logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ФУТБОЛ. ЯК ФАКТИ БЕНАЗИР
Агар нисфи мардон футболбозиро дӯст доранд, нисфи дигарашон шавқманди тамошои онанд.  Аҷибаш ин, ки барои иҷрои ҳар ду амал ҳам ба онҳо чизе халал расонда наметавонад. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар клуби ҳаводорони футболи «Татран» - и деҳаи Черни Балоги Словакия мебинем.
Тими ин деҳа тамрин ва бозиҳояшро дар варзишгоҳе мегузаронад, ки нишастгоҳи мухлисонашро аз майдон роҳи оҳан ҷудо мекунад.  Вале садои гӯшхарош ва ҳаракати беисти қатораҳо наметавонад монеи бозигарону мухлисони онҳо гардад. Баръакс, маҳз бо ҳамин хусусияташ варзишгоҳи мазкур диққати бештари одамонро ба худ ҷалб намудааст.
Таҳияи
Г. МАВЛОНАЗАРОВА

 

ВАҚТ ЁБЕД!
- Барои кор кардан вақт ёбед. Он дари муваффақиятро боз мекунад.
- Барои фикр кардан вақт ёбед. Ин сарчашмаи неруст.
- Барои варзиш вақт ёбед. Сирри ҷавонӣ дар варзиш маҳфуз аст.
- Барои мутолиа вақт ёбед. Он асоси дониш аст.
- Барои дӯстӣ вақт ёбед. Он асоси хушбахтист.
- Барои муҳаббат вақт ёбед. Он туҳфаи беҳтарини зиндагист.
- Барои орзу кардан вақт ёбед. Он вақт метавонед, ҳатто ситораро ба даст оред. 
- Барои табассум вақт ёбед. Ханда барои рафъи мушкилиҳо кумак мерасонад.
- Барои ҳифзи саломатӣ вақт ёбед. Он ягона дороии ҳаёт аст.
- Барои нақша кашидан вақт ёбед. Танҳо дар ин сурат барои амалӣ намудани корҳои дар боло зикршуда имкон пайдо мекунед.
Пол Брегг
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА

 

 

КОРНАМОИҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
2. Вэнс Флосензиер

Ин ҳодиса соли 2001 дар иёлати Флорида рух дод. Ба Ҷесси Арбогасти ҳаштсола, ки бо амаки худ – Вэнс Флосензиер дар соҳили Пенсакол сайругашт мекард, наҳанги думетра ҳамла оварда, дасташро барканд. Вэнс Флосензиер бе тарсу ҳарос ба наҳанг дарафтода, дасти кандашудаи кӯдакро аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ раҳо менамояд. Хушбахтона, пас аз чанде ба ҷарроҳон муяссар шуд, ки дасти Ҷессиро дӯхта барқарор созанд.

Таҳияи Ш. ШОКИРОВ

 


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Муаммои навбатии рубрикаи «ИНТЕЛЛЕКТ» ҷамъбаст гардид. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон Ҳикматулло Тошев, сокини ноҳияи Бохтар, ғолиб дониста шуд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки Мафрӯза Ҷумъаева аз шаҳри Душанбе, Исматулло Ҳасанов аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сафаралӣ Саидалиев аз шаҳри Норак, Нозимҷон Одинаев аз ноҳияи Данғара,  Маҳмадшариф Асоев аз ноҳияи Файзобод, Маҳмадшариф Гулмуродов аз шаҳри Норак, Уғулой Файзуллоева  аз шаҳри Гулистон, Умедҷони Файзалӣ аз шаҳри  Душанбе ва  Бегмаҳмад Абдураҳмонов аз шаҳри Кӯлоб низ ҷавоби дуруст пешниҳод намуданд. Бартарии  Ҳикматулло Тошев ин аст, ки дар пешниҳоди ҷавобҳо аввалин буд.


Рақамҳои a, b, c, d муайян карда шаванд
Кадом ададҳоро дар ҷойи a, b, c, d гузоштан лозим аст, ки ҳосили он ба 4321 баробар шавад.

 a   b   c   d
      a   b   c
           a   b                                                                                           
                а
__________

4   3   2   1
 

Ҷавоби муамморо расм гирифта ба мо равон кунед
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 8-00 то 17-00 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА

 


ЯКУ ДУЮ СЕ…
ЧӢ ГУНА ПАЙДО ШУДАНД?

Дар замонҳои қадим ба одамон зарурат пеш омад, ки ашёи табиат ва дигар лавозимоти рӯзгорро бишуморанд. Барои ин ишораҳои шартии махсус лозим буд, ки таърихчаи худро доранд.
Аҷиб он аст, ки пайдоиши рақам низ ба узвҳои инсон рабт дорад. Аввал дуро бо ҷуфти чашму гӯш ишора мекарданд ва аз он зиёдро «бисёр» мегуфтанд. Рафта - рафта ҳисоби ангуштиро омӯхтанд, ки то даҳ идома меёфт. Кор ба дараҷае расид, ки ангуштони пойро ҳам истифода мебурданд ва мабодо шумораи зиёдтареро ифода карданӣ шаванд, одамони дигарро ба ёрӣ мехонданд.
Баъде, ки кам - кам навиштан расм шуд, бо расмчаҳои одам, ҳайвон ва меваю рустанӣ адади онҳоро муайян мекарданд. Барои он ки шумора аз вожа фарқ кунад, дар болои адад - расм хатча (-) мегузоштанд.
Ниҳоят 2500 сол қабл аз мелод дар Рими қадим рамзҳои махсусеро таҳия карданд, ки то имрӯз боқист. Масалан, I – як, V - панҷ,  X - даҳ, L - панҷоҳ ва ғайраҳо. Ин системаи шумораҳо мушкилоти зиёдро дар ҳисоб ба бор овард. Зеро рақамҳои то 100 ва аз он болоро бо чанд аломат бояд менавиштанд. Дар натиҷа, 1400 сол муқаддам дар нимҷазираи Ҳиндустон системаи нави ададҳо – 0,1,2,3,4,5,6,7,8,9 пайдо шуд ва дар Осиёи Миёна ҳам, паҳн гардид. Ва имрӯз ҳам, ҳамин система боқист ва мо ҳам аз он ба таври васеъ истифода мебарем.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

 


ҶЕФФ БЕЗОС
6 СОАТ ШАХСИ САРВАТМАНДИ ДУНЁ

Асосгузори интернет -  мағозаи «Amazon» Ҷефф Безос ба муддати 6 соат аз Билл Гейтс, асосгузори «Microsoft», пеш гузашта, дар рӯйхати сарватмандтарин ашхоси сайёра мақоми аввалро гирифт.
Тибқи иттилои маҷаллаи «Forbes» дороии Ҷефф Безос дар муддати як шабонарӯз ба андозаи 10 миллиард доллар зиёд гардид. Нишондоди ҳисоботи семоҳаи ширкати «Amazon» таҳлилгаронро ба ҳайрат овард. Саҳмияҳои ширкат ба андозаи 13 дарсад зиёд шуданд.
Агентии «Bloomberg» дороии ин тоҷири сарватмандро 93,8 миллиард, маҷаллаи «Forbes» бошад, 93,1 миллиард доллар баҳогузорӣ намуданд. Аммо, пас аз  6 соат, баъди анҷом ёфтани савдо, саҳмияҳои он якбора ба 3 дарсад коҳиш ёфта, Билл Гейтс аз нав мақоми аввалро соҳиб гашт.

Таҳияи Раҳматулло  КАРИМОВ

 


ҚИССАИ ЯК ДИЛИ КӮЧАК
Ин ҳодисаи нодир дар шаҳри Бауэлли Британия рӯй дод. Сабабашро духтурон дар эктопияи дил - иллати камназири модарзодӣ мебинанд, ки мушаки дил берун аз қафаси сина ҷой мегирад.
Ҳанӯз дар ҳафтаи нуҳуми ҳомиладории модари оянда духтурон ба вай аз ин хусус хабар дода, гуфта буданд, ки зинда мондани тифл дар гумон аст.  Дар 90 дарсади чунин ҳолатҳо навзод мурда тавлид мешавад,  ё пас аз чанд рӯз мефавтад. Бо вуҷуди пешгӯиҳои нохуш модар аз фикри таваллуди фарзанд нагашт.
Тифл зинда ба дунё омад, се маротиба ҷарроҳияш карданд. 50 духтур дар фикри наҷоти духтарчаи ғайриодӣ буд: ба вай қафаси синаи нав сохта,  дилро дарунаш гузоштанд. Духтурон бо хушнудӣ мегӯянд, ки бо чунин беморӣ  бори нахуст тифл зинда монд.
  Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 


10 КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
Ин тавр ҳам мешавад
Китобхонаи деҳаи Хуайҷоуи Чин тавонистааст, ки дар баробари китобхонаҳои муҳташами дунё шуҳрат  пайдо карда, ҳар бинандаро мафтун созад. Бинои китобхона бо қалъаи қадимаи чӯбин шабоҳат дошта, аз 45 ҳазор шохчаҳои дарахт ва шиша бунёд ёфтааст. Меъмори ин иншоот профессори Донишгоҳи Синхуа Ли Сияодун аст. Ӯ кӯшиш кардааст, ки як бинои наву замонавӣ ва ғайриодиро на танҳо барои дӯстдорони олами китоб, балки барои тамоми сайёҳони олам ҳадия намояд. Дар долонҳои дарози китобхона рафҳои китоб ҷой гирифта, фарши он бо бурёҳои хасин пӯшонда шудааст. Хонандагон ҳангоми дастрас кардани дилхоҳ китоб, метавонанд болои бурёҳо нишаста, ба мутолиа машғул шаванд.
Бинои боҳашамати китобхона бе барқ буда, дар он танҳо аз рӯшноии табиие, ки аз шифти шаффофи бино дохил мегардад, истифода мешавад. Аз ин сабаб, реҷаи кории китобхона то соати 16 - 30 муайян шудааст.

Таҳияи  Гулнисои САЪДОНШО

 


ДЕЙЛ КАРНЕГИ
(Идома аз шумораи гузашта)
16. Ҳамеша кӯшиш намоед, ки ҳамсуҳбататонро ба ҷавоби мусбат моил созед.
17.  Ҳамсуҳбати хуб бошед.
18.  Бо атрофиён дар бораи чизе суҳбат кунед, ки ба онҳо мароқовар бошад.
19.  Ақида ва хоҳиши дигаронро ба хубӣ қабул намоед.
20.  Пеш аз он, ки касеро танқид кунед, ба хатоҳои хеш иқрор шавед.
21.  Ба иззати нафси дигарон нарасед.
22. Атрофиёнатонро дастгирӣ ва рӯҳбаланд кунед.
23.  Ба корҳои беҳуда асабонӣ нашавед.
24.  Дар бораи гузашта фикр накунед.
25. Ҳаргиз накӯшед, ки аз душманонатон қасд бигиред.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА

 


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
7. Пули "Дарвозаи тиллоӣ"
Пули овезон аз болои гулӯгоҳи «Дарвозаи тиллоӣ» бунёд гашта, шимоли нимҷазираи Сан - Франсискоро бо қисмати ҷануби округи Марин мепайвандад. Он аз соли 1937 то соли 1964 калонтарин пули овезони дунё ҳисоб мешуд. Пул 1970 метр тӯл кашида, дарозии равоқи асосӣ - 1280, баландии пояҳояш аз сатҳи об 230 метр мебошад.
«Дарвозаи тиллоӣ» чун ҷои худкушҳо ном баровардааст. Ба ҳисоби миёна ҳар ду ҳафта аз он нафаре сарозер меравад. Дар муддати беш аз ҳафтод соли мавҷудияти пул, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бештар аз 1300 тан худро аз он ба об партофта, ғарқ шудааст.
Таҳияи
Ш. НАСРИДДИН

 

МАЙИ ГУРҶӢ таърихи 8000 сола дорад

Ба ин хотир, онро дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт намуданд. Бостоншиносон 50 километр дуртар аз Тифлис намунаи хуми аҷиберо ёфтанд. Таҳқиқи он ба чунин хулоса овард, ки дар Гурҷистон ҳанӯз 8 ҳазор сол қабл ба шаробпазӣ машғул будаанд.
Таҳияи Н. ШАМСИДДИН

 

 

ЧУБУҚИ СТАЛИН ва даҳ гумонбари Берия
Аз хотираҳои яке аз шахсиятҳои дар замони ҷанг бисёр маъруф А. Яковлев аст, ки нақл мекунад:
- Як вақт Сталин чубуқашро (трубкаашро) гум кард. Ниҳоят бесаранҷом ва дар изтироб буд. Ҳатто дар як ҷамъомади муҳим аз ин воқеа ёдовар шуда, бо таассуф арз кард: «Агар чубуқамро аз нав пайдо мекардам, аз баҳри бисёр чизҳо мегузаштам …». Берия, ки ин суханонро шунида буд, аллакай баъди се рӯз 10 гумонбарро дастгир карда, назди Сталин овард. Аҷибаш ин, ки ҳамаи даҳ нафар иқрор мешуданд, ки маҳз онҳо чубуқи Сталинро аз паҳлуи рахти хобаш дуздидаанд.

Аз русӣ тарҷумаи
М. ОДИНАЕВА

 


ТАЗАРВ
Тазарв бо он ки воқеан парандаи нодир аст, бо зебоии афсонавиаш низ аз парандагони дигар фарқ мекунад. Шояд бисёриҳо надонанд, вале аз 32 намуди тазарвҳо, ки дар дунё маъмуланд, се зернамуди он дар Тоҷикистон ҳам ба сар мебаранд. Кишвари мо бо табиати зебову олами набототу ҳайвоноти ғаниаш  барои  сукунат ва афзоиши ин намуди тазарвҳо шароити  хуби табиӣ дорад. Тазарвҳое, ки дар табиати мо дида мешаванд, бо номҳои сиёҳтобу тиллоранг ё тоҷикӣ, зарафшонӣ ва сирдарёӣ маъмуланд. Онҳо туғайзори назди дарёҳо, боғу токзори фарох ва миёни буттаву дарахтзорҳоро барои сукунат интихоб намудаанд. Вазни тазарвҳо то яку ним килограмм буда, онҳо миёни парандагони дигар бо шакл ва ранги назаррабои худ фарқ карда, бештар аз олами наботот ғизо мегиранд.
 Дар гузашта саршумори тазарв зиёд ва маҳали сукунаташ хеле фарох буд. Ҳудуди паҳншавии он дар баландии бештар аз 1000 метр аз сатҳи баҳр ба назар мерасад. Ҳоло тазарвҳо шумори чандон калон надошта, хеле нодир маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, танҳо муносибати дилсӯзона ва эҳтиёткорона метавонад онҳоро чун зебоибахши табиати биҳиштосои мо ҳифз намояд, ки рисолати ҳар фарди ватандӯст аст.
Х. МАВЛОНАЗАРОВА,
корманди илмии Осорхонаи
миллии Тоҷикистон

 


ДАРАХТ ҲАМ ГАП МЕЗАНАД?
Аз хусуси он, ки барги дарахтҳо мояи ҳаёти инсон – оксиген истеҳсол мекунанд, шумо аз нахустин дарси табиатшиносӣ фаҳмида будед. Аммо агар ба пиндоратон дарахтҳои азиму босалобат солҳои тӯлонӣ дар ҳолати оромиву сукут қарор дошта, танҳо оксиген мебароранд, сахт иштибоҳ мекунед.

Дар асл дарахтҳо рӯзгори пурҷӯшу хурӯши пурасрор доранд, ки ба чашми мову шумо аён нест. Чун мушт аз хирвор як мисол. Дарахтҳо байни худ муошират мекунанд, вале на чун инсонҳо бо калимаю ибораю овозҳо, балки тавассути бӯйҳо. «Онҳо барои ба ҳамдигар расондани ягон хабар аз бӯйҳои гуногун истифода мебаранд», - мегӯяд табиатшиноси машҳури фаронсавӣ Фрэнсис Галле, ки ним аср инҷониб бо омӯзиши дарахтҳо машғул аст. Ба фикри Галле, онҳо на танҳо бо якдигар дар иртиботи доимиянд, балки ба ҳайвоноти алафхӯр ва ҳашаротҳо низ хабар мефиристанд. Вақте махлуқе ба дарахтҳо ҳамла овард, онҳо бонги хатар мезананд: ферментҳои муаттар хориҷ мекунанд, ки боиси вокуниши фаврии дарахтҳои гирду атроф мегардад. Барги онҳо заҳрдору бемаза мешавад ва алафхӯрҳо аз назди ин гуна дарахтҳо фирор мекунанд, аз ҷумла, филҳои африқоӣ.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

 

ЧАПЛИН "ЗИНДАГӢ" - И БАЪД АЗ МАРГ
Албатта, бисёре аз ҳаводорони нобиғаи синамо Чарли Чаплинро медонанд, ки ӯ  25 декабри соли 1977 дар 88 – солагӣ дар Швейтсария аз олам чашм пӯшидааст. Вале барои аксарият шояд ошкор набошад, ки  шуҳрати ҷаҳонии Чаплин пайомади манфӣ ҳам дошт. Гап сари ин аст, ки соли 1978 тобут бо ҷасади Чаплинро ҷинояткорон аз қабристон дуздида, 600 ҳазор франки швейтсарӣ талаб намуданд. Политсия ҷинояткоронро дастгир кард ва ҳунарманд 17 майи ҳамон сол аз нав дафн шуд. Барои пешгирӣ аз такрори ҳодисаи нохуш қабрро на бо хок, балки бо семент пур карданд.
16 апрели соли 1981, дар 92 – юмин солрӯзи таваллуд дар Лондон дар қарибии муҷассамаи Шекспир ҳайкали Чаплин низ гузошта шуд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

 


РУСТАНИҲОИ АҶИБИ ДУНЁ
Боғҳои ботаникӣ ва боғҳои миллии кишварҳои гуногун дар байни сайёҳон он қадар шуҳрат надоранд,  аммо дар онҳо бисёр рустаниҳои ғайриодиеро вохӯрдан мумкин аст, ки дорои таърихи аҷибанд.

Генерал Шерман
Секвойяи  азими 84 -  метра, ки  дар Боғи миллии Калифорния  рӯидааст ва ба шарафи генерали боистеъдоди ҷанги шаҳрвандии ИМА  Шерман  соҳиби ин  ном  гардидааст.  Қутри  қисми поёнии  он 11 метр мебошад. Дар маҷмӯъ яку ним ҳазор  метри мукааб чӯбро ташкил медиҳад. Олимон  бар ин ақидаанд, ки  дарахт 2300 – 2700 - сола аст.

Араукарияи чилигӣ
Дарахти  ҳамешасабз буда, шохаҳои дарозаш чунон хори бисёр доранд, ки  ҳатто парандаҳо дар онҳо намешинанд. Баъзе  навъҳои  он то  60 метр дарозӣ дошта, қутрашон 2 метр аст. Ҳазор сол  умр мебинанд. Ҷалғӯзаҳои калонашон  2 - 3 килограмм  вазн доранд. Ин навъи дарахт хеле  барвақт  аз  Амрикои  Ҷанубӣ  ба Аврупои  Ғарбӣ оварда шудааст. Дар боғҳои ботаникии  Қрим ва Қафқоз низ  онро вохӯрдан мумкин аст.
(Идома дорад)
Таҳияи  Фарзона  ФАЙЗАЛӢ

 

 

РОБЕРТ ВАДЛОВ

қадбаландтарин одами ҷаҳон
Роберт Вадлов, ки  солҳои 1918 – 1940 дар ИМА зиндагӣ кардааст, дар ҷаҳон аз ҳама одами қадбаланд ба шумор меравад. Қади ӯ 272 сантиметрро ташкил медод.
Дар ҷойи дувум Ҷон Роган меистад, ки қадаш 267 сантиметр буда, ӯ низ дар Амрико (1868 - 1905) зиндагӣ кардааст. Фарқи Роберт аз Ҷон дар он буд, ки яке сафедпӯсту дигаре африқоинажод.
Айни замон, одами қадбаландтарини дунё дар Туркия зиндагӣ мекунад. Қади шаҳрванди ин кишвар Султон Кесен ба 251 сантиметр баробар аст.
Дар Тоҷикистон бошад, одами аз ҳама баланд Меҳроҷиддин Каримов мебошад. Ӯ сокини ноҳияи Данғара буда, қадаш 220 сантиметр ва вазнаш 120 килограммро ташкил медиҳад.

Таҳияи 
Сарвиноз ШОДМОНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2017    №: 154    Мутолиа карданд: 519

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед