logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АВТОБУС БУНЁД МЕГАРДАД

Дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахти кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҳанӯз моҳи марти соли равон бо ширкати бонуфузи давлати Туркия «ISUZU» шартномаи ҳамкорӣ баста, мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 ва марҳилаи дуюм 24 автобуси мусофирбари тамғаи «ISUZU» - и истеҳсоли Ҷопон ба шаҳр ворид  намуд, ки айни замон дар хидмати сокинону меҳмонони пойтахтанд. Воридшавии миқдори муайяни чунин автобусҳо дар моҳҳои аввали соли 2018 низ дар назар аст.
Дар доираи ҳамкории ширкати «AKIA» - и Туркия ва ҶДММ «Авесто гурӯҳ» - и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «AKIA» бунёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, дар пойтахт ҷараёни бунёди 36 истгоҳи нав  босуръат идома дорад. Яке аз чунин истгоҳҳо ҳамчун истгоҳи намунавӣ моҳи августи соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Истгоҳҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, ҳамчунин, таблоҳои электронӣ барои маълумот  дар бораи ҳаракати хатсайрҳо иборатанд. Дар ҳар истгоҳ  нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб мегардад ва ҳудуди он тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат бурда мешавад.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 326

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед