logo

иқтисод

«ТОҶИКСТАНДАРТ». 1,5 ҲАЗОР НОМГӮИ МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ ОШКОР ГАРДИД

Нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ  дар ҳолати хуби санитарию эпидемиологӣ дар фурӯшгоҳҳо ва бо сифати хуб ба дасти харидор расондани он  аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳибкорон ба шумор меравад. Аммо  ҳолатҳои риоя накардани меъёрҳои  санитарию эпидемиологӣ  аз ҷониби тоҷирону савдогарон ва  ба талабот ҷавобгӯ  набудани молу маҳсулоти онҳо хеле зиёд ба чашм мерасад.
- Давоми даҳ моҳи соли равон аз ҷониби мутахассисону кормандони агентӣ 2  ҳазору 130 тонна  маҳсулоти  ғизоии ба талабот ҷавобгӯнабуда ошкор гардид, ки аксари  онҳо маҳсулоти воридотианд. Аз он  маҳсулоти  гӯштӣ  75 тонна,  равғани рустанӣ  361, макаронӣ  15,  қаннодӣ  667,  маҳсулоти ширӣ 77,  консервҳо  69 , иловаҳои  ғизоӣ 160  ва меваю  сабзавот 28 тоннаро  ташкил дод. Барои  риоя накардани талаботи қоидаҳои  меъёрӣ  ва фурӯши маҳсулоти пастсифату  хатарнок ба маблағи  1 миллиону 72 ҳазору 800 сомонӣ  нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ ҷарима таъ-йин карда шуд, -  гуфт Мурод Ашуров, сардори маркази матбуоти агентӣ.
Баъзе соҳибкорон ба хотири дар-омад аз рӯи шиори «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» амал мекунанд. Онҳо  дидаю дониста маҳсулоти пастсифати  зарарнокро ба фурӯш мегузоранд, ки на ҳама вақт пешгирии он имкон дорад. Дар ин маврид ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти дахлдор нақши муҳим мебозад.
- Дар асоси  арзу шикояти шаҳрвандон  ва  идораҳои дигари давлатӣ  дар ин давра санҷишҳои ғайринақшавӣ ташкил карда шуданд. Баробари ин, дар ҷумҳурӣ  6 ҳазору 831 санҷиши субъекти хоҷагидор гузаронда шуда, аз  3 ҳазору 909 субъекти хоҷагидор ба маблағи қариб 930  ҳазор сомонӣ  ҷарима ситонда шуд. 
Зимни  санҷиш   аз 3 ҳазору  908 номгӯйи маҳсулот 1 ҳазору 566 номгӯй  ғайристандартӣ  дониста шуд. Беш аз 50 дарсади онро маҳсулоте ташкил медиҳад, ки  ба таври қалбакӣ  тамғагузорӣ шудааст, - изҳор дошт, Наз-рулло Шарифзода, сардори нозироти савдои агентӣ.
Н. РАҲМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 632
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед