logo

фарҳанг

АЗ «АГАР» ТО «АММО»…

«Ҷумҳурият», 27 сентябри соли 2017
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар матлаби «Аз «Агар» то «Аммо» дар бораи китобхонаҳои аз мадди назари масъулон дур» - ро дар маҷлиси назоратии муовини раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони шуъбаю бахшҳои соҳа ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ баъзе аз муассисаҳои фарҳангӣ хароб гардида, фаъ-олият  намекарданд. Бо истиқрори сулҳ ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 11 китобхона барқарор гардида, баҳри баланд бардоштани савияи дониши дӯстдорони китоб фаъолият намуда истодаанд.
Айни замон дар ноҳия 31 китобхона: 1 китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 29 китобхонаи деҳотӣ фаъолият доранд. Баҳри рушду нумӯи ин соҳаи фарҳанг дар зарфи 10 соли охир барои харидани китоб дар харҷномаи бахши фарҳанг ҳамасола аз 2500 то 3000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал ҷудо карда мешавад. Барои ғанӣ гардондани хазинаи китобии китобхонаҳои ноҳия бо китобҳои тозанашр дар соли ҷорӣ 2600 сомонӣ ҷудо шудааст.
Дар ноҳия китобхонаҳои таъмирталаб аз таъмир бароварда шуда, китобхонаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ноҳия бо биноҳои нави замонавӣ таъмин гардиданд. Айни замон як китобхонаи нави замонавӣ аз тарафи соҳибкори ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Заргар идома дорад, ки дар рӯзҳои наздик ба анҷом расида, ба истифода дода мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо қарори раиси ноҳия дар соли 2016 дар деҳаи Чапаеви Ҷамоати деҳоти Заргар ва дар деҳаи Уртабузи Ҷамоати деҳоти С. Истиқлол, баъзе аз биноҳо ба китобхона табдил дода шуда, айни замон фаъолият доранд.
Алҳол қисме аз китобхонаҳои ноҳия бо компютер таъминанд. Дар оянда нақша дорем, ки ҳамаи китобхонаҳои ноҳияро бо компютерҳо таъмин ва ба шабакаҳои интернетӣ пайваст намоем.
Ҷаббор ҒАФФОР, раиси ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 185

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед