logo

фарҳанг

САДА - ОМАДАНИ ОФТОБ БА ХОНАИ ЗИМИСТОН

Дар адабиёти авестоӣ ҳамаи 4 фасли сол аз рӯйи гоҳнома - тақвим мувофиқи гардиши Офтоб дар меҳвари худ тақсимбандӣ шудаанд, ки ба дин вобастагӣ надорад. Баъдан ба онҳо ҷомаи динӣ пӯшондаанд ва ба хурофотҳо пайвастанд. Сада аз ҷумлаи онҳост.

Он аслан ба даймоҳ, ба 22 декабр рост меояд, лекин ҷашн дар 10 - баҳманмоҳ мутобиқ ба 30 - 31 январи солшумории масеҳӣ рост меояд, ки сабабаш маълум нест, шояд интизори каме паст шудани шиддати сармо бошад. Рӯзи аввали он дар ифандрӯз, панҷуми баҳманмоҳ баргузор мешавад ва бо номҳои Барсад, Навсад машҳур аст. Ин ид дар рӯзи 10 - ум ба муносибати ҷӯр шудани номи моҳу рӯз баргузор мегардад. Гулхани бузург афрӯхта мешуд ва дар атрофи он мизҳо мегузоштанд, бо хӯрданиҳои фаровону май. То поёни шаб  базми шеъру суруд меоростанд.
Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”  манша ва сабаби ҷашнгирии Садаро чунин тавсиф кардааст:  Ҳушанг - писари Сиёмак  бо сад нафар ба дашт рафт ва чун оташро намедонистанд, море падид омад ва Ҳушанг санге сӯи он андохт, вале хато хӯрд ва ба санги дигаре зад ва оташ падид омад, хору хасро бисӯхт.
Е.Э. Бертелс дар бораи Ҷашни Сада менависад, ки ин ҷашн ба монанди Наврӯз омадани Офтоб ба хонаи зимистон аст ва ба 25 декабр рост меояд.
Аз Авесто бармеояд, ки дар қадим солшуморӣ аз зимистон то зимистон буд ва сол ба тобистони бузург ва зимистони бузург тақсим мешуд. Баъди пайдо шудани кишоварзӣ сол ба чор бахш тақсим шуд ва солшумориро аз даромади баҳор сар намуданд.
Ҷашни Сада ва афрӯхтани гулхан - ин нишон додани иқтидори гармӣ бар сардӣ, зиндагӣ бар марг аст. Азбаски дар Авесто зимистон кори Аҳриман шуморида мешавад, ки  ҳаётро дар Замин нест намояд, аз ин рӯ, Худованди некиҳо ба мардумон хонасозиро омӯхт, то аз сармо паноҳ ёбанд, оташро ихтироъ намуданд, то ба Худои марг, бадӣ нишон бидиҳанд, ки инсон мағлубнашавандааст. Тавре аз таҳлили сарчашмаҳои авестоӣ бармеояд, Ҷашни Сада дар баҳманмоҳ не, балки дар даймоҳ - 22 декабр сар мешавад ва рӯзи ҷӯр шудани номи моҳу рӯз  ба 8 - уми дайгон, ба 28 декабр рост меояд ва Ҷашни  Сада ин ҷашни тавлиди оташ аст. Оташ рамзи Офтоб дар Замин сабаби мавҷудоти олами наботот ва ҳайвонот  дар Замин аст. Бинобар ин, парастиши оташ, парастиши ҳаёт, зиндагӣ ва Худо дар олам мебошад. Арчаи сабзи Соли нави масеҳӣ низ рамзи сабзӣ, ҳаёт ба муқобили сардӣ, карахтии табиат дар зимистон аст. Абурайҳони  Берунӣ дар “Осор - ул - боқия”  овардааст: “Даймоҳ ва онро “хурмоҳ” низ мегӯянд. Нахустин рӯзи он Хуррамрӯз аст. Ва ин рӯзу ин моҳ – ҳар ду ба номи Худои таъоло, ки Ҳурмузд аст, номида шуда, яъне подшоҳи ҳакиму соҳибраъйи Офаридгор. Ва дар ин рӯз  одати эрониён чунин буд, ки подшоҳ аз тахти шоҳӣ ба зер меомад ва ҷомаи сафед мепӯшиду дар майдон дар фарши сафед менишаст. Ва дарбонҳо ва ясавулону посбононро, ки ҳайбати малик бад - онҳост, ба канор меронд. Ва дар умури дунё фориғулбол назар менамуд. Ва ҳар кас, ки ниёзманд мешуд, ки бо подшоҳ сухан бигӯяд, хоҳ, ки гадо бошад, ё доро ва шариф бошад, ё паст, бидуни ҳеҷ ҳоҷату дарбоне ба назди подшоҳ мерафт. Дар ин рӯз подшоҳ бо деҳқонону барзгарон маҷолис мекард ва дар як суфра бо эшон ғизо мехӯрду мегуфт: “Ман имрӯз монанди яке аз шумо ҳастам ва бо шумо бародар ҳастам, зеро қивоми дунё ба корҳоест, ки ба дасти шумо мешавад ва қивоми иморати он ҳам ба подшоҳ аст ва на подшоҳро аз раият гурез аст ва на раиятро аз подшоҳ. Ва, чун ҳақиқати амр чунин шуд, пас ман, ки подшоҳ ҳастам, ба шумо - барзгарон бародар ҳоҳам буд. Ва монанди ду бародари меҳрубон хоҳем буд, бахусус, ки бародарони меҳрубон - Ҳушангу Викард чунин буданд.
Ва гоҳе ин рӯзро “Навадрӯз” гӯянд ва онро ид мегиранд, зеро миёни он ва Наврӯз навад рӯзи пурра аст”. Ин суннати Сада аст, ки шоҳони ориёӣ соле як бор бо мардумони гуногуни ҷомеа вомехӯрданд ва аз даҳони мардуми одӣ вазъи  ҳақиқии иқтисодии мамлакат ва мардумро мефаҳмиданд. Либоси суннатии Сада сафед, ба монанди барф аст.  
Юсуфшоҳи  ЯЪҚУБШОҲ,
бостоншинос, доктори илми таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 614
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед