logo

сиёсат

ГУЗОРИШ АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ВА ИФТИТОҲИ ИНШООТИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе - 2017 бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар ин намоишгоҳи бузурги саноатӣ намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ асосан молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, мошинолоти гуногун, маҳсулоти хӯрокворӣ, чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, алюминий, маҳсулоти пластмасӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, намунаи ҳунари дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, ки дар 11 моҳи соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 миллиарду 845 миллион сомониро ташкил дод ва ин нишондод нисбат ба соли 2016 2 миллиарду 755 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва, умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.
Дар ҳамин замина, аз соли 2015 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошад.
Дар ин давра истеҳсоли беш аз 70 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид.
Масъулони соҳа ин ҳама пешравиҳоро дар истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминий, маъданҳои кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки ҳадафи Ҳукумати ҷумҳурӣ пеш аз ҳама саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Анҷоми ин кор имкон медиҳад, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содир карда шавад.
Давоми соли равон дар соҳаи саноати сабук ва пилла 4 корхона, дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 7 корхона, дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 7 корхона, дар соҳаи саноати ангишт 2 корхона ва дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 3 корхона техника ва технологияи нав ворид кардаанд.
Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар 11 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 163 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 2 ҳазору 803 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо итминон зикр шуд, ки тайи солҳои охир дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ низ, дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Делели возеҳи ин гуфтаҳо соли равон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани калонтарин корхонаи металлургӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз маҳсулоти маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои Аврупо содир мешавад.
Тайи солҳои охир Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи семент табдил ёфт. Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент”, “Моҳир семент” - и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд назаррас мебошад. Соли равон истеҳсоли семент 2,8 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 236,2 миллион дона, гаҷкартон 1326,4 ҳазор дона, гаҷ 39,7 ҳазор тонна, шифер 288,9 ҳазор донаро ташкил дод.
Дар ин давра қариб 945 ҳазор тонна семент ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон содирот шудааст.
Инчунин, аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал” - и ноҳияи Ёвон наздики 47 ҳазор дона гаҷкартон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки соли оянда истеҳсоли семент ба се миллион тонна расонда шавад, зеро дар бозори дохилӣ ва кишварҳои минтақа талабот ба ин намуди масолеҳи сохтмонӣ бештар аст.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки соли равон маҳсулоти нави саноатии ивазкунандаи воридот, ба монанди халта, ротбанд, фториди алюминий, кислотаи сулфат, криолит, каогулянт ва хишти сабук истеҳсол карда шуд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди минбаъдаи соҳаи саноат барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва дар ин замина барои ғанӣ гардондани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.
Дар ин намоишгоҳ, ҳамчунин, 60 намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ки имрӯз баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ корхонаву коргоҳҳои худро таъсис додаанд, ба таври шоиста муаррифӣ гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ моҳҳои январ – ноябри соли 2017 корхонаҳои соҳаи саноати сабук ба маблағи 949,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 378,6 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 166,3 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои соҳа 15713,1 тонна риштаи пахтагин, 2684,3 ҳазор метри мураббаъ матои пахтагин, ба маблағи 183,5 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 894 ҳазору 715 маҷмӯи либоси ягонаи мактабӣ, 1045,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, ба маблағи 23,4 миллион сомонӣ мебел, 2410,2 ҳазор метри мураббаъ қолин ва 747 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шуд.
Танҳо давоми 11 моҳи соли равон дар соҳаи саноати сабук 41 корхонаю коргоҳ ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо 1766 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси ягонаи мактабӣ ва мутобиқ кардани он ба стандартҳои байналмилалӣ масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд.
Коркарди пурраи ашёи хом – нахи пахта дар дохили кишвар, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин, тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори саноати сабук ба ҳисоб меравад. Айни ҳол, корхонаҳои «Неку Хуҷанд», «Ҷавонӣ», «Сатн», «Нассоҷи Хуҷанд», «Бофандаи Норак», «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик» коркарди пурраи нахи пахтаро то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондаанд ва ин тадбир имконият медиҳад, ки дар оянда матоъ барои дӯхти сарулибоси мактабӣ дар дохили мамлакат бо сифати баланд ба роҳ монда шавад.
Айни ҳол, дар соҳаи саноати сабук «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020» ва «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» мавриди иҷрост.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ гуфта шуд, ки дар ин давра 42 корхонаю коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ бо таъсиси 544 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири коркард ва бандубасти меваи хушки “Баракати Исфара” бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ, инчунин, корхонаи истеҳсоли консерваи меваю сабзавот ва хизматрасонии ҶДММ “Хушрӯз” - и шаҳри Ваҳдат бо сарфи 1,8 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти соҳа мусоидат намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дастур доданд, ки вақти истеҳсоли маҳсулот, пеш аз ҳама, ба сифати он диққати асосӣ диҳанд ва манфиати шахсии худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд. Бо анҷоми ин амал, онҳо метавонанд, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат таъсиси корхонаҳои муштаракро бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири баҳрабардорӣ аз неъматҳои фаровони моддии табиати Тоҷикистон зарур шумурданд.
Ба гуфтаи масъулон имрӯзҳо меваи хушки Тоҷикистон, ки дар дохили кишвар мавриди коркард қарор мегирад, ба 10 мамлакати пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Аврупо, Федератсияи Русия ва Қазоқистон, содирот мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони корхонаҳои азими тавлидотӣ изҳор доштанд, ки истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади Буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.


Имрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кӯдакистони рақами 68 - ро барои 160 кӯдак ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави кӯдакистон 2 - ошёна буда, аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он 6 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 6 ҳуҷраи хоб, 1 утоқи ёрирасон, толори мусиқӣ, ошхона ва дигар иншооти асосиву ёрирасон ҷойгир шудааст. Фармоишгари асосии сохтмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, арзиши умумии иншоот наздики 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Саимо" тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Кадучӣ" анҷом додаанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 25 декабри соли 2016 оғоз гардида буд. Барои таъмини пурраи кӯдакистон бо барқ дар тамоми фаслҳои сол 2 адад трансформатори 400 - киловатта насб шудааст.
Соли ҷорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт як қатор мактабу кӯдакистонҳои нав бунёд ва қисми зиёди муассисаҳои таълимиву тарбиявиро азнавсозӣ карданд. Кӯдакистони рақами 68 низ яке аз чунин марказҳои калони таълимию тарбиявии кӯдакони пойтахт мебошад, ки ба  шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳри фарзандони меҳнаткашон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.


Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзиш бо 150 ҷойи нишастро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Фармоишгари бунёди иншооти мазкур Муассисаи давлатии раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро дар давоми 11 моҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТИСМ” ба анҷом расондааст. Дар давраи сохтмон 120 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Иттилоъ дода шуд, ки маблағи корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ аз шароити мактаби мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро дар арафаи Соли нав туҳфаи арзанда ба омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ намуданд.
Омӯзгорону хонандагони мактаб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бобати фароҳам овардани чунин шароити муосиру замонавии таълим изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Ҳангоми суҳбати озоду ошкоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиде, ки давлату Ҳукумат ба онҳо фароҳам овардааст, сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам беҳтар намоянд.
Тавре маълум гардид, қаблан хонандагони ин даргоҳи илму маърифат ба толори варзиш ва ошхонаву маҷлисгоҳ ниёз доштанд. Акнун, ба шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагони пойтахт шароити муосири таълиму ҳунаромӯзӣ ва тарбияи бадан муҳайё гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти сохтмони иншооти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Хабар дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо дар соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо синфхонаҳои муосири фаннӣ, ҳунаромӯзӣ ва ошхонаву майдону толорҳои варзишӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ то соли 2019 бештар аз 21 ҳазор ҷойи нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2017    №: 256    Мутолиа карданд: 383

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед