logo

иҷтимоиёт

ФАРЗАНДИ ВАТАН. ҶОИ Ӯ АКНУН ДАР ДИЛҲОСТ

Сардори отряди сарҳадии «Шӯрообод» Хайриддин Аҳтамов бо корнамоии худ бори дигар собит кард, ки ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодии худ барояш ҳамеша шарафи бузург аст.

Хайриддин Аҳтамов 2 декабри соли 2017, соати 19:10, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии № 2- и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳангоми пешгирии убури ғайриқонунии қочоқбарони мусаллаҳи афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
Дӯстону ҳамсафонаш ӯро ҳамчун инсони содиқ дар вазифаи хизматиаш медонистанд ва аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Чунки дар давоми фаъолияти пурсамараш даҳҳо шогирд тарбия намудааст.
 Полковник Раҳматулло Шоев, яке аз ҳамсафони ӯ аз ҷумла чунин гуфт: “Хайриддин Аҳтамов дорои беҳтарин хислатҳои инсонӣ буд. Марҳум дар тамоми амалиётҳо дар сафи пеш қарор дошт. Дар давоми фаъолияти низомияш ба шогирдони зиёд тарбия намуда, тактикаи ҷангӣ ва муқовимат бо сарҳадшиканонро дар сарҳад омӯзондааст. Имрӯз шогирдонаш дар дигар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ низ сарбаландона адои вазифа менамоянд. Ҳар боре, ки аз убури ғайриқонунии сарҳад бонги изтироб мезаданд, ӯ бо шогирдонаш ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовор медод.
Шамсиддин Бобоев, ки ба ҳайси муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ дар отряди сарҳадии “Шӯрообод” фаъолият дорад, аз марҳум чунин ёдовар шуд: “Хайриддин Аҳтамов аз нахустин рӯзҳои корӣ хизмати содиқона ба халқу Ватанро рисолати касбии худ мешумурд. Ёди ин марзбони асил ҳамеша дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд”.    
Полковник Хайриддин Аҳтамов соли 1997 Омӯзишгоҳи олии ҳавоӣ - десантии шаҳри Рязани Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии тактикаи қӯшунҳои ҳавоӣ - десантӣ ва соли 2015 Академияи сарҳадии Хадамоти бехатарии Федеролии Федератсияи Русияро хатм намудааст. Аз соли 2005 дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вазифаҳои гуногуни афсарӣ ва роҳбарикунанда хизмат кардааст. Фаъолияти босамар, интизоми намунавӣ ва расидан ба натиҷаҳои назаррасаш бо ифтихорнома, нишонҳои сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ қадр шудаанд. Аз 15 июли соли 2015 вазифаи сардори отряди сарҳадии “Шӯрообод” - ро ба уҳда дошт.

Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2017    №: 154    Мутолиа карданд: 556

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед