logo

иқтисод

АГАР ДИЛ СӮЗАД...

Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдувоҳид Назирови ноҳияи Файзобод. Чанд сол аст, ки фаъолияти бесамари ин хоҷагии дар гузашта номӣ аз мавзӯъҳои  мавриди таваҷҷуҳи рӯзномаҳо маҳсуб меёбад. Аммо бо вуҷуди ин, масъулон дар роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбире намеандешанд. Дар натиҷа корхона ба дараҷае муфлису касод гашт, ки соли 2017 иқтидори коштани як гектар картошкаро надошт. Аз ин рӯ, бо иҷоракорон барои рӯёндани ҳосили 145 – сентнерӣ шартнома мебастанд, ки ин аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ қариб 100 сентнер паст мебошад. Роҳбарияти корхона бо маблағи аз ҳисоби 30 дарсади ҳосили иҷоракорон гирифтааш қариб ягон проблемаи хоҷагиро ҳал карда наметавонист.

Хабарнигори ҷамоавии рӯзнома Ҳокими Сафар оид ба ҳолати корхона мақола зери унвони “Файзобод. Аз хоҷагии тухмипарвар ном ҳасту натиҷа не” навиштааст, ки дар зер оварда мешавад:
“Ноҳияи Файзобод  аграрӣ буда, шуғли асосии мардумаш кишоварзист. Солҳои қаблӣ ноҳия аз боғу киштаҳо то 30 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мекард. Аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсолкардаи ин ҷо хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамоавӣ  ва шахсӣ бо тухмӣ таъмин мешуданд. Ҳаҷми асосии истеҳсоли маҳсулот ба корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А. Назиров рост меомад. Аз ҷумла, дар ин ҷо, соле 200 гектар картошка кишт мекарданд. Картошкакорони номии хоҷагӣ Пӯлод Абдураҳмонов, Ҷунайдулло Нуров, Убайдулло Салимов, Лоиқ Воҳидов, Асо Саидов, Авғон Гулов ва чанде дигарон аз ҳар гектар то 350 – сентнерӣ ҳосил рӯёнда, шуҳрати хоҷагиро баланд бардошта, бо мукофотҳои олии давлатӣ қадр шуда буданд.
Тайи чанд соли охир бинобар рӯйи кор омадани роҳбарони ноуҳдабаро хоҷагӣ на танҳо шуҳрати пешинаашро гум кард, балки заминҳои ҳосилхезаш тарака шуда, ба муфлисӣ расид. Дар замони роҳбари корхона будани Раҷаб Назиров, Ғаюрбек Улфатов, Тоҷиддин Асоев ва дигарон қитъаҳои беҳтаринро ба ашхоси ба хоҷагӣ дахл надошта тақсим карда шуд.  Дар корхона ғайримақсаднок истифода бурдани замин низ ба чашм мерасид. Роҳбарони хоҷагиҳо ва ҷамоатҳои деҳот барои рӯпӯш кардани камбудиҳо ба идораи омор маълумоти бардурӯғ пешниҳод мекарданд”.
Барои огоҳии бештар аз ҳолати воқеӣ роҳ сӯйи ноҳияи Файзобод  пеш гирифтем. Дар суҳбат бо раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода маълум шуд, ки роҳбарияти имрӯзаи ноҳия аз ҳолати кор огоҳ буда, айни замон вазъи корхона мавриди муҳокима ва тадбирандешӣ қарор доштааст. Аз ҷумла, баъди омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафаи корхона  Тоҷиддин Асоев  бинобар фориғболӣ аз вазифа сабукдӯш шуда, Иномҷон Шарифов  ба ин вазифа таъйин карда шудааст.  Дар суҳбат зикр гардид, ки бо мақсади  рафъи камбудиҳо ва дар ин замина гирифтани ҳосили дилхоҳ вобаста ба масъалаҳои бо тухмӣ, техника ва нуриҳо таъмин намудани корхона тадбирҳои зарурии бетаъхир андешида мешавад.
Бино ба маълумоти Миралӣ Раҷабзода тибқи дурнамо ноҳия соли 2018  кишти картошка 600 гектар муқаррар гардидааст, ки 200 гектари он ба Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А. Назиров рост меояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳоло барои бо тухмӣ таъмин намудани он роҳу восита меҷӯянд. Қабл аз ҳама аз  Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ барои кишти  пешомади корхона 18 тонна картошкаи тухмии мавзеи Канаск дастрас ва захира шудааст. Дар анбори иҷоракорони он зиёда аз 700 тонна картошкаи тухмии истеҳсоли худӣ нигоҳдорӣ шуда, дар мавсими оянда истифода  мешавад.
Роҳбари корхона Иномҷон Шарифов оид ба тадбирҳои аз вазъи касодӣ баровардани хоҷагӣ чунин мегӯяд:
- Дар ҳақиқат вазъи имрӯзаи корхона, ки самташ тухмипарварӣ, аз ҷумла картошкакорист, чандон хуб нест. Корхона солҳои охир бо сабаби боло рафтани арзиши картошкаи тухмӣ дурнамои шинондани онро таъмин карда натавонист ва  истеҳсоли маҳсулотро хеле кам кард. Чунончи, дар соли 2017 иҷоракорон аз 104 гектар замини ба нақша гирифта ҳамагӣ дар 60 гектар картошка кориданд ва 870 тонна маҳсулот истеҳсол карданд, ки аз дурнамо қариб 1000 тонна кам мебошад. Сабаби иҷро нашудани нақшаи кишти картошка дар ин сол боло рафтани арзиши тухмӣ буд, ки на ҳар иҷоракор имконияти мусоиди харидорӣ дошт. Маблағи 30 дарсади маҳсулот, ки аз иҷоракорон гирифта шуд, ба  пардохти қарзи андоз,  маоши кормандон ва дигар харҷҳо масраф гашт. 
Баъди таҳлили натиҷаи бадастовардаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо 120 иҷоракоре, ки аз замин дуруст истифода набурданд, шартномаро қатъ намуда, ба ҷойи онҳо бо кишоварзони соҳибтаҷриба ҳамкорӣ карданием.
Воқеан, корхона дар тавозунаш 6736 гектар замин дорад, ки аз он 450 гектараш корам мебошад.  Аз 320 гектар замини корам 154 гектараш тавассути насосҳо обёрӣ  мешавад. Ҳамчунин, 465 гектар боғ дорем, ки 100 гектараш ҳосилдиҳанда аст. Аз сабаби пир шудани дарахтон боғҳо ҳосили дурусту босифат намедиҳанд. Масалан, аз 100 гектар себзор 10,3 – сентнерӣ ҳосил гирифта шудааст, ки ҳатто хароҷоти дар боғ масрафшударо намебарорад. Мо барои афзудани самаранокии боғҳо ҳар сол дар 114 гектар талу теппаҳои корхона боғи нав бунёд карданием. Аз камбудиҳо хулосаи даркорӣ бароварда, истеҳсоли маҳсулотро афзун ва шуҳрати пешинаи корхонаро барқарор хоҳем кард.
Мақоли хуби тоҷикӣ аст, ки мегӯянд: “Агар дил сӯзад, аз чашми кӯр об меравад”. Суҳбат бо роҳбарияти имрӯзи ноҳия ва худи корхона, воқеан, эътимодбахш буд. Бовар аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии  ба номи Абдувоҳид  Назиров ба зудӣ шуҳрати пешини худро барқарор мекунад. Вақт довари ҳақ аст!
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 222

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед