logo

иқтисод

"ПИСТА. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА"

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ мақолаи «Писта.Чанд паҳлуи як проблема» - ро, ки 18 октябри соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 217) ба табъ расидааст,  мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дод. Дар матлаб вобаста ба ҳолати ғайриқонунӣ пеш аз мавсим чидани писта аз ҷониби шаҳрвандон ва норасоии маҳсулоти он барои ҶДММ «Грин Голд» сухан меравад, ки боиси таваҷҷуҳи мо гардид.

Корхонаи коркарди писта «Грин Голд» дар асоси шартнома бо муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ аз соли 2016 инҷониб оид ба  ҷамъоварии ҳосили писта аз рӯйи муайян намудани самаранокии он фаъолият менамояд. Майдонҳои  пистазоре, ки ба ширкат тааллуқ доранд,  тибқи шартнома аз тарафи роҳбарияти он зери назорат ва муҳофизат гирифта мешаванд. Дар  ин самт муассисаи давлатӣ дахолат наменамояд.
Ҳолати коҳишёбии ҳаҷми маҳсулот бошад, солҳои охир дар натиҷаи таъсири ҳодисаҳои табиат  ба раванди ҳосилбандии писта ба миён омад. Ҳатто бисёри дарахтони писта дар минтақаҳои ҷангалпӯш ҳосил намебанданд.
Ҷиҳати  пешгирии хом чидани писта ва ғайриқонунӣ буридани  дарахтони он ҳамасола дар ноҳия ситоди махсус аз тарафи кормандони хоҷагии ҷангал таъсис меёбад. Бобати зиёд намудани масоҳати пистазор дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тибқи нақша ба андозаи  10 гектар  бунёд ва барқароркунии пистазор тайи соли ҷорӣ ба роҳ монда шуд.
Айни замон дар ниҳолхонаи хоҷагӣ 8 ҳазор бех ниҳоли писта дар халтачаҳои полиэтиленӣ дар ҳоли сабзиш қарор дошта,  рӯзҳои наздик онҳо дар ҷойҳои муайяншуда шинонда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, масоҳати пистазорро зиёд ва бо ин роҳ дар беҳсозии муҳити зист ва  сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот мусоидат намояд.
М. САЙФУДДИНЗОДА,
раиси ноҳияи Панҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 507

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед