф аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми кӯшиши фирор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир шудааст.
 Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 455

10.12.2018


МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бунёди гармхона бо усули гидропоникӣ

Олимони тоҷику рус 200-солагии шарқшиносии Россияро таҷлил карданд

Дар Лаҳистон конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт

Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин анҷом меёбад?

Кишварҳои G-20 мубориза бо маблағгузории терроризмро таҳким мебахшанд

Ҷаҳон дар як сатр

Бозгашти Фузайлов ба футболи тоҷик


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед