logo

фарҳанг

ЛОҲУТӢ ва ШЕКСПИР

Соли 1949 дар Париж кунгураи якуми ҳомиёни сулҳ баргузор гардид ва дар он устод Мирзо Турсунзода суханронӣ намуданд, ки мавриди истиқболи гарм қарор гирифт. Инчунин, дар ҳошияи он  муколамаву баҳсу мунозираҳо доир гаштанд. Яке аз лейбористони инглис даъво намуд, ки мардумони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, аз қавмҳои ақибмонда маҳсуб меёбанд ва аз ганҷинаҳои тамаддуни башар бебаҳра мондаанд.
Мирзо Турсунзода суханони ӯро бо таҳаммул гӯш карда, сипас чунин саволе медиҳанд:
- Оё шумо медонед, ки тоҷикон ба тамаддуни ҷаҳон чӣ ҳиссае гузоштаанд?
- Каму беш огоҳӣ дорам, - мегӯяд лейборист.
- Халқеро, ки ба ҷаҳони башар мисли Рӯдакию Фирдавсӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҳазорон адибону донишмандонро тақдим доштааст, ақибмонда гуфтан оё аз рӯи инсоф аст?
- Манзури ман тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла аврупоист, - мегӯяд лейборист.
- Ин тавр бошад, марҳамат, бигӯед, ки Шекспири бузург дар ватанаш Инглистон чӣ мақоме дорад?
- Шекспир… - ба андеша меравад лейборист ва баъд мегӯяд: - Шекспир замоне дар ҷаҳон ғулғула андохта буд. Бузургтарин театрҳои ҷаҳон ба асарҳои ӯ рӯ меоварданд. Аммо дар айни замон Шекспир куҳна шудааст, чандон ба дард намехӯрад. Асарҳои ӯро танҳо баъзе театрҳои музофотӣ ба саҳна мегузоранд.
- Бигӯед, ҷаноб, оё тилло, ишқу муҳаббату вафодорӣ ва андешаҳои олӣ куҳна мешаванд? Ин ҳамаро метавон аз эҷодиёти Шекспир пайдо кард. Шекспир барои мо, тоҷикон, ҳаргиз куҳна нашудааст, балки барои бунёди ҳаёти озодонаву хушбахтона ёрӣ мерасонад.
- Аҷиб, бисёр аҷиб, - мегӯяд лейборист. Мо намедонистем, ки Шекспир дар диёри шумо ин қадар маҳбубият доштааст.
- Бале, ончунон маҳбубият дорад, ки ҳангоми тамошои асарҳояш одамон ба ваҷд меоянд ва ҳатто ашк мерезанд. Магар ин рамзи тамаддуни баланд нест?
Лейборист хомӯш мемонад, ҳарфе намегӯяд, ба фикр фурӯ меравад.
- Шоири машҳури мо Лоҳутӣ драмаҳои оламшумули «Отелло», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта» - ро ончунон забардастона тарҷума карда, ки аз хонданаш ҷони одам ҳузур мекунад. Агар ба Тоҷикистон биёед, ман шуморо ба театри пойтахтамон мебарам, ки дар он ҷо фоҷиаҳои Шекспир намоиш дода мешаванд. Ҳамаашро худатон бо чашми сар мебинед.
Лейборист дасти Турсунзодаро фишурда, мегӯяд:
- Бубахшед, иллат дар он аст, ки Шарқу Ғарб аз ҳам дур афтодаанд. Мо аз ҳаёти якдигар дуруст воқиф нестем. Тарҷумаи Шекспир ба тоҷикӣ ин худ як навъ қаҳрамонист.
Дарвоқеъ, устод Лоҳутӣ бо тарҷумаи осори Шекспир ва дигар асарҳои адабиёти ҷаҳонӣ корномае нишон дод, ки дар таърихи адабиёту фарҳанги мо нақши ногусастанӣ дорад. Шоири сухангустар ҳангоми тарҷума тароват ва шаҳомати забони тоҷикиро ба авҷи аъло расондааст.
Агар устод Лоҳутӣ ба тарҷумаи асарҳои Шекспир, ба тарҷумаи драмаҳои манзуми Грибоедов «Дод аз дасти ақл», Лопе де Вега «Чашмаи гӯсфандон» ва дигарон иқдом намекард, ба гумон аст, ки каси дигаре ба ин кори душвор даст мезад ва агар даст мезад, он ҳама шакарафшониҳои суханро таҷассум карда наметавонист.
Устод Лоҳутӣ дар баробари тарҷумаи осори Шекспир, инчунин, барои рӯйи саҳна омадани онҳо ҷидду ҷаҳди зиёде кардааст. Ӯ шахсан ба театр омада, рӯзҳои дароз машқи ҳунарпешагонро аз мадди назар гузаронда, махсусан дар баёни сухан, ки бояд ҳар калимааш ба ҳадаф расад, маслиҳатҳои ҷолиб ва хеле муфид медодааст.
Ҳунарпешаи маъруф Абдусалом Раҳимов, ки солҳои 1941 – 1950 дар театри академӣ – драмавӣ фаъолият намудааст, дар суҳбатҳои Лоҳутӣ шахсан иштирок намуда, нақлҳои ҷолибе мекард. Аз рӯйи нақли он кас, Лоҳутӣ махсусан ба нақши Отелло бисёр таваҷҷуҳ зоҳир мекардааст. Бо Муҳаммадҷон Қосимов, ки бозидани нақши Отелло бар дӯши ӯ вогузор гашта буд, соатҳои дароз суҳбат карда, ҷаҳони ботинӣ ва зоҳирии қаҳрамон ва зиддиятҳои олами рӯҳии ӯро мефаҳмондааст.
- Муҳаммадҷон, - мегуфт Лоҳутӣ, - тавонотарин ҳунарпешагони ҷаҳон нақши Отеллоро бозида, шуҳрат ёфтаанд. Ту аз онҳо кам нестӣ. Бикӯш, қобилияти баландатро собит намо. Бидон, ки Отелло инсони беназирест, аммо дучори туҳмат ва рашки сӯзон гардидааст. Инро бояд бо тамоми ҷузъиёташ, табиӣ ва боварибахш таҷассум намоӣ. Вақте ки бар сари Дездемонаи ба ҳалокат расида ин суханҳоро ба забон меорӣ, бояд аз ҳар тори мӯят, аз тамоми вуҷудат нолаву шевани ҷонгудоз бархезад:
Бӯсакунон куштамат, эй бути беназирам,
Изн деҳ, акнун туро бӯсакунон бимирам.
Пас аз заҳмати гарони эҷодӣ Муҳаммадҷон Қосимов нақши Отеллоро бо маҳорати олӣ меофарад ва сазовори баҳои баланд мегардад.
Моҳи апрели соли 1941 дар Маскав Даҳаи санъати тоҷик барпо мешавад ва ба ин муносибат фоҷиаи «Отелло» - ро намоиш медиҳанд. Роҳбарони мамлакат бо сардории Сталин онро тамошо мекунанд ва таассуроти баланд мебардоранд.
Пас аз гузаштани чандин сол Сталин ҳангоми суҳбат бо Бобоҷон Ғафуров аз ӯ пурсидааст:
- Магар Муҳаммадҷон Қосимов ҳанӯз ҳангоми куштани Дездемона ашк мерезад?
Ин савол гувоҳ бар он аст, ки нақши Отелло дар иҷрои Муҳаммадҷон Қосимов ба Сталин таъсири амиқ ва фаромӯшношуданӣ намудааст.
Аз он ки имрӯз дар нақши Отелло касе пайдо нест, театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, барои рӯйи саҳна овардани шоҳасари Шекспир худдорӣ менамоянд.
Лоҳутӣ аз зумраи сухангустаронест, ки ашъорашро бо рамзу тамсил, тасвирҳои анъанавӣ ороставу пероста гардонда, дар шароити нави таърихӣ аз онҳо эъҷодкорона истифода карда, мазмунҳои олӣ ва наву дилписанд офарид. Солҳои сиюм ва чилум мардуми тоҷик ашъори Лоҳутӣ дар лаб замин кишт мекарданд, каналҳои нав месохтанд, шаҳру деҳи нав бунёд менамуданд, роҳҳои нав мекушоданд, заминҳои асрҳо бекорхобидаро обшор мекарданд. Дар ҳар анҷумане, дар ҳар маъракае, дар мактабе, дар ҳар хонадоне ашъори Лоҳутӣ танинандоз буд. Имрӯз низ каломи волояш баландтару шевотар садо медиҳад. Зеро шарафи абадӣ ва умри ҷовидон  ёраш шуд!
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 553

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед