logo

иҷтимоиёт

ДИЛИ БЕДОР

Соли 1992. Алиҷон ҳанӯз донишҷӯи курси чорум буд, ки тири дайдуи нохалафе ба сутунмуҳрааш расид. Он рӯз аз кӯча мегузашту зарби тир ва фаввораи хун дар аввал ба назараш сода тофт ва андешид, ки баъди чанд рӯз ба по хоҳад хест. Вале захми тир минбаъд вуҷуди ҳассосу солими ӯро ба аробачаи маъюбӣ мехкӯб кард.
Сарнавишт шоир Алиҷони Сарбандиро, ки тахаллусаш ба зодгоҳаш ишора мекунад, бо чунин имтиҳони ногаҳонӣ санҷидан мехост гӯё. Вале ӯ ғаюру ҷасуру соҳибирода будани хешро дар муддати 25 сол собит намуд ва чашм ба чашми қисмат дӯхта гуфт:
То ман зи ту, эй чархи фалак ком нагирам,
Аз сӯхтану сохтан ором нагирам..!  
Ин ҷо шумо шояд хулоса мебароред, ки захмӣ шуд, аз роҳ гаштану бархостан бозмонд, яъне чӣ? Охир, солҳои бесарусомонӣ кам буданд магар чунин одамони ҷабрдида? Дуруст, агар ӯро дар ҳамин ҳоли вазнин ҳамсараш тарк намегуфту кӯдаки шашмоҳааш рахт аз дунё намебаст, шояд ҳеҷ боке набуд. Шамъдони умедаш аз шамъҳои ишқу отифа фурӯзон мемонданду хона низ файзу фараҳи дигар медошт. Аммо ҳамсараш, ки ягона муттакои ӯ буд, дигар бо Алиҷони барҷомонда зиндагӣ кардан нахост. Шояд ин ҷо гунаҳкор хондани собиқ ҳамсари Алиҷон низ аз рӯи адолату инсоф нест. Зеро ҳар кас роҳи зиндагии худро худ интихоб мекунад ва савобу гуноҳро дар тарозуи имону идроки хеш месанҷад.
Ҳамсараш рафт, вале марги фарзанди ягонааш дарёи аламҳои ӯро ба туғён овард, осмон омада ба замин часпид, вале зиндагӣ идома дошт…
Пас аз танҳо мондани Алиҷон парастории ӯро бародараш Валиҷон ба зимма гирифт. Инак, 25 сол мешавад, ки Валиҷон парастори шоир аст. Нозбардору ҳамрозу ҳамнафас. Офарин ба ин марди дарёдил, ки домани  Баҳоваддини балогардонро гирифтааст. Ғоибона бовар мекунем, ки Ҳаҷҷи акбари ин мард кайҳо қабул шудааст. Зеро ба қавли шоир:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Бародари шоири мо умедгоҳи дилашро дар ҷодаи сангину пурмасъулияти эҷодкорӣ пайдо кард. То замоне ки чашми рӯзро дасти шаб кӯр мекунад, ӯ низ коғазеро сиёҳ мекунаду донаҳои дарду армон ва орзуву омоли неки худро рӯйи коғаз мекорад. Шеърҳои самимӣ мегӯяд. Ва аз ҳама муҳим аз Ишқ мегӯяд. То имрӯз бо шумораи маҳдуд панҷ - шаш маҷмӯаи шеър чоп карда бошад ҳам, ҳаргиз даъвои шоирӣ ва сухандониву сухансанҷӣ накардааст. Гоҳ - гоҳ дар саҳифаҳои интернетӣ намунаҳои шеърашро мегузорад ва қайду эрод, маслиҳату машварати аҳли адабро мепазирад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати маҳсули эҷод мекӯшад.
Вақте тафсилоти рӯзгори Алиҷонро аз шоир Исмоил Зарифӣ, ки чанде қабл аз аёдати ӯ баргашт, шунидем, нахуст боварамон наомад. Вале, баъдан як чизи бисёр қиматеро дарк кардем, ки дар фазои маҷозӣ паси ҳар як аксу ному насаб инсоне ниҳон аст бо дили бузург ва ормонҳои бешумори хеш. Бовар дорам, ки зиндагии Алиҷон барин ҷавонмардони боирода намунаи рӯшани одамигарист барои бархе аз нафарони сиҳатманду солим, аммо бедилу беэҳсос…

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 394

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед