logo

иқтисод

БУҲРОНИ МОЛИЯВӢ. ҲАРЧАНД АЗ ОН БО ТАЛАФОТИ КАМТАР ВОРАСТЕМ...

Дар Душанбе бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия» - и назди Донишкадаи молия ва иқтисоди Вазорати молияи кишвар бо ширкати олимону коршиносони ватанию хориҷӣ, намояндагони сохторҳои марбута ва созмонҳои ғайридавлатӣ конфронси илмию амалии «Таъсири буҳрони молиявӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашт.
Бо вуҷуди он, ки кишвари мо назар ба дигар давлатҳо буҳрони шадиди молиявии солҳои 2008 - 2009 - ро бо талафоти камтар паси сар кард, зарараш гарон буд. Аз ҷумла, суръати  рушди иқтисод аз 8 дарсади солона то 3,5 дарсад фуромад. Бешак, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳарчи кундтар кардани таъсири буҳрон тадбирҳои имконпазири зиддибуҳронӣ роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа суръати пешинаи рушди иқтисоди миллӣ барқарор карда шуд.   
Аз миён қариб даҳ сол гузашта бошад ҳам, таъсири номатлуби буҳрони молиявӣ, ки иқтисоди ҷаҳониро ларзонда буд, то ҳол пурра бартараф нагардидааст. Яке аз аломатҳои асосии он бадшавии дастрасӣ ба маблағдиҳии берунӣ бинобар боқимонии ноустувории бозорҳои берунии молиявӣ, эҳтимолияти зиёди мавҷи нави буҳрони молиявии ҷаҳонӣ мебошад. Ин пеш аз ҳама, дар ретсессия ва сустшавии суръати афзоиши ММД - и ҷаҳонӣ, жарфшавии “буҳрони қарзӣ” ва мушкилоти буҷетӣ ифода меёбад, ки иқтисоду молияи ҳатто кишварҳои пешрафтаро фаро гирифтааст.
Дар чунин ҳолат зарурати ташаккули механизмҳои комилан дигари иқтисодӣ ба миён меояд, то ки буҳронҳои эҳтимолӣ ғафлатгир накунанд. Яке аз чунин воситаҳои муассир таҳияи барномаи тадбирҳои зиддибуҳронист. Аммо таҳияи тадбирҳои зиддибуҳронӣ бидуни коркарди пешбиниҳои ҷорӣ, миёнамуҳлат ва дарозмуддат имкон надорад. Яъне, пешбинӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бояд дар заминаи маълумоти объективӣ ва муътамад сурат гирад.
Зимни мубодилаи афкору мулоҳиза ва пешниҳодоти судманд, ки қисман дар боло зикр шуданд, Петер Довчиак, коршиноси лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳот дар соҳаи Идораи молияи давлатӣ, М. Кошонова, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Молия”, Ф. Мирзоаҳмадов, профессори кафедраи Донишкадаи молия ва иқтисод, М. Холматов, мудири бахши Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон таъкид доштанд, ки нақши илм барои рушди устувори иқтисоди миллӣ беш аз пеш аҳамият касб мекунад.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2017    №: 256    Мутолиа карданд: 364

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед