Хабарҳо
ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ
Тайи соли равон дар ноҳияи Ванҷ корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон як қатор иншоотро мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор дод.
Тибқи иттилои менеҷери ташкилоти мазкур Саидбек Қосимов, дар ин рӯзҳои арафаи Соли нави милодии 2018 аз ҷониби шабакаҳои Хазинаи Оғохон марказҳои саломатии деҳаҳои Роғ, Техарву Ғӯмаст аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сохтмони маркази тибби оилавии рустои Дуршер ба анҷом расид. Ҳамчунин, бунёди марказҳои тибби оилавии деҳаҳои Рав ва Удоб дар арафаи анҷомёбист.
Ба гуфтаи Саидбек Қосимов барои таъмир, азнавсозӣ, сохтмон ва бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гардондани ин муассисаҳои аз ҷониби шарикони хориҷии рушд бештар аз 1 миллион сомонӣ сарф гардид. Акнун, сокинони деҳоти водии Ванҷи Боло ва рустои Роғи Ҷамоати деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев имкон доранд, ки аз кумаки аввалияи тиббӣ дар маҳалҳои зисташон бархӯрдор шаванд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 199