logo

фарҳанг

МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ ВА РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Ҷаҳонишавӣ ё ин ки хислати умумисайёравӣ касб намудани ин ё он раванд, ҳарчанд дар ҳаёти башарӣ навгонӣ ва тараққиёти бесобиқа ба вуҷуд овард, дар баробари ин, хатарҳо низ дар пай дорад, ки онҳоро сарфи назар карда наметавонем.

Барои мисол имрӯз яке аз таъсироти манфии ҷаҳонишавӣ, ба вуҷуд омадани таҳаввулоти сӯзанда дар афкори насли нав мебошад, ки дарвоқеъ ҷойи нигаронӣ аст. Равзанаи фарохи интернет дар ин самт таъсири манфии худро босуръат мегузорад. Ба андешаи соҳибназарон, матбуот дар рафъи буҳрони мазкур яке аз сангарҳои қавӣ ва қалъаи маънавӣ ба ҳисоб меравад. Матбуоти давлатӣ ва мустақили мо дар муносибат бо ин ҷараён то андозае рисолати худро ба анҷом расонда истодаанд, аммо вазъи матбуоти маҳаллии кишвар ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Бо чунин суръат ҷараён гирифтани ҷаҳонишавӣ ва дар сояи он падид омадани таҳоҷуми хатарҳои оламшумул, тақвияти ҳар чи бештари матбуот ва дар тавозун нигоҳ доштани фазои иттилотии кишварро талаб менамояд. Қазияи мазкур, махсусан дар маҳалу ноҳияҳо аҳамияти бештар касб мекунад. Биноан, имрӯз фазои иттилоотии солимро дар маҳалҳои кишвар метавон тавассути матбуоти маҳаллӣ ба роҳ монд, ки то имрӯз бо вуҷуди заъфу нотавонӣ, устуворӣ ва интизоми нашрро аз даст надодаанд. Ба андешаи муҳаққиқи соҳа, Қироншоҳ Шарифзода: «Нашрияҳои вилоятӣ дар низоми матбуоти даврии Тоҷикистон мавқеи муайян доранд. Зеро ин намуди нашрияҳо аз замони шӯравӣ бо замина ва бунёди қавии худ мерос монда, бо вуҷуди аз даст додани обрӯву нуфузи пешина, ҳоло ҳам аз истифода намондаанд». Вале дар шароити кунунӣ вазъи нашрияҳои ноҳиявиро хуб ва ҳатто қаноатбахш арзёбӣ кардан душвор мебошад.
Дар водии Рашт чандин нашрияҳо аз қабили «Оинаи Рашт», «Паёми Тоҷикобод”, «Паёми Ҷиргатол”, «Мавҷи Хингоб», «Нури Нуробод» ва ғайра фаъолият мекунанд. «Оинаи Рашт» нашрияест, ки аз соли 1932 инҷониб ба нашр мерасад. Бо тағйирот ва таҳаввулоти низоми замон дар самту услуб ва муҳтавову мундариҷаи нашрияи мазкур тағйирот ва таҳаввулоти мухталиф ба вуҷуд омадааст. Метавон гуфт, ки «Оинаи Рашт» - и имрӯза дар услуб, мундариҷа, муҳтавои матолиб ва теъдоди нашр, «Ҳақиқати Ғарм» ё «Қаротегини советӣ» - и дирӯза нест. Нашрия дар солҳои гуногун,  дар як ҳафта се маротиба, бо тиражи  зиёда аз 30 ҳазор нусха ба нашр мерасид. Имрӯз он дар як моҳ чор маротиба, дар ҳаҷми  чор саҳифа ва бо теъдоди бештар аз ду ҳазор нусха ба табъ мерасаду дар қиёс хеле кам аст.
Бо вуҷуди ин, аз саҳифаҳои он матолибе  пайдо кардан мумкин аст, ки дар бедории афкори ҷавонон ва иршоди мардуми маҳал саҳм доранд. Инчунин, матолибе низ ба чашм мерасанд, ки бардавом сокинони маҳалро аз вазъи кунунии сайёра ва хатарҳои таҳдидкунандаи ҷаҳони муосир пайваста гӯшзад мекунанд.  Ба назар  намудани чунин мавзӯъҳо рӯйи сафаҳоти нашрияи маҳаллӣ дар шароите, ки фаъолияти радиову телевизиони махсус дар маҳал ба роҳ монда нашудааст, муждаи нек дониста мешавад. Муаллифони матолиб бештар кӯшиш ба харҷ додаанд, то дар ҳифзи тафаккури сокинони маҳал, ҳифзи мероси фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ саҳми арзанда гузоранд. Онҳо бо таҳлил ва андешарониҳои худ хонандаро аз хатарҳои замони муосир, махсусан хатари якқутбасозии ҷаҳон мехоҳанд огоҳ созанд ва сарнавишти талхи миллатро, ки чанд сол идома ёфт, мавриди қиёс қарор дода, қазияро ба равияҳои муосир пайванд диҳанду аз ҳама қишрҳои ҷомеа даъват ба амал оранд, ки дар ин масъала бетафовут набошанд. Вобаста ба ин гуна мавзӯъҳои доғ ва дар айни ҳол хатарзо, нашр гаштани чунин андешаҳову  афкори ҳидоятгар дар нашрияи маҳаллӣ, то ҳол аз побарҷо будани матбуоти маҳаллӣ, неруи созандаи он ва вуҷуди афроди бедору ҷаҳонбин ва ғамхор дарак медиҳад. Гузашта аз ин, чунин мушоҳидаҳо таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ ва масъулини соҳаро дар самти барқарорсозӣ ва тақвияти матбуоти маҳаллӣ бояд бештар гардонад.    
Қадриддин ИСОЕВ,
ходими калони илмии шуъбаи ахбори омма ва табъу нашри Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 316

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед