logo

иқтисод

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. ТАДБИРҲОИ СУДМАНД РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД

Иззатулло САТТОРӢ,
вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Вазорати кишоварзии кишвар дар зарфи 11 моҳ сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастуру супоришҳои дар Паём (22 декабри соли 2016) ибрознамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати рушди соҳа, азхудсозии заминҳои нав, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан, инчунин, зиёд кардани майдони боғу токзор нақшаю тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.
Соли 2017, ки ба соли дастовардҳои назарраси кишоварзони ҷумҳурӣ табдил ёфт,  бештар аз тухмиҳои истеҳсоли ватанӣ, чорвои ба шароитҳои маҳалҳо мутобиқшуда истифода бурда, назорати рафти корҳои таъмиру омодасозии техникаҳо ба кишти барвақтӣ, ҳосилғундорӣ ва такрорӣ пурзӯр карда, ба хоҷагидорон ёрии амалӣ расонда  шуд.
Пахтапарварӣ мисли солҳои қаблӣ яке аз манбаи асосии баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содирот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, кишти ин зироати асосӣ дар 173979 гектар анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли пешин 11421 гектар зиёд аст.
Соли ҷорӣ пахтакорон то 24 ноябр 394 ҳазору 171 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд, ки баробари 111,6 дарсади иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121 ҳазору 158 тонна зиёд мебошад. Боиси хурсандист, ки дар 26 соли соҳибистиқлолӣ аввалин маротиба иҷрои дурнамои пахта бомуваффақият ва барзиёд таъмин гашт.
Дар дигар соҳаҳо низ дастовардҳо назаррасанд. Чунончи, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладона ба 1 миллиону 364 ҳазору 614 тонна расонда шуд. Истеҳсоли сабзавот 1815245 тонна, картошка 769021, меваҷот 391328, ангур 220746 ва зироатҳои полизӣ 619093 тоннаро ташкил додааст, ки  қисми зиёди он барои қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ, таъмини корхонаҳои коркард ва содирот равона гардид.
Баҳри амалисозии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» дар талу теппаҳо 4261 гектар боғу токзори нав бунёд шуд. Барқарорсозии боғу токзори мавҷуда низ муташаккилона идома дорад. Самараи ҷаҳди зиёди боғу токпарварон аст, ки маҳсули заҳмати онҳо дастархони аҳолии кишварро пур карда, ба хориҷа низ содир шудааст.
Ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа шуда буд, тадбирҳо оид ба кам кардани талафот ва нигоҳдории меваю сабзавот ва бо нархҳои дастрас таъмин намудани бозорҳои дохилӣ чораҳои дахлдор роҳандозӣ гардид.
Аз ҷумла, новобаста ба вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳо, бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ 212 сардхонаю анбори ғунҷоишашон 273139 тонна ва бо технологияи муосир ҷиҳозонда, бо иқтидори 35519 тонна мавриди истифода қарор дода шудааст.
Аз рӯйи ҳидоят ва дастурҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар муҳлатҳои хуб анҷом додани киштукор, ҳосилғундорӣ ва кишти такрории зироатҳо парки трактории хоҷагиҳо ба 26326 адад расонда шуд. Имсол маблағҳои аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҷудогардида, бештар барои хариди техника ва мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла комбайнҳои ғаллаю шолидарав, тракторҳои чархдор ва шудгоркунанда, тракторҳои хурди махсус барои кор дар байни боғу токзорҳо, шинондан ва ҷамъоварии пиёз, картошка, шолӣ ва ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ равона  шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи муҳими ташаккули кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ гардида, яке аз ҳадафи асосии Ҳукумат дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳалли худро пайдо намудааст.
Яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ чорводорист, ки аҳолиро бо маҳсулоти асосии озуқа: гӯшт, шир, тухм, асал, моҳӣ ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2 миллиону 316 ҳазор сар чорвои калон, 5 миллиону 580 ҳазор сар гӯсфанду буз, 80286  сар асп ва 5 миллиону 299 ҳазор  сар паранда мавҷуд аст. Дар соли равон чорводорони кишвар 195356  тонна гӯшт, 799899 тонна шир, 1375 тонна моҳӣ, 6911 тонна пашм, 4000 тонна асал ва 303 миллиону 655 ҳазор дона тухм истеҳсол намуданд, ки афзоиши маҳсулот аз 3 то 6,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Баҳри иҷрои Барномаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017», “Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ва «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ҷиҳати самаранок татбиқ намудан чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар ҷумҳурӣ ба соҳаи зотпарварӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳоло 71 хоҷагӣ дар ин самт фаъолият дорад, ки вазифаи онҳо таъмини хоҷагиҳои  ҷамъиятию деҳқонӣ бо ҷавонаҳо, асп, чӯҷаи зотӣ, моҳича, кирминамоҳича ва оилаҳои хурди занбӯри асал  мебошад.
Дар соли 2017 Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ барои беҳтар намудани корҳои зотпарварӣ, самаранок истифода бурдани чорвои зотӣ, нигоҳ доштан ва такмил додани фондҳои ирсии намуд ва зотҳои чорво корҳои зиёдро ба иҷро расондааст. Дар  15 хоҷагии зотпарварӣ омӯзиш ва таҳлили ҳолати чорводорӣ ва корҳои зотпарварӣ гузаронда шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳа ва олимони Институти чорводории АИКТ, барои ба тасдиқи давлатӣ омода намудани ҷинси (типи) тоҷикии говҳои зоти сергӯшт, ҳамзамон барои ба  тасдиқи давлатӣ пешниҳод  намудани ҷинси зарафшонии қутосҳо, азназаргузаронӣ, бақайдгирӣ ва баҳодиҳии саршумор заминаи мусоид  фароҳам оварда  шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 396

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед