Хабарҳо
Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Умедҷон Зоирзода, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, иҷрокунандаи вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт, роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» Кирк Рамер коргоҳи коркарди меваю сабзавот ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сохтмони коргоҳ моҳи августи соли 2016 оғоз ёфта, июли соли ҷорӣ ба поён расид. Барои бунёди он 1 миллиону 26 ҳазору 455 сомонӣ сарф гаштааст, ки саҳми кооперативи тиҷоратии «Мирзои Нури Арбоб» 67,06 дарсад ва Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» 33,94 дарсадро ташкил медиҳад.
Коргоҳ бо технологияи муосири консервакунонии меваю сабзавот муҷаҳҳаз гашта, имкон дорад дар як шабонарӯз 1000 банка консерва истеҳсол намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 201