logo

иҷтимоиёт

"ҲАЛҚАЁР" - МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ МАРЗБОНОН


Чанде пеш дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ генерал - полковник Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ Маркази таълимии «Ҳалқаёр» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра навсозӣ шуда, биною иншооти нави замонавии он бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи марказ таъкид шуд, ки бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани он, аз ҷумлаи тадбирҳое ба шумор мераванд, ки дар  доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом шудааст. Дар маркази таълимӣ як қатор биною иншооти нав, аз қабили «Кохи  садоқат» иборат аз 400 ҷойи нишаст, осорхона ва китобхона, хобгоҳҳо барои афсарону сарбозон, биноҳои таълимӣ,  хонаҳои хизмати сарҳадӣ, фароғатӣ ва иттилоотӣ, ҳаммом, ошхона, анбори захираҳои маҳсулот, мошинсарой, майдончаҳои варзишӣ ба таври муосир навсозиву бунёд шудаанд.
Биноҳои таълимии навбунёд аз 16 синфхона ва толорҳои бозомӯзию такмили маҳорати низомӣ иборат буда, бо дастгоҳҳои нави электронии ҳарбӣ - таълимӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо аз рӯи 16 ихтисос мутахассисони хурди низомӣ омода гардида, сарбозон ба таълиму бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Маркази таълимии «Ҳалқаёр» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, назири минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо, тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шудаанд ва барои идома додани хизмат ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ сафарбар гардидаанд.
Бино ба таъкиди Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, тақвияти ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марз аз тадбирҳои муҳим ва асосие мебошанд, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, масъули маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба “Ҷумҳурият” иттиллоъ дода, афзуд, ки ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти нави Маркази таълимии «Ҳалқаёр» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои ин сохтори қудратӣ расми гузашти низомӣ доир гардид. Ҳамчунин, як қатор афсарон ва сарбозони фаъол барои хизмати содиқона ба Ватан ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан аз ҷониби фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ифтирхономаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Ф.ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2017    №: 154    Мутолиа карданд: 650
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед