logo

иқтисод

ИТТИЛОИЯ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 937 «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» тасдиқ гардид.
Он яке аз ҳуҷҷатҳои асосии Бонки миллӣ буда, мақсад ва самтҳои асосии раванди таҳия ва татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзии давлатро дар давраи миёнамуҳлат, пеш аз ҳама, иҷрои афзалияти асосӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳоро дар доираи ваколатҳои худ муайян менамояд.
Тибқи иттилои Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллӣ дар ин ҳуҷҷат таъмини гузариш ба реҷаи сифатан нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум ва истифодаи реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда” дар давраи миёнамуҳлат пешбинӣ шуда, сатҳи  таваррум солҳои 2018-2019 дар доираи 7,0 дарсад ва соли 2020 дар доираи 6,0 дарсад муқаррар шудааст.
Баҳри расидан ба ҳадафи таваррум ва пешгирии таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо, Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи самараноки фишангҳои сиёсати монетариро ба роҳ мемонад. Бахусус, тағйири меъёри бозтамвил, амалиёти қарзӣ ва амонатии шабонарӯзӣ (овернайт), музоядаҳои қарзӣ ва коғазҳои қиматноки Бонки миллӣ. Вобаста ба ин, мунтазам тағйир додани ҳадафи амалиётӣ аз пулҳои захиравӣ (миқдор) ба меъёрҳои фоизӣ (сифат) бо мақсади идора кардани фоизи қарзҳои бонкӣ бояд таъмин карда шавад.
Инчунин, барои натиҷабахш гардидани реҷаи ҳадафгирии таваррум дар доираи “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ислоҳоти институтсионалӣ ҷиҳати таҷдид ва ташкили механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ, тақвияти фаъолияти низоми молиявию бонкӣ дар давраи миёнамуҳлат идома меёбад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 209

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед