Хабарҳо
Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим
Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Биналӣ Йилдирим баргузор гардид. Зимни мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мусоҳибон аз фазои мусоиди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тавсеаи бештари тамосҳои гуногуни сатҳи сиёсӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, туризм ва дигар бахшҳои мавриди назар гардиданд.
Дар ин замина ҷонибҳо азми хешро ҷиҳати то 1 миллиард доллари ИМА афзоиш додани гардиши мол таъкид карда, соҳаҳои нассоҷӣ, энергияи обӣ, коркарди маъдан, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатиро соҳаҳои ояндадори ҳамкориҳо хонданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 217