logo

сиёсат

СУХАН АЗ ЗАБОНИ ЛУҚМОН ХУШ АСТ

(Дар ҳошияи мусоҳибаи собиқ қумандони ИНОТ Ҳаким Қаландаров)
Мусоҳибаи собиқ қумондони мухолифин Ҳаким Қаландаровро бо номи «Муҳофизи асосӣ: аз қумандонӣ ба ободгарӣ» мутолеа кардам. Дар доираи мусоҳибаи матбуотӣ хеле аз паҳлуҳои то ҳол норӯшани қазияи наҳзатӣ ва раҳбарияти он, ки боиси нобасомониҳо дар ҷомеаи тоҷик шуда буд, бароям равшан гардид.
Нахуст, ин ки Ҳаким Қаландаров яке аз симоҳои калидии размандаи ИНОТ ба шумор рафта, дар ҷабҳаҳои ҷанг зиёд ширкат варзидааст ва муҳимтар аз ҳама, бо шахсиятҳои дараҷаи аввали Иттиҳоди мухолифини тоҷик, минҷумла раиси он, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ошноии наздик доштааст. Аз ин рӯ, мусоҳибаи собиқ қумандонро метавон ба унвони мадраки муҳим дар қазияи наҳзат пазируфт ва дар таҳлилҳо аз назароту тазаккуроти ин симои разманда кор гирифт. Бар илова, Ҳ. Қаландаров ба сифати шоҳиди зиндаи воқеот ва ҳаводиси дохилию хориҷии ҷабҳаи наҳзатист ва назар ба дигарон аз мушкилот ва масоили ТЭТ ҲНИТ ва мудирияти он огаҳии зиёдтар дорад. Оре, ин ҷо мақоли мардумии «сухан аз даҳони Луқмон хуш аст» баҷост. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи огаҳӣ ва ҳузури қумандони собиқи наҳзатӣ ва муҳофизи асосии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, тасмим гирифтем, чанд нуқтаи мусоҳиба, ки фарогири масоили муҳим дар қазияи ТЭТ ҲНИТ мебошанд, тавзеҳи иҷмолӣ бидиҳем.
Нуқтаи муҳим барои баҳс ин аст, ки дар машварате, ки сари масъалаи бастани сулҳ дар хонаи Тураҷонзода дар Эрон миёни неруҳои мухолифин сурат гирифт, дар қатори Ҳимматзода, Маҳмадрасул, Абдураҳим, мулло Амриддин шахси ба доираҳои таҳлилии наҳзатӣ наздик журналист Олег Панфилов низ ҳузур доштааст. Аз расонаҳои дохилию хориҷӣ назару изҳороти тундутези ин симои таҳлилӣ дар робита бо масоили минтақавӣ барои мо ошност. Махсусан, дар қазияи Русия ва Гурҷистон ин журналист зиёд «нуктапардозӣ» намуда, дар барангехтани ихтилофоти сиёсӣ «саҳм» гирифтааст. Аз соли 2012 ба ин сӯ, дар марҳилаи нави ҳассосиятҳои сиёсии наҳзатӣ ба пуштибонии ҷиддии расонаии ТЭТ ҲНИТ пардохта, ҳамчун таҳлилгар ва теоретик - назарияпардози ин ташкилоти террористӣ (дар қатори Гайдар Ҷамол) дар расонаҳои хориҷӣ ба чеҳраи хабарсоз табдил ёфта, имрӯз низ аз ин симо ба сифати объекти зиддиҳукуматӣ корбаст мешавад.
Дар қисмати аввали мусоҳиба, ҳамчунин, сухан аз «4 миллион доллари дар Покистон дар «оборот» - буда меравад ва ҳангоми машварат дар хонаи Тураҷонзода дар Эрон ин масъала рӯ мезанад ва пардаро аз рӯйи баъзе воқеиятҳо бозмекушояд. Пурсиши қумандон Ҳакимро дар мавриди куҷо шудани маблағи чаҳормиллионӣ, ки ба наҳзатиҳо аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ таҳия шудааст, танҳо посухи «Дар Покистон дар оборот аст» маълум мекунад. Акнун таваҷҷуҳ мекунем, ки миқдори 4 миллион доллар, ки барои беҳбуд бахшидани вазъи молӣ, идорӣ, низомӣ ва сиёсии ТЭТ ҲНИТ пешбинӣ шуда буд, дар дасти наҳзатиёни худхоҳ ба хотири кайфу сафо кардан истифода гардидааст. Ба таъбири дигар, роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ ҳатто аз бадбахтии гурезагон ва муҳоҷирини тоҷик истифода намуда, барои худ бизнес ташкил дода, маблағҳои ҳангуфтро ба ҷайб зада, бизнеси хонаводагиашонро гардон намудаанд. Гуфтаҳои Ҳакимқумандон ба ҳамин нуқта такя мекунад. Илова бар ин, пештар собиқ корманди амниятии наҳзатӣ Сиёҳаков низ дар мусоҳибааш таъкид карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани тарҳҳои гуногун ба ТЭТ ҲНИТ маблағҳои калони пулӣ ворид мегардид ва тавассути ин маблағҳо лоиҳаи нооромиҳо дар мамлакат ва таҳоҷуми наҳзатӣ ба нуқтаҳои мавриди назар тарҳрезӣ мегардидааст. Аз хулосаҳои Сиёҳаков ва Ҳакимқумандон бармеояд, ки дар хориҷ аз мамлакат ТЭТ ҲНИТ худро пешсафи ИНОТ нишон дода, барои аз худ кардани маблағҳои бузурги пулӣ ва роҳандозӣ намудани амалиёти низомӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ғасби қудрат талош меварзидааст. Ба дунболи ин, ихтисос ёфтани як миллион доллар барои табаддулоти давлатӣ ва ба ихтиёри Назарзода вогузоштани он маънии давра ба давра омода намудани тарҳи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистонро дорад. Ин масъаларо аз суҳбати Ҳаким бо раиси собиқи ТЭТ ҲНИТ  ҳам метавон пай бурд. Дар мусоҳиба омадааст, ки маблағи барои соҳибкории наҳзатиён ихтисосёфта ба Абдуҳалим Назарзода дода шудааст. Аз ин бармеояд, ки  «қарзи бефоизи эронӣ», ки Ҳаким аз забони Нурӣ ёд мекунад, барои роҳандозӣ намудани пружаҳои наҳзатӣ дар дохили кишвар масраф мешудааст. Аз ин пас чӣ гуна метавон ба иддаоҳои сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Сайидрасули Мусавӣ бовар кард, ки бар «бегуноҳ» - ии ТЭТ ҲНИТ пофишорӣ менамояд ва аз ҳукумат далелҳои мувассақ талаб мекунад. Магар ин далел шуда наметавонад, ки ТЭТ ҲНИТ бар мабнои хидмати молиявии хориҷӣ тарҳҳои сиёсӣ - низомиро дар ҳудуди мамлакат пиёда менамояд? Ҷаноби собиқ сафир боз чӣ гуна далелро тақозо дорад?
Бигзарем, Назарзода дар асоси кумакҳои молиявии эронӣ барои худ пинҳонӣ армияи мусаллаҳ таъсис дода, фурсати заруриро интизорӣ мекашид, то зарба занад ва қудратро ба даст дарорад. Магар таъкидоти Ҳаким Қаландаров, ки яке аз чеҳраҳои калидии низомии наҳзатӣ маҳсуб меёфт ва бо лидери собиқи наҳзатӣ Нурӣ муносиботи наздики корӣ дошт,  арзише надоранд ва характери террористӣ доштани ТЭТ ҲНИТ- ро шаҳодат намедиҳанд? Магар ин иддаои собиқ сафирро дар қиболи бегуноҳии ТЭТ ҲНИТ беасос ва маблағгузорӣ шудани ин ташкилоти террористиро аз ҷониби хадамоти махсус таъйид намекунад? Воқеият ин аст, ки ТЭТ ҲНИТ ҳамеша таҳти пӯшиши молиявӣ ва мафкуравии хадамоти иттилоотии хориҷӣ буда ва ниёзҳои раҳбарияти ин низомро дар минтақа бароварда месохтааст. Бар илова, талаботи асосии низом ва режими ҷумҳурии исломӣ ҳамин аст, ки инқилоби исломиро ба дигар кишварҳо интиқол медиҳад. Аммо барои сохтори демократию дунявии мо Эрони фарҳангӣ мусоид аст ва ҳамкориҳо танҳо дар доираи фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва адабиёту маънавиёт ба нафъи ҳар ду халқ ва давлат буда метавонад. Низоми сиёсии Тоҷикистону Эрон аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва равиши мафкуравӣ мутафовитанд, аз ин рӯ, дар ҳамкориҳои дуҷониба истифода кардан аз идеологияи мазҳабӣ  ба манфиати ҳар ду низом нахоҳад буд.
Давлати Тоҷикистон аз Эрон ҳамкорию тафоҳумотро дар доираи фарҳангу забон ва пешинаи таърихиву тамаддунӣ интизор аст ва аносири фарҳангӣ ва тамаддунӣ ҳалқаи васлеанд, ки дурнамои муваффақи ҳамкорию равобитро миёни ду кишвар таъмин хоҳанд кард. 
Фаридун ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 630

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед