logo

фарҳанг

"САДОИ ШАРҚ" 90 – СОЛА ШУД

Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” куҳантарину ҷомеътарин нашрияи фаъоли адабию иҷтимоии Тоҷикистон аст, ки инак, ба қуллаи 90 - солагӣ расид.
Шумораи нахустини маҷалла бо номи “Дониш - биниш” дар Самарқанд интишор ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки ба ҳаёти адабию фарҳангӣ низ нуфуз карда буд, номи ин маҷалла “Барои адабиёти сотсиалистӣ” шуд, ки ба сурати мухтасар “БАС” низ қайд мегардид. Аз соли 1934 то 1964 маҷалла унвони “Шарқи сурх”- ро дошт ва аз шумораи 5-уми соли 1964 то имрӯз бо номи “Садои Шарқ” интишор меёбад. Дар тӯли ин таърих танҳо бо шурӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз соли 1941 то 1945 чопи маҷалла қатъ гардид ва аз соли 1946 боз интишори он давом ёфт.
Бо оғози нашри ин маҷалла пойдевори мустаҳками матбуоти  фарҳангию  иҷтимоии  тоҷик  гузошта  шуд  ва  он ба навъе тамоми талошҳои дар ин роҳ харҷшударо дар худ ҷамъ карду идомаи устувор бахшид.
Устод Садриддин Айнӣ, ки дар таъсис ва таҳрири маҷалла нақши асосӣ ва аз ибтидо ҳидояти маънавӣ ва ҳатто роҳнамоиҳои фаннии онро бар уҳда дошт, яке аз собиқадортарин кормандони матбуоти тоҷик Собит Манофзодаро бо унвони котиби масъули маҷалла ба ин вазифаи муҳим ҷалб карда буд. Ӯ дар бораи ҳадафҳои “Раҳбари дониш” менависад: “Ин журнал аз аввалин рӯзҳои нашр шуданаш вазифаи бисёр муҳимро ба уҳда гирифта буд. Журнал агарчи асосан тамоюли педагогӣ гирифта буд, лекин эҳтиёҷи муаллимонро... ба назар гирифта, адабиёти нави тоҷикро ба майдон ниҳода, инкишофи онро лозим медонист”.
Адабиёти тоҷик ба воситаи ин маҷалла, дарвоқеъ, майдони васеи эҷод ва коргоҳи маҳорат пайдо намуд. Ҷамъ омадани беҳтарину фаъолтарин истеъдодҳои адабӣ перомуни маҷалла заминаи мусоидро барои ташкили Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фароҳам сохт.
Қонуни адабиёт. Тавре ки Собит Манофзода ёдоварӣ кардааст, дар ҳақиқат, ин маҷалла бо вуҷуди вазифаҳои зиёд, пеш аз ҳама, як маҷаллаи адабӣ буда, сол ба сол саҳми осори адабӣ ва адабиётшиносӣ дар он афзоиш ёфтааст. Муҳимтарин осори адабии устод Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигар нависандагони насли аввали адабиёти навини тоҷик дар он ба чоп расида, аслҳои амалии мактаби адаби муосири тоҷикро устувор сохтанд. Агар ин насли адибон бо маҳсули расида ва пухтаи таҷрибаҳои эҷодии худ вориди майдони нашрия шуда бошанд, пас наслҳои баъдӣ ба он чун ба як мактаб ва парваришгоҳи ҳунари адабӣ омадаанд. Осори ҳамаи онҳо асосан дар “Садои Шарқ” (“Шарқи сурх”) ба чоп расида, балки беш аз ин, дар саҳифаҳои ин маҷалла такмил ва пухта шудааст. Зеро ҳам пеш аз чоп ва ҳам баъд ин асарҳо мавриди баҳсу баррасиҳои мутахассисона қарор гирифта, пас аз он ба сурати китоб даромадаанд.
Метавон гуфт, ки тақрибан тамоми осори насли дувуми адабиёти муосири тоҷик, хусусан Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва дар умум ҳамаи намояндагони барҷастаи адабиёти навини тоҷик дар саҳифаҳои маҷалла дарҷ аст. Беш аз ин, бидуни мутолиаи ин осор вижагиҳои ҷараёни ташаккули маънавӣ ва ҳунарии онҳоро муайян кардан имконпазир нест.
Нақди асарҳои чопшуда дар “Садои Шарқ” намунаи дигаре аз эътибори ин асарҳо мебошад. Зеро чопи маҷалла, агарчи ҳанӯз чопи ниҳоӣ нест, мунаққидону адабиётшиносон ҳамеша маводи адабии интишорӣ дар ин маҷалларо бо ҷиддияти тамом мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, ба ин восита боиси рушду камоли ҳунари адибон ва ҳамзамон донишу завқи хонандагон гардидаанд. Дар ин миён номаҳои таҳқиқӣ ва умумии адибони ботаҷрибаамон ба якдигар низ, ки пайваста дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расида ва ахиран бисёре аз онҳо дубора чоп шудаанд, аҳамияти фавқулода доранд. Хусусан, мукотибаи устод Айнӣ бо Абулқосим Лоҳутӣ ва номаҳои дигари устод Айнӣ ба адибони  тоҷик дорои қимати рӯзафзуни илмию адабӣ буда, бисёр нуқтаҳои торики таърих, таърихи адабиёт ва назарияи адабиро равшан мекунанд.
Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, дар соли ҷорӣ дар силсилаи маводе, ки ба муносибати 90 - солагии “Садои Шарқ” ба табъ мерасид, ба дарҷи ин номаҳо аҳамияти махсус дода шуд.
Ҳувияти миллӣ. Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2005  дар хусуси Нашрияи миллӣ эълон намудани “Садои Шарқ” асоси амиқи таърихӣ дорад, ки дар сафҳаҳои ин нашрияи  куҳанбунёд ба таври амалӣ ва дурахшон инъикос ёфтааст. Пеш аз ҳама, ин нашрия бо нияти амалӣ кардани ормонҳои ҳувият ва истиқлоли маънавӣ ташкил шуда, воситаи пуртаъсири ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, хусусан забону адабиёти тоҷик гардидааст. Гузашта аз ин, аз шумораҳои нахустин сар карда, ин нашрия саҳифаҳои худро ба майдони пайкорҳои илмию маънавӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлоли сиёсию маънавӣ, забони ноби тоҷикӣ табдил додааст.
Ҳамеша дар баробари нашри беҳтарин намунаҳои адабиёти миллӣ “Садои Шарқ” ба ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои ҳаққонии миллию мардумӣ талош намудааст. Дар бахши таҳқиқот агар ин кори муҳим ба воситаи пажӯҳишҳои дақиқу равшанбинонаи илмӣ дар хусуси таърих, мероси адабӣ (ҳамчунин нашри беҳтарин намунаҳои мероси адабӣ), забони модарӣ, ҳунарҳои нафисаи миллӣ ва ғайра амалӣ гардида бошад, дар бахши иҷтимоӣ ба муҳимтарин таъсисоти зербиноии миллӣ таваҷҷуҳи хос дода шудааст.
Робитаҳои адабӣ. Яке аз ҳадафҳои асосии нашрия аз оғози фаъолияташ бо номи “Дониш - биниш” (“Раҳбари дониш”) дар баробари нашри асарҳои адибони тоҷик, ошно кардани мардум бо беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон буд. Бино бар ин, дар нахустин шумораҳои ин нашрия тарҷумаи асарҳои адибони оламшумул Л. Н. Толстой, А. П. Чехов, А. М. Горкий, Р. Такур ба табъ расидааст, ки оғози неки як кори азими эҷодӣ буд. Бо як назар  ба феҳристи комили “Садои Шарқ”, бо фаро гирифтани ҳамаи давраҳои номгардонияш маълум мегардад, ки пайдо кардани кишваре ва миллате, ки аз адабиёти он намунае ба тоҷикӣ чоп нашуда бошад, корест душвор. Осори адабие, ки аз беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон интихоб ва аксаран аз тарафи боистеъдодтарин адибони тоҷик тарҷума  шудааст, ганҷи пурбаҳоест. Хеле аз ин тарҷумаҳо танҳо дар ҳамин саҳифаҳои “Садои Шарқ” боқӣ монда, дар ҷойи дигар идомаи чоп наёфтаанд. Ин тарҷумаҳо аз чанд ҷиҳат дорои аҳамият буданд ва ҳастанд: воситаи ошноии халқи тоҷик ба адабиёт ва ба ин восита рӯзгору фарҳанги халқҳои ҷаҳон, воситаи ҳамкориҳои фарҳангии дӯстона, мактаби ҳунари эҷодӣ, хусусан, барои адибони навомӯз. Гузашта аз ин, тарҷумаҳо воситаи амалие барои ошкор кардани зарфиятҳо ва назокатҳои забони адабиёти тоҷик ҳам мебошанд, ки ин нуктаро аз тавсияҳои устод Айнӣ ба тарҷумонҳо дар зимни  нақди тарҷумаи онҳо ба хубӣ метавон дарёфт.
Намунаҳои адабиёт ва осори адабиётшиносии ҳамзабононамон яке аз қисматҳои пураҳамият ва ҳамеша хондании онро ташкил медиҳад. Ин анъанаи нек дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббусҳо ва барномаҳои фарҳанггустарӣ дар сатҳи болои ҳукуматӣ ривоҷи бештар касб намуд. Намунаи хуби он таҷлили байналмилалии шахсиятҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, ҷашнҳои муштараки таърихию миллию фарҳангӣ мебошад, ки ҳамеша, бахши муҳиме аз онро адабиёт ташкил медиҳад. Дар ин бахш Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар соли 2016 бо дастгирии Ҳукумати кишварамон қобили ёдоварии вижа мебошад, ки адибон ва муҳаққиқону ҳаводорони адабиёту фарҳанги тоҷикӣ - форсиро аз тамоми кишварҳои ҷаҳон гирд овард ва заминаи хуберо барои таҳкиму идомаи робитаҳои адабию фарҳангӣ эҷод кард.
Хулоса, “Садои Шарқ”, баъди паймудани роҳи навадсолаи пурфарозу фуруд ва вартаҳои муҳлики таърихӣ, ҳамчунон пурбору пирӯзманд ба соҳили амни истиқлоли комили миллӣ ва маънавию фарҳангӣ расида, дар пеши рӯйи худ уфуқҳои васеъро мушоҳида менамояд ва умед аст, ки дар роҳи хидматгузорӣ ба халқу Ватан ояндаи басо фараҳбахштару саодатмандтар дошта бошад.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА,
сармуҳаррири “Садои Шарқ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2017    №: 154    Мутолиа карданд: 415

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед