logo

иҷтимоиёт

АЗ НЕК БОҒ МОНАД

Нодирхони Алихон зодаи деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) буда, хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб мебошад. То соли 1995 дар беморхонаи деҳаи Саричашма ба сифати бародари шафқат кор карда, баъдан ҳафт соли дигар фелдшери Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Нодирхони Алихон дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ масъули тансиҳатии сарҳадбонон буд ва борҳо ба банду баст ва марҳамгузории захму ҷароҳатҳои муҳофизони сохти конститутсонӣ ёрӣ расонда, бад - ин восита хидмати Модар - Ватан кардааст.
Соли 2000 - ум ба деҳаи Пахтаободи шаҳри Турсунзода кӯч баста, аз соли 2006 фелдшери шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи № 2 - и деҳаи Пахтаобод аст. Дар шуъбаи ёрии таъҷилӣ ором нишаста наметавонист. Дилаш ҳамеша ба замини бекорхобидаи назди беморхона месӯхт. Ниҳоят бо розигии сардухтур ва мудири шуъбаи ёрии таъҷилӣ ба ободии замини мазкур кӯшид. Баҳори соли 2006 ба шудгор ва нармкунии хок оғоз кард ва дар кӯтоҳтарин муддат заминро аз сангҳову партов тоза карда, пору пошид… Имрӯз дар боғи бунёдкардаи ӯ 350 бех ниҳоли себу биҳӣ, шафтолуву зардолу, чормағзу гелос ва олучаю тут нашъунамо ёфта, ҳамаашон ба ҳосил даромадаанд.
- Аслан, сарчашмаи ин кори кӯчак, ки шумо мехоҳед нависед, аз асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифт. Зеро Сарвари давлат дар ҳамаи вохӯриҳои хеш бо мардуми кишвар таъкид бар он медоранд, ки як ваҷаб замин бекор намонад, оқилона истифода бурдани заминро омӯзед. Аз ин рӯ, ба бунёди боғи табобатгоҳи деҳаи Пахтаобод шурӯъ кардем ва инак, ҳосилашро ҳам мечинему баракату файзашро ҳам мебинем.
Бино ба гуфтаи ҳамкорон ва мардуми гирду атрофи беморхона, Нодирхон бо вуҷуди пирӣ ҳар рӯз аз ҳама барвақттар ба сари боғи бунёдкардааш меояд ва то оғози соатҳои корӣ ба дарахтони худ фарзандвор нигоҳубин мекунад. Баҳорон дарахтон баргафшониву гулафшонӣ кунанд, шод мешавад, агар мабодо ниҳоле ё як шохи дарахте хушк шавад, дил мефишорад, озурда мешавад, гиребони худро мегирад, ки ба парвариши он камтаваҷҷуҳӣ кардааст. Дар муҳити беморхона арзи вуҷуд кардани чунин боғи хушманзара айни муддаост. Зеро барои беморон, ки бештарашон рӯҳану ҷисман хастаанд, тамошои боғ ва накҳати сабзаву таровати он ҳаловати дигар мебахшад.
Аз ҳама муҳим, Нодирхон ин амали некро беғараз ва софдилона иҷро мекунад, меваҳояшро байни кормандон, беморону корафтодагон тақсим карда, аз кори хайри хеш кӯдаквор шодӣ мекунад.

С. БУЗУРГМЕҲР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 235

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед