logo

фарҳанг

“МЕҲМОНИ НОХОНДА”. АЗ ИНТИЗОРӢ ТО ПУШАЙМОНӢ

Чанде пеш дар баъзе аз сомонаҳои интернетӣ ва марказҳои фитафурӯшӣ таблиғи филми нави тоҷикӣ бо номи “Меҳмони нохонда” – ро мушоҳида намуда, бениҳоят рӯҳбаланд гаштам, ки шумораи филмҳои тоҷикӣ зиёд гашта истодаанд ва ниҳоят соҳаи кинои тоҷик низ рӯ ба пешравӣ мениҳад. Аз наздиктарин дукони фитафурӯшии назди манзили истиқоматиам филмро харида, тамошо кардам.

Вале ғайриинтизори ман филм мазҳакаи кӯчагиеро мемонаду бас. Дар он шӯхиҳои бемаъниву ғайриахлоқӣ, ба ҳадди ифрот расондани истифодаи бемавриди лаҳҷа, тарзи либоспӯшӣ ва як қатор камбудиҳои дигар ба назар мерасанд. Ҳатто нафаре, ки аз филмофариву киносозӣ огаҳ нест, ин камбудиҳоро баръало ҳис мекунад.
Тавре эҷодкори ҷавон Хуршед Ховарӣ мегӯяд: “Ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи солим аз тамошои чунин филм бисёр ғамгин шудам. Бояд гуфт, ки тамошои чунин филмҳо завқи бинандаро мекоҳонанд. Пеш аз ҳама, ҳузури ҳунармандони саршиноси тоҷик Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Назирмад Мӯсоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро дар чунин филмҳо, ки дар сатҳи хеле паст офарида шудаанд, қабул надорам. Агар дар ин аср, ки технологияи навин ба таври бесобиқа пешрафт мекунад, ба ин мазмуну сифат филм офарем, ба бузургмардони кинои тоҷик чун Борис Кимёгаров, Ҳошим Гадо, Носир Ҳасанов, Қурбон Собиров ва дигар ҳунармандони асил, балки ба фарҳанги асили худ хиёнат кардаем”.
Вақте хостем фаҳмем  кӣ ва ё чӣ ҳунармандони саршиноси тоҷикро маҷбур сохтааст, то дар чунин филме, ки дар сатҳу сифати хеле пасти фарҳангӣ офарида шудааст, нақш бозанд, тамос гирифтем бо Назирмад Мӯсоев. Ҳангоми суҳбат ӯ хеле ба фикр фурӯ рафта гуфт: “Меҳмони нохонда” ин чӣ гуна филм аст ва муаллифаш кист? Ман ҳатто ин филмро тамошо накардаам...”.
Дар ҳақиқат аҷиб! Ва, ҳангоме ки ӯро аз нақши офаридааш дар филм хотиррасон намудем, гуфт: «Бале, ман дар ҳақиқат ин филмро надидаам ва ҳатто сенарияи онро нахондаам. Танҳо ба ман занг зада, хоҳиш намуданд, ки ҳамагӣ як рӯз сабт аст ва бояд дар ин филм нақш офаред. Вақте фаҳмидам, ки нақши падари қаҳрамони филмро бояд бозам, розигии худро дода сабт намудем. Дигар гуфтанд, ки баъди сабти кино онро ба шумо ҳатман мерасонем. Дар ҳақиқат иқрор мешавам, ки хатои мо - ҳунармандон аст, ки аз сенария ва муҳтавои филм огаҳ нагардида, дар он нақш мебозем».
Табиати инсонӣ чунин аст, ки ҳамеша мехоҳад аз пайи қаҳрамонҳо биравад. Бинанда дар симои қаҳрамон бояд худро бинад, ҳамроҳи қаҳрамони филм хандад, гиря кунад ва дар ҳама ҳолат бо ӯ бошад. Вақте дар филмҳои худӣ дар мисоли “Меҳмони нохонда”, инро намебинад, завқаш мекоҳад ва рӯ меорад ба филмҳои ғайр.
Муаллифи филми мазкур Дӯстмурод Шарифов дар суҳбат гуфт: “Сенарияи мо аз қайди масъулони соҳаи фарҳанг ва КВДКВ «Тоҷиккино» гузаштааст. Онро ҳам масъулон ва ҳам тамошобинон ба хубӣ пазируфтанд”. Вале, ҳангоме ки бо Хайриддини Зайниддин, муовини сардори КВДКВ «Тоҷиккино» тамос гирифтем, чунин иброз дошт: “Ин филм аз ҷониби муаллифаш ба мо ва Шӯрои бадеии студияи “Тоҷиккино” пешниҳод гардида буд. Мо рад кардем ва тавсия додем, ки филм куллан тағйир дода шавад. Филми мазкур ҳатто сенария надошт. Аммо, мутаассифона, рӯзе хабар ёфтем, ки филм бо кадом роҳе дар марказҳои фитафурӯшӣ паҳн гаштааст. Дар шабакаҳои интернетӣ низ пур шуда буд. Гарчанде масъулони соҳаи фарҳанг ва мақомоти дахлдор чунин амалҳоро дар соҳаи кино нодида мегиранд, хоҳиши онро дорем, ки ҳадди ақал ба мо ҳуқуқҳое дода шаванд, ки нисбати чунин филмофарону паҳнкунандагони онҳо чораандешӣ карда тавонем”.
Сафар Ҳақдодов, раиси синамогарони Тоҷикистон, гуфт: “Ин филм ба мо пешниҳод нашудааст ва ин гуна муаллифон хуб медонанд, ки мо филмҳои кӯчагии онҳоро ҳеҷ вақт иҷозат намедиҳем, ки сабт шуда, пешкаши тамошобинон гардад. Ҳатто филмро тамошо накардаам”.
Мусаллам аст, ки филмномаҳо инъикосгари фарҳанги мардуманд. Чуноне ки Абдурофеъ Рабизода, адиби филмноманавис, мегӯяд: “Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз, агар хоҳем фарҳанги худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кунем, пеш аз ҳама, бояд филмҳое офарем, ки завқи ҳам бинандаи дохилӣ ва ҳам хориҷиро бедор созад. Гарчанде дар миёни ҷомеа ҳама гуна афродро вохӯрдан мумкин аст, набояд қаҳрамонони филмномаҳои мо шахсони номуваффақу аз марзи ахлоқ берун бошанд. Зеро имрӯз яке аз шинохту комёбиҳои беназири мамолики Ғарбу Шарқ дар арсаи байналмилалӣ аз рӯйи киност”.
Дар ҳақиқат имрӯз кино яке аз воситаҳои асосиву муҳими тарғиби фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Вале, филми “Меҳмони нохонда” ин фарҳанги тоҷиконро баръакси ҳолаш муаррифӣ мекунад, ки ҷойи таассуфу нигаронист.
Чаро аз пахши чунин "филм" - ҳо пешгирӣ накунем?
Қурбон АҲМАДЗОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 455

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед