иҷтимоиёт
ДАСТИ САХОИ МОДАР
Аксари дороиҳои дунё барои моҳеву соле, ҳатто барои чанд лаҳзае ба кор меоянду зуд аз байн мераванд. Аммо агар онҳоро барои корҳои савобу хайр сарф намоем, аз ҷумла истироҳатгоҳ, боғчаву мактаб, пулу роҳҳои мошингузар соҳибону харҷкунандагонаш дар дилу дидаҳои ҳазорон одамон ҷой мегиранд.
Модари мушфиқу саховатпеша, сокини деҳаи Метки ноҳияи Деваштич Норбибӣ Дӯстмуродоваи 80 - сола пасандози ба нияти адои сафари Ҳаҷ ҷамъкардаашро барои бунёди пули байни деҳаи Метку Хишекат бахшид. Зеро ҳар сол ҳангоми боришот пулҳои муваққатии сойи байни деҳаҳои Хишекат ва Меткро сел мебурд ва иртиботу рафтуомади мардум моҳҳо канда шуда, нақлиёт тамоман рафта наметавонист ва мушкилиҳои зиёдеро ба бор меовард.
Бо маблағгузории момои Норбибӣ ва ҳашари ҳамдиёрон дар болои сойи байни деҳаҳои ёдшуда ду пули мустаҳкам бунёд ёфт ва дар мавсими имсолаи боришот рафтуомади сокинон бо нақлиёт қатъ нагардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба модари саховатпеша миннатдорӣ изҳор намуданд ва сокинони деҳа бо як овоз ӯро Ҳоҷибибӣ унвон доданд. Аз ин кори савоби пиразан, ки садақаи ҷория аст, мардум бори дигар дарк карданд, ки дар кишвари худ низ метавон ҳоҷӣ шуд.
Сокини дигари деҳаи Метк Маҳкам Ёқубов низ бо мақсадҳои нек иқдом гирифт, ки дар зодгоҳаш мактаби нав бунёд намояд. Зеро фарзандони сокини деҳаи Метки боло 3 километр роҳро тай карда, ба мактаби маркази деҳаи Метк мерафтанд. Бавижа, айёми зимистон барои хонандагони хурдсол мушкилиҳо пеш меомад. Ин хайрхоҳии соҳибкор Маҳкам Ёқубов ва фарзандонашро масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хуш пазируфта, барои сохтмони мактаби нав замин ҷудо карданд. Сокинони деҳа дар ҳашари умумӣ фаъолона иштирок намуда, бинои мактаби навро дар як муддати кӯтоҳ бунёд карданд.
Ҳамин тариқ, соли таҳсили гузашта бинои нави мактаб дар деҳаи Метки боло бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар вазъи тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2017 №: 261 Мутолиа карданд: 467