logo

фарҳанг

ВАШГИРД. АЗ НИСФ ЗИЁДИ ИН ЁДГОРИИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ ГӮРИСТОН ШУДААСТ

Дар ноҳияи Файзобод харобаҳои шаҳри қадими Вашгирд ҷойгиранд. Ин шаҳр таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, дар “Авасто” ва “Шоҳнома” дар шакли Висагирд ёд шудааст. Бори нахуст соли 1946 бостоншиноси маъруфи шӯравӣ А. Беленитский дар ҳудуди ин шаҳри қадим, ки зиёда аз 80 гектарро дар бар мегирад,  ҳафриёт гузаронда, ба асрҳои 9 - 10,  ба давраи Сомониён тааллуқ доштани онро муайян карда буд.  Аммо бахти ин шаҳри қадим омад накард ва бо сабабҳои номаълум ковишҳои бостоншиносӣ дар он идома наёфтанд.

Танҳо баъди 36 сол бостоншиноси шинохтаи тоҷик Ю. Яъқубов ва П. Самойлик дар ин ёдгорӣ ҳафриётҳои начандон калони озмоишӣ гузаронданд. Хушбахтона, дар давраи истиқлолият бо ташаббуси собиқ раисони ноҳия Абдуқодир Давлатов, Исматулло Зайдов ва собиқ сардори шуъбаи фарҳанг Фирдавс Қурбонзода  солҳои 2004 ва 2007 бостоншиносони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  дар ин ёдгорӣ  ковишҳои густурда гузаронданд. Дар натиҷаи ин ковишҳо хонаҳои аз санг сохташуда ва шумораи зиёди асбобу ашёи қадим ёфт шуданд. Муайян гардид, ки давраи нашъунамои шаҳр ба асрҳои 9 - 10 рост омада, он то аввалҳои асри 16 обод будааст. Бозёфти як сиккаи кушонӣ аз он гувоҳӣ медод, ки шаҳр дар асри 1 - 2  - и мелодӣ вуҷуд дошт. Доир ба натиҷаҳои ин ковишҳо ду китоб нашр гардидааст. Мутаассифона, бинобар камбуди маблағ мо натавонистем ковишҳоро дар ин ёдгории нодир идома диҳем.
Дар давоми ҳафриёт як чиз боиси нигаронӣ гашта буд. Мардум як қисми ин шаҳри бостониро ба гӯристон табдил доданд. Борҳо ин масъаларо гузоштем, то ки гӯр карданро дар ин мавзеъ манъ кунанд ва барои иҷрои ин  кор ба мардум дар ҷойи дигар замин диҳанд. Раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳангро низ дар ҷараён гузоштем. Вазорат ҳудуди ин ёдгориро муайян карда, онро  чун мероси таърихӣ  сабт намуд, сартификат дод ва ба ихтиёри  шуъбаи фарҳанги ноҳия супурд.
Атрофи ёдгориро, ки 93 гектарро дар бар мегирад, симтӯр гирифтанд. Ба мо гуфтанд, ки дар ҳудуди ёдгорӣ гӯр кардан манъ ва барои сокинони деҳаҳои атроф барои иҷрои ин амал дар дигар мавзеъ замин дода шудааст. Аз ин иқдом шод гардидем ва бовар ҳосил намудем, ки дигар ба ин ёдгории нодир хавфи вайроншавӣ таҳдид намекунад. Аммо баъд дарёфтем, ки хурсандии мо бармаҳал будааст.
Якуми декабри ҳамин сол  ба Вашгирди қадим рафтем.  Дар назди масҷиди ҷомеи ба номи Ҳотами Асам, ки дар паҳлуи ёдгорӣ ҷойгир аст, шахсеро бо номи Суннатулло Яҳёев вохӯрдем, ки аз ҷониби шуъбаи фарҳанги ноҳия назоратгари  ёдгорӣ таъйин шудааст ва шаҳодатнома ҳам дошт. Ӯ моро роҳбаладӣ намуд. Дидем, ки шаҳри бостонӣ ба гӯристони калон табдил ёфтааст. Дар муқоиса ба соли 2007, ки мо дар инҷо ҳафриёт мегузарондем, гӯристон дар ҳудуди ёдгорӣ хеле вусъат ёфтааст, махсусан  дар бахши шимолии он ва дар шаҳристони Қалъаи Сангин, ки як бахши муҳими ин шаҳри қадим мебошад. Мо дар шаҳристон ҳини ҳафриёт чандин хонаҳои истиқоматӣ, осори зиёди бостониро кашф карда будем. Он солҳо дар ин мавзеъ ҳамагӣ 4 - 5 гӯр буд. Ҳоло гӯристон аз нисф зиёди шаҳристонро фаро гирифтааст. Қабатҳои бостонии шаҳристон 2 - 2,5 метр чуқурӣ доранд. Яъне ҳар гӯреро, ки мекананд, ёдгориро хароб месозад. Агар пеши роҳи ин амал гирифта нашавад, он рӯз дур нест, ки  ин ёдгории нодир пурра аз байн биравад.
Аз 93 гектар ҳудуди ёдгорӣ шуъбаи фарҳанги ноҳия танҳо 13 гектарашро чун ҳудуди ҳимоятшаванда муайян кардааст. Ин дар ҳолест, ки тамоми ҳудуди ёдгорӣ бояд зери ҳимоят қарор бигирад. Аз ҷониби дигар  ин 13 гектар ҳам бо симтӯр иҳота нашудааст ва дар ҳудуди он ҳам чанд гӯристон мавҷуд аст.
Кас ҳайрон мешавад, ки чаро мардуми Файзобод шаҳри бостонии худро, ки ёдгорест аз зиндагиву фарҳанги гузаштагони шарафманди миллат бо дастони худ нест мекунанд. Вазорати фарҳанг дар муқобили ин амали номатлуб дигар чӣ тадбири дуруст андешида метавонад?
Аз идора: воқеан, тайи чанд соли охир ноҳияи Файзобод симои худро дигар кардан дорад. Тавре “Ҷумҳурият” дар маводи қаблӣ инъикос карда буд, бахусус корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза гирифтаанд. Бовар аст, ки масъалаи мавриди назар ҳам дар ояндаи наздик ҳалли мусбати худро меёбад.
Бе муболиға эҳёи Вашгирди куҳан эҳёи Файзободи нав хоҳад буд!
Давлатхоҷа ДОВУДӢ,
доктори илми таърих 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 579
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед