logo

сиёсат

РАШТ. ЗИНДАГӢ РАНГИ ДИГАР МЕГИРАД

Мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Рашт бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои боз ҳам баланди иҷтимоию иқтисодӣ талош меварзанд.
Тавре Лоиқзода Қаноатшо, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, тавассути дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва тадбирҳои андешидашуда симои ноҳия рӯз ба рӯз дигар мегардад. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ батадриҷ рушд ёфта, барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони маҳал шароити мусоид фароҳам меояд.
Шуғли асосии қисми зиёди аҳолии ноҳия кишоварзист. Соли ҷорӣ дар мавсими киштукори баҳорӣ дар 2826 гектар ғалладона, 1802 гектар картошка, 430 гектар сабзавот  ва 248 гектар  зироатҳои техникӣ кишт гардида, 73 гектар боғи нав бунёд шуд.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то имрӯз ба 386 миллиону 408 ҳазору 400 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 23 миллиону 129 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, ки ин барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва нигоҳдории нархи дастраси маҳсулот дар бозорҳо мусоидат менамояд. Корхонаи ордбарории ноҳия, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба масъалаи дастрасии нархи арзони маҳсулоти озуқа на танҳо барои аҳолии ноҳия, балки барои мардуми ноҳияҳои минтақа низ, хизмат менамояд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷоя бо хизматрасонии неруи барқ ва обтаъминкунӣ ба андозаи 42 миллиону 727 ҳазору 300 сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 3 миллиону 734 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои таъмирию сохтмонӣ  имсол дар 28 иншоот роҳандозӣ гардид.
Нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия назаррас аст. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҷавонони ноҳияи моро низ рӯҳбаланду болидахотир гардонда, онҳоро муваззаф намуд, ки баҳри рушду шукуфоии кишвар масъулияташонро дучанд намоянд. Вобаста ба нақшаи таҳияшуда, ҳоло дар байни ҷавонон тадбирҳои гуногуни оммавии ободонӣ, ташкилию фарҳангӣ ва варзишӣ  роҳандозӣ гардидаанд. Саҳмгузории ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия бори дигар собит сохт, ки ҷавонони мо ҳамчун пайравони Пешвои миллат дар корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини амнияти кишвар фаъолона ширкат меварзанд.
Соҳибкасб намудани занону духтарон ва ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ноҳия шумораи занону духтарон 59343 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора дар соҳаи маориф 314, фарҳанг 56, тандурустӣ 387 ва корҳои мавсимӣ, аз ҷумла кишоварзӣ беш аз 5000 нафар фаъолият менамоянд.
 Бо мақсади ҷалби бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ беш аз 30 нафар занону духтарон дар корхонаҳои дӯзандагии «Чевар», «Бону»  ва «Зуҳал» бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, дар ин давра, беш аз 250 нафар занону духтарон тавассути филиали муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт, литсейи касбӣ - техникии ноҳия дар маркази шаҳраки Ғарм ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва технологияи навин фаро гирифта шуда,  соҳибкасб гардиданд. 
Бо талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон офатҳои табиат, аз қабили фаромадани сел дар 6 деҳа ва хатари зериобмонии заминҳои соҳили дарёи Сурхоб дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр сари вақт бартараф шуданд.
Дар 11 моҳи соли равон қариб ҳамаи нақшаҳо ва ҳадафҳо бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст гардиданд. - Бо боварии комил гуфта метавонам, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Рашт бо ҳисси баланди ватандӯстӣ  ва масъулиятшиносӣ заҳмату дастгирӣ ва ғамхориҳои бемисли Пешвои миллатро қадр карда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободию шукуфоии кишвар талош меварзанд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Лоиқзода Қаноатшо.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 251

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед