logo

фарҳанг

ЁДГОРИҲОИ БОСТОНӢ. ЯК САЙРИ ТАЪРИХӢ

Тоҷикон миллати куҳанбунёду тамаддунофаранд ва бо таъриху фарҳанги ғании худ дар ҷаҳон мақому мартабаи хос доранд. Дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъмории зиёд мавҷуд аст, ки онҳо ба “Феҳристи ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шудаанд. Аз ин шумора, 13-тоаш ба рӯйхати силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим шомил мебошад.
Барномаи силсилаҷоизаи Шоҳ-роҳи бузурги Абрешим соли 2002 аз ҷониби ташкилоти махсуси СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО қабул гардидааст. Ба гуфтаи Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, мақсад аз роҳандозии ин ҷоиза, пеш аз ҳама, ҳифз, нигоҳдошт ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намудани ёдгориҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва меъмории кишварҳои ҳавзаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим мебошад. Ҳамчунин, ин раванд барои рушди туризми таърихию фарҳангӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, боиси ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар мегардад. Бояд тазаккур дод, ки Шоҳроҳи бузурги Абрешим пайвандгари таъриху фарҳанг, тамаддун, сиёсат ва урфу одати халқиятҳои гуногун мебошад. Ин роҳи бузург дар асрҳои IV – III  пеш аз милод пайдо шуда, Шарқро бо Ғарб пайванд карда, ягона роҳи корвонгузар ба ҳисоб мерафт. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 шохаи шоҳроҳ аз ҷануб ва шимол бо 5 гузаргоҳ: гузаргоҳҳои Марказӣ, Амударё, Вахон, Панҷакент - Самарқанд-Пойканд ва Фарғона – Сирдарё мегузаштанд, ки яке аз омилҳои рушди шаҳрҳову маҳалҳои тоҷикон ба шумор мераванд.
Дар марҳилаи якум, моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 ёдгории таърихию фарҳангиро шомил карданд, ки инҳо шаҳраки эленистии Тахти Сангин, ёдгории меъмории Хоҷа Машҳад, Дайри буддои Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории ҳудудҳои он мебошанд. Дар марҳилаи дуюм бо пешниҳоди мутахассисони Вазорати  фарҳанги кишвар соли 2015 дар шаҳри Алма-Ато 5 ёдгории дигари таърихию фарҳангӣ ва меъмориро ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим номнавис карданд. Ин объектҳо ба гузаргоҳи Фарғона - Сирдарё тааллуқ дошта, ёдгориҳои меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Хуҷанд, тасвирҳои рӯйисангӣ ва ёдгориҳои бостонии атрофи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт, маҷмааи меъмории Мир Раҷабдодхо ва Мадрасаи Оим дар шаҳри Конибодом мебошанд. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳанги миллати мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар баробари ин, мутахассисон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ёдгориҳои боқимондаи кишварро ба рӯйхати барнома номнавис намоянд. Чуноне ки Шералӣ Хоҷаев иброз намуд, айни ҳол барномаи давлатии «Ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012 - 2020» татбиқ гардида истодааст, ки мақсади асосии он ба низом даровардани ҳифзу нигоҳдошт, таъмиру барқарорсозӣ, тарғиб намудани ёдгориҳои моддии кишвар, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихиву фарҳангӣ баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардондани офаридаҳои таърихӣ ба шумор меравад. Пешниҳоди ёдгориҳои нодири моддии кишвар ба Созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО баҳри муаррифии бештар ва беҳтари таъриху фарҳанги миллати тоҷик мусоидат хоҳад кард.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 326

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед