logo

иқтисод

ИҚТИСОДИЁТИ ҒАЙРИНАҚДӢ. МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки истифодаи оммавии кортҳои пардохт дар марказҳои савдою хизматрасонӣ ба шаффоф гаштани амалиёти молиявӣ, зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо, ҳамчунин коҳишёбии иқтисодиёти пинҳонӣ, сарфаи хароҷот ва вақт, хеле мусоид аст. Кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар амалисозии ин низом дар  марҳилаи аввал қарор доранд. Айни замон дар ҷумҳурӣ наздик ба 19 дарсади аҳолӣ соҳиби кортҳои пардохти бонкӣ мебошанд.

Ин масъала дар Форуми «Роҳ ба сӯйи иқтисодиёти ғайринақдӣ», ки дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳамкории низомҳои пардохти байналмилалии «Visa International» ва «UnionPay International», ҳамчунин, ташкилотҳои қарзӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лола Салимова, муовини раиси Бонки  миллии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ барои ташкили фаъолияти низоми пардохт, тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид ба тараққиёти низоми пардохт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» замина гузошт. Барои такмили низоми пардохт, таъмини соҳибихтиёрӣ ва коҳиш додани хавфи таъсири омилҳои беруна ба инфрасохтори пардохтии мамлакат ҳанӯз 6 сол қабл Бонки миллии кишвар маркази протсессингии Низоми пардохти миллии (НПМ) “Корти миллӣ”- ро созмон дода буд. Дар доираи санадҳои меъёрӣ ташкилотҳои қарзие, ки ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғуланд, ба таври ҳатмӣ бояд хизматрасонии кортҳои миллиро амалӣ намоянд. Соҳибони кортҳои пардохти миллӣ имкон доранд, ки аз шабакаи васеи терминалии ташкилотҳои қарзии ватанӣ истифода баранд.
- Солҳои охир дар ҷумҳурӣ шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзӣ мунтазам афзоиш ёфта, шумораи истифодабарандагони кортҳои пардохт бештар шуда истодааст. Давоми даҳ моҳи соли равон аз ҷониби 16 ташкилоти қарзии ватанӣ 1 700 707 корти пардохти бонкӣ ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 5,5 дарсад зиёд мебошад, - гуфт Шуҳрат Салоҳиддинов, сардори идораи назорати низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон. - Аммо истифодаи самараноки кортҳои пардохт дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳанӯз  ба талабот ҷавобгӯ нест. Бештари кортҳои пардохт барои гирифтани нафақа ва музди меҳнати корхонаҳои буҷетианд ва шаҳрвандон онҳоро ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд.
Барои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар фурӯшгоҳҳо шумораи терминалҳои электронӣ зиёд карда шуда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзӣ 1 699 терминал нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1070 адад зиёд насб карданд. Дар назар аст, ки то охири сол ин шумора ба 1800 адад хоҳад расид.
Ба гуфтаи коршиносон, дар пешрафти иқтисодиёти ғайринақдӣ сатҳи норасоии маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти истифодаи кортҳои пардохт, технологияҳои муосир, мутахассисон ва саҳмгузории ширкату ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 408

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед