logo

фарҳанг

БАЗМИ ҲУНАР

Дар кохи фарҳанги  ноҳияи Рӯшон бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шаби эҷодии ширинкорони шинохта Давлаталӣ Дӯсталиев ва Ғоибназар Давлатшоев баргузор гардид, ки дар он мухлисони ин ҳунармандони асил аз тамоми деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки  Рӯшонро дар кишвар макони санъаткорони асили Бадахшон ном мебаранд. Дар ин гаҳвора  ҳунармандоне ба мисли Артисти халқии СССР  Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева, Нуқра Раҳматова, Ғарибсултон Худоёрбекова, Бегимсултон Алифбекова, Гурминҷ Завқибеков, Хушназар Майбалиев, Шералӣ Абдулқайсов, Ғолиб Исломов, Асалбек Назриев ва даҳҳо нафар ҳунармандону ҳофизон ба камол расида, санъати тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд.
Ғоибназар ва Давлаталиро  ҳам дар қатори ин ҳунармандон ном мебаранд. Онҳо дар солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта ҳамчун ҳаҷвнигору ширинкорони соҳибистеъдод вориди саҳна гаштанд ва тамоми маҳорату ҳунарашонро дар ихтиёри мардум гузоштанд. 
Дар давоми  шаст соли дар саҳна ҳунарнамоӣ карданашон Ғоибназар ва Давлаталӣ  бештар аз 200  суруд ва саҳнаҳои ҳаҷвиро пешкаши ҳаводорони санъат гардондаанд. Онҳо дар суруду ҳаҷвияҳояшон коргурезону танбалон, қаллобону ришвагирон ва мисоли инҳоро мазаммат мекарданд. Ин мардони  ҳунар худро шогирдони ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик -  ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон шодравонон Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (Усто ва Масто) меҳисобанд  ва  идомадиҳандаи  ҳунари  онҳо  мебошанд.
Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 685

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед