logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НАМУНАВИИ ЯК ХОҶАГӢ

Дар Ҷамоати деҳоти «Россия» - и ноҳияи Рӯдакӣ 6 ҳазор хоҷагии оилавӣ  вуҷуд дорад. Аксари аҳолии маҳаллаҳои Яккатут, Деҳқонобод, «1-уми май», Қӯштеппа, Шоҳмансур, Соҳибкорон, Фалакони ҷамоат ҷодаи кишоварзиро пеш гирифта, бо ин роҳ даромади зиёд мегиранд. Тайи солҳост, ки онҳо дар майдони наздиҳавлигиашон фасли зимистон парвариши зериплёнкагии помидору бодиринг ва сабзаҷотро ба роҳ мондаанд. Гармхонаҳои  «Содиқи Сиддиқ», «Ғуломов» ва «Гулпарвар» ҳар рӯз ба бозорҳои пойтахт помидору бодиринги тарутоза ворид менамоянд. 
Хоҷагиҳои деҳқонии  ҷамоат аз ҷиҳати  истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили баланд дар байни дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия намунавианд. Аз ҷумла, дар  рушди сабзавоткорӣ хоҷагиҳои деҳқонии Сурмахон Ахмедова, Маҳмадалӣ Эргашев,  Юнусҷон Назаров ва Раҳмоналӣ  Ҳотамов  пешқадам мебошанд. 
Маҳсули дасти онҳо дар  назди бозорҳои  «Саховат»,  «Деҳқон»  - и шаҳри Душанбе ва «Ганҷ» - и ноҳия  фаровон мебошад.
Ҳабиба Мӯсоева, раиси ҷамоати деҳот, иброз дошт,  ки 156 хоҷагии деҳқонӣ  дар    таъминоти маҳсулоти кишоварзии   бозорҳои пойтахт саҳми чашмрас доранд.  Дар ҷамоат нақшаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили сабзавот  270  дарсад иҷро гардид.  Барои  таъминоти  бозорҳои ноҳия ва пойтахт  бо картошка имсол майдони кишти онро  боз 13 гектар васеъ намуда, ба 33 гектар расондем. Дастурҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати  зиёд кардани маҳсулот дар хоҷагиҳои деҳқонию гармхонаҳои ҷамоат  сармашқи кор қарор гирифтаанд.   Кишоварзони  хоҷагиҳои деҳқонӣ  самаранок кор карда, аз замини дар ихтиёрашон буда  ду – се маротиб ҳосили баланд  мерӯёнанд, ки барои зироаткорони дигар намунаи ибрат аст. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2017    №: 258    Мутолиа карданд: 564
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед