иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. БУНЁДИ ЧОРРОҲАҲОИ СЕСАТҲА ИДОМА МЕЁБАД
Роҳбарияти шаҳр барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани таъмиру таҷдиди роҳҳои дохили пойтахт, дар ду баст иҷро кардани корҳои роҳсозӣ ва танзиму ба тартиб даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш фаъолияти сохторҳои марбутаро боз ҳам вусъат бахшид.
– Амалишавии «Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2016 – 2020» имкон медиҳад, ки тӯли 3 сол тамоми роҳҳои пойтахт – асосӣ ва дохилии он пурра таъмиру таҷдид ва мумфарш гарданд. Ҳоло роҳсозон корро дар ду баст ба роҳ монда, кӯшиш доранд дар муҳлати муқарраршуда сохтмону навсозии роҳҳоро бо муваффақият ба анҷом расонанд. Бунёди ҳалқароҳи сесатҳаи навбатӣ дар чорроҳаи буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Абуалӣ ибни Сино дар назар дош-та шудааст. То соли 2025 10 ва дар доираи иҷрои Нақшаи генералии шаҳр 20 адад чунин чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд, - гуфт Шодимурод Аловуддинов, муовини сардори сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт.
Ҳоло бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин чорроҳаи сесатҳа дар пойтахт дар доираи амалишавии лоиҳаи «Таҷдид ва барқароркунии роҳи Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то даромадгоҳи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд мегардад. Ҳалқароҳи нав аз 3 қабат иборат буда, дар қисмати буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2017 №: 257 Мутолиа карданд: 409