logo

иқтисод

МУРҒОБ. АГАР АЗ КОҲИШИ МАЙДОНИ ТЕРЕСКЕН ПЕШГИРӢ НАШАВАД...

- Одатан 3 - 4 нафарӣ мерафтем, аммо дар як сафар ҳамин тавр шуд, ки ҳамроҳи ман танҳо ронанда буд. Дар бозгашт мошинамон вайрон шуд. Сардии ҳаво шояд аз 50 дараҷа гузашта буд. Галаи гургон мошинро иҳота карданд ва ба мо, ки дар кабина паноҳ бурда будем, дарафтоданд. Бар асари ҳамлаашон як оинаи мошин шикаст. Аз як тараф ҳамлаи гургон, ки аз мошин дур намешуданд ва аз сӯйи дигар сармои 50 дараҷаӣ вазъамонро хеле бад карда буд. Нисфи шаб кормандони идораамон ҳамроҳи 4 нафар корманди милитсия ба ҷустуҷӯи мо омаданд ва бо дидани онҳо қадре ҷон гирифтем. Агар як соати дигар дертар меомаданд, аз сармои шадид ҷон ба саломат бурданамон дар гумон буд.

Ин ҳарфҳоро Амриддин Қуботбеков, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб дар хаймаи чӯпоние канори шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма дар суҳбат бо мо қисса кард. Дар берун ҳаво хеле сард шуда бошад ҳам, хаймаро тафси алови бухорӣ, ки бо ангишт буд, гарм нигоҳ медошт. Дар гирди бухорӣ суҳбатамон бо Амриддин Қуботбеков ва Парӣ Ғуломайдарова, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, гарм шуд. Вақте аз Амриддин доир ба ноҳияи Мурғоб ва пайвастани қисматаш ба ин ноҳияи дурдасту баландкӯҳ ва иқлими сарду шароити душвори табиӣ суол кардем, чунин гуфт:
- Мурғоб дорои ганҷҳои бебаҳо, табиати афсонавӣ ва пурасрор аст. Оби кӯл ва рӯдҳои азими кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лозурҳои Мурғоб сарчашма мегиранд. Бовар меравад, ки дар ояндаи наздик ин мантақаи зебову афсонавии кишварамон бо бунёди инфрасохтори зарурӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муассир гузошт, ба яке аз ободтарин мавзеъҳои Тоҷикистон табдил меёбад. Дар ин ҷо нодиртарин ҳайвоноту парандаҳо, аз қабили гӯсфанди кӯҳӣ - Архар ё Марко Поло мечарад. Бузи кӯҳии сибирӣ ё худ нахчир, бабри барфӣ, хирси малла, силавсин, мурғи ҳилоли тибетӣ, ғози ҳиндӣ, мурғи ҳумо, бургут, шоҳин, соҷдаи тибетӣ, дар кӯлҳо: гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, асман мавҷуд мебошанд.
Ҳамчунин, дар ин ҷо кӯлҳои зебо, ки сайёҳон онҳоро «чашмони нилгуни Помир» ҳам меноманд - Суманкӯл, Булункӯл, Тузкӯл, Қундузкӯл, Сасикӯл, Зоркӯл, Рангкӯл, Қаракӯл, Чаманкӯл, Учкӯл мавҷуданд. Ноҳия дар масоҳати 38,4 ҳазор километри мураббаъ тӯл кашида, танҳо ҳудуди Боғи миллӣ майдони 2 миллиону 478 гектарро ташкил медиҳад. Ин сарвати бебаҳост ва онро бояд ҳифз кард ва содиқона ба насли оянда супурд.
Давоми суҳбат Амриддин аз нобудшавии буттаи терескен, ки дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб ягона рустание, ки ҳам ғизои чорпоёни хонагӣ ва ҳам алафхӯрони ёбоӣ ҳасту сокинон чун маводи сӯхт низ истифода мебаранд, бо ҳасрат сухан мекунад. Ба гуфтаи ӯ, терескен аллакай аз маркази ноҳия дар ҳудуди то 100 км ба чашм намерасад. Нобудшавии терескен дар доманакӯҳҳою талу теппаҳо фалокати зиёдеро ба бор меорад. Аввалан, дар ин мавзеъ минбаъд имконияти парвариши чорпоёни хонагӣ, бавижа қутос, бузу гӯсфандон намемонад. Баъдан гӯсфандони кӯҳии Марко Поло, бузҳои кӯҳӣ, бузҳои сибирӣ ҳудуди Мурғобро тарк менамоянд. Чун онҳо рафтанд, бабри барфӣ, хирси малла, силавсин ва дигар ҳайвонот дар ин мавзеъ зистан наметавонанд. Дар ҷойҳое, ки терескен нобуд шудааст, аллакай селравӣ мушоҳида мешавад, шамол қабати болои хокро ба ҳар тараф пароканда менамояд. Ба хотири пешгирӣ аз оқибатҳои тахрибшавии табиат бо амри Пешвои миллат ҳар сол ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ангиштсанг ворид ва ба табақаи ниёзманди ноҳия бо нархи арзон фурӯхта мешавад. Бо вуҷуди ин, нафароне ҳастанд, ки ба нобудсозии терескен даст мезананд.
Албатта, чораҳои пешгирӣ аз камшавии майдони терескен аз ҷониби масъулон роҳандозӣ мешавад. Вале дастёбӣ ба натиҷаи дилхоҳ тадбирҳои муассиртарро тақозо менамоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 418

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед