logo

фарҳанг

БАЛХВОН АСТ БАЛҶУВОН!

Бидуни шак, дар бораи Балҷувон ҳамчун ноҳия дар Тоҷикистони азиз аксари мардум огаҳӣ дорад, вале насли худогоҳу бедордили тоҷик, ҳамчунин, аз таъриху фарҳанг ва шахсиятҳои баору нанги ин минтақаи ёдгор аз ниёгони соҳибдиёр воқиф аст.

Хоҳишмандон маълумоти заруриро оид ба ноҳияи Балҷувон, бо истифода аз технологияи муосир, аз сомонаи интернетии Википедия пайдо карда метавонанд. Онҷо дар бораи таъсисёбии Балҷувон – яке аз ноҳияҳои аввалин дар байни ноҳияҳои Хатлонзамин (23 - юми ноябри соли 1930), барҳамхӯрии он (15 - уми ноябри соли 1954) дар замони шӯравӣ ва дубора таъсис ёфтанаш дар даврони истиқлолият (2 - юми феврали соли 1996) зикр шудааст. Ҳамчунин, дар хусуси он, ки ин сарзамин дар гузашта дар ҳудуди Бохтар (ё Балх, аз номи маркази он – шаҳри Балх) ҷойгир буд, қайд гаштааст. Омӯзиши маълумотҳо оид ба ҳудуди Бохтар, ки дар ду соҳили (чапу рост) рӯди Омӯ (Амӯдарё) қарор дошт, иловатан собит месозад, ки ҳудуди шимолии (соҳили рост) Бохтар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон бо фарогирии шаҳри Душанбе, ҳамчунин, минтақаҳои ҷанубии Ӯзбекистонро дар бар мегирифт. Яъне, дар гузашта, дар ҳудуди Балх будани сарзамини Балҷувон мусаллам асту мавриди баҳс буда наметавонад. 
Дар ҳамин сарчашмаи интернетӣ иттилоот оид ба этимологияи номи Балҷувон низ мавҷуд аст, ки бар ривоятҳои халқӣ ва андешаи бархе аз муҳаққиқин ва донишмандони кишвар асос ёфтааст. Аз ҷумла, дар хусуси ташаккул ёфтани калимаи «Балҷувон» аз ду вожа: «Бале» ва «Ҷавон» (ба қавли мардуми таҳҷоӣ ва куҳансолон) ва дар бораи ақидаи муҳаққиқон перомуни вожаи «Балхиён», ки «Балҷувон» гӯё шакли вайроншудаи он бошад, андешаҳо ҷой доранд.
Ҳадафи инҷониб ҳам аз навиштани матлаби мазкур муайян намудани этимология ё пайдоиши вожаи «Балҷувон» аст, ки шояд бо ибрози андешаҳо ва таҳқиқу пажӯҳиши муҳаққиқон ва муаррихону донишмандон рӯзе имкони васл ба асл даст медиҳад. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ: «Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад». Аз ин рӯ, хулосаи андешаҳоямро перомуни ин масъала, ки ба ду мабдаъ асос ёфтаанд, мехоҳам пешниҳод намоям:
1. Мардуми таҳҷоӣ дар ноҳияи Балҷувон ва гирду атрофи он ва қисман дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон медонанд, ки як қисми мардуми ин минтақа, алалхусус Ҷамоати Сари Хосорро бо лақаби «сарҳадӣ» унвон (ном) мебаранд. Эҳтимол касе гумон кунад, ки ин чӣ аҳамият дорад. Аҳамияти ин дар он аст, ки мардуми сарҳадӣ посбон ё нигаҳбони сарҳади мулке мебошад. Сарчашмаҳо аз мавҷудияти қалъаҳои зиёд дар Балҷувон, аз қабили Қалъаи Тӯпхона (асрҳои 1-6 то милод), Қалъаи Чорбоғ (асрҳои миёна), Қалъаи Турк (асрҳои 12 - 13), Қалъаи Мир (асрҳои 16 - 19), Қалъаи Дектур (асрҳои 18 - 19) ва ғайра дарак медиҳанд. Қалъаи Тӯпхона бояд мавриди таваҷҷуҳи хос бошад, зеро мавҷудияти қалъа ё хонаи махсус барои тӯпҳо – олоти ҷангӣ дар ин минтақа нишонаи дар сарҳад будани он ва сарҳадӣ, яъне посбону нигаҳбони мулки Балх будани мардумаш метавонад, бошад. Аз ин нуқтаи назар, имкон дорад, ки ин сарзаминро бо мардумаш «Балхбон» ном мебурданд.
2. Вожаҳои Балҷувон ва Балҷвон бо хати арабиасоси тоҷикӣ  як тарзи навишт доранд. Агар дар ин калимаи бо хати ниёгон навишташуда танҳо нуқтаи ҳарфи ҷ (ҷим) – ро аз пойин ба боло баред, бо тағйир ёфтани ҳарфи ҷ (ҷим) ба х (хе) калимаи дигар – Балхвон ҳосил мешавад.
Ба гумони ғолиб, вожаи «Балҷвон» шакли вайроншудаи «Балхвон» буда, он дар навбати худ  шакли лаҳҷавии «Балхбон» аст. Ба ҳамин тартиб Балхбон Балхвон талаффуз шуда, дар навишти ниёгон Балҷвон ва ҳини баргардондан ба хати кириллӣ Балҷувон гаштааст.
Бо назардошти матлаби мазкур банда вожаи «Балҷувон»-ро ба «Балхвон» мансуб дониста, ин сарзамину мардуми меҳанпарасташро ҳанӯз ҳам нигаҳбони Балх – Ватани аҷдодии тоҷикон ва Ватани ҳозираи эшон – Тоҷикистон меҳисобам.
Умедворам, ки дар оянда атрофи ин матлаб андешаҳову пешниҳодҳои рӯшане баён ва гомҳои бардоштанӣ аён хоҳанд гашт.
Абдумумин МУРОДИЁН,
сардори раёсати марҳилаи
назоратии Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2017    №: 256    Мутолиа карданд: 1436

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед