logo

фарҳанг

ҶАШНҲО БОЯД НАМОД ДОШТА БОШАНД

Таҳқиқот дар боби гоҳномаи ориёиҳо нишон медиҳад, ки дар қадим ду ҷашни муътабар буд:  Наврӯз, ки дар аввали моҳи тобистон ид мешуду сари сол аз тобистон  оғоз мегирифт ва ҷашни Меҳргон, ки дар оғози зимистон, дар даймоҳ. Ориёиҳои қадим ду фасли солро мешинохтанд – тобистонро бо номи Ҳама ва зимистонро бо номи Зана.
Баъдҳо, вақте кишоварзӣ пайдо шуд,  солро ба чор бахш тақсим намуда, Ҷашни Наврӯзро ба саршавии баҳор, Тиргонро ба аввали тобис-тон,  Меҳргонро ба аввали тирамоҳ  ва Садаро ба аввали зимистон овардаанд.  Бинобар ин, агар Наврӯз ҷашни оғози кишту кор бошад, пас Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосили рӯёндааст.
Меҳргон 16 - уми Меҳрмоҳ  бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешуд ва  то 21 - ум Ромрӯз, яъне аз 21 сентябр то 21 октябр давом мекард.

Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзо, эй нигори Меҳрчеҳрай Меҳргон.
(Масъуд Саъди Салмон)

Дар ин  рӯз либоси фохири арғувонӣ мепӯшиданд ва шоҳон тоҷи мудаввари мушаъшаъ ба сар мегузоштанд, зеро Митра Худованди фурӯғ ва рӯшноӣ мебошад ва тоҷи мудаввари мушаъшаъ (шуълаафган) дорад.
Дар ин рӯз, ба  гуфтаи Страбон, галлаҳои аспони ориёӣ ба шоҳон ва бузургон тақдим мешуданд. Дар ин рӯз ҳамаи андозҳои давлатиро  ҷамъ менамуданд ва месупурданд. Шоҳ ба мардумони шоиста зару зевар медод. Туҳфаҳо қимат, нигинҳо тиллоӣ ё ашёҳо бо санги забарҷад буд. Санги забарҷадро Худованд гӯё дар ин рӯз офаридааст барои зиннати Меҳргон.
Зардушт фармудааст, ки тамоми рӯзҳои Меҳргон бузурганд, аз ин рӯ, шоҳони ориёӣ тамоми 30 рӯзи моҳро ид менамуданд. Ҳар панҷ рӯзро бар табақаҳои иҷтимоӣ тақсим мекарданд: панҷ рӯз ба шоҳзодагон, панҷ рӯз ба мӯбадон, панҷ рӯз ба барзгарон, панҷ рӯз ба бозаргонон, панҷ рӯз ба размиён, панҷ рӯз ба бузургон.
Азбаски фариштаи Меҳр ҳомии сулҳу салоҳ ва ваҳдат аст, дар ин моҳ шартномаҳои гуногун ба имзо мерасиданд. Дар ин моҳ дари маъбадҳои Меҳр пур аз арӯсу домод буд. Яъне дар маъбади Меҳр арӯс ва домод бо якдигар қасами садоқат, муҳаббат ва вафодориву оиладориро болои коғаз меоварданд ва мӯбад дар он муҳр мезад ва як нусхаӣ ба ҳар ду медоданд. Чунин шартнома дар байни ҳуҷҷатҳои аз кӯшки Абаргар (Муғ), бойгонии Деваштич мавҷуд аст ва дар он вазифаи занушавҳарӣ муфассал нақл мешавад. Хуб мебуд, ин суннат эҳё бишавад. Дар ақднома ҷаримаҳои гарон ба  аҳдшиканон сабт мешуд, аз ин рӯ, ҷудоишавӣ набуд.
Дигар суннати Меҳргон ҷамъбаст намудани дастовардҳои сол буд. Яъне як навъ ҳисоботи солона маҳсуб мешуд.
Барои ороиши дастархони Меҳргон ранги сурх, арғувониро авло донистаанд.  Хуб мебуд, ки либоси иди Меҳргон арғувонӣ, бо кулоҳи арғувонӣ бошад.  Ранги сурх хусусияти ин ҷашн мебошад ва бояд ба инобат гирифта шавад.
Дар ин ид ҳамаи мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешуданд ва дар ин хушиҳо ҳама иштироки фаъол доштанд. Беҳтар мебуд, агар дар ин хушиҳо мардум бештар дар майдон бошанд, на дар нишастгоҳҳо.
Аз рӯи таҳқиқоти таърихи ҷашнҳо маълум мегардад, ки дар ибтидо  онҳо тақвимӣ буданд, бо    гардиши Офтоб ва таъғирёбии фаслҳои сол  таъсис дода шудаанд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷашнҳо мувофиқи даромади фаслҳо баргузор шаванд.
Ҷашнҳо бояд намоди худро дошта бошанд, бинобар ин, намод таҷассуми хислатҳои табиати он ҷашнро ифода намояд. Азбаски Наврӯз рамзи равшанӣ, қувват гирифтани Офтоб мебошад, намоди он бояд “Офтоби нурпош” бошад. Дар оини Меҳргон ранги арғувонӣ сутуда мешавад, аз ин лиҳоз, “Тоҷи арғувонии шуоафган” мувофиқ аст.
Хулоса, ҷашнҳо мувофиқ ба талаботи замон бояд гузаронда шаванд. Дар бисёр ҷашнҳо мо мебинем, ки пиразанҳо пахтаро бо чӯб мезананд, чархаву дӯкресиро нишон медиҳанд. Кӯзаву мукиҳои куҳнаро ба намоиш мегузоранд. Ба ин анъанаҳо хотима бояд дод. Мо бояд дастовардҳои нави  замони худро ба намоиш гузорем.
Юсуфшоҳи  ЯЪҚУБШОҲ,
доктори илми таърих, бостоншинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2017    №: 256    Мутолиа карданд: 343

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед