logo

иҷтимоиёт

НАСЛИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиҳатии омма, бахусус кӯдакон ва наврасон, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Чанде пеш Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кумаки ташкилоти хайриявии «Тоҷикистон» дар доираи ҳафтаи ҷарроҳии дил миёни кӯдакон ва наврасони то 18 - сола дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷарроҳии 20 нафар беморро ба таври ройгон ба роҳ монд. Дар гузарондани  амалиёти ҷарроҳӣ ҳамроҳи мутахассисони тоҷик ҷарроҳон аз Амороти Муттаҳидаи Араб низ ширкат доштанд.
Мавриди зикр аст, ки дар маҷмаа аввали моҳи ноябр бо иштироки 23 мутахассиси 13 кишвар, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср 60 нафар кӯдаку нав-расе, ки нуқси модарзодии дил доштанд, ройгон ҷарроҳӣ шуданд. Мақсад аз пиёда сохтани иқдоми мазкур дастгирии оилаҳои камбизоат арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи  шашуми  вазирони  тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ, мутахассисони соҳаи тибби ин кишварро дар самти ҷарроҳӣ ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ба ин хотир, интизор меравад, ки иқдоми хайрхоҳона – ҷарроҳии кӯдакону нав-расон  моҳи феврали соли 2018 дигарбора роҳандозӣ гардад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 581

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед