logo

иҷтимоиёт

БОЯД СИПОСГУЗОР БОШЕМ!

Мусаллам аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияташон ҳамчун Сарвари давлат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Қабули як қатор барномаҳои муҳими давлатӣ дар ин самт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши маоши кормандони соҳа ва нафақаи синнусолӣ ва маъюбӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён гувоҳ бар ин аст.

Агар дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар афзуда бошад, дар соҳаи тандурустӣ ин афзоиш ба  2,1 баробар аст. Бо таҳлилу баррасӣ дар ин самт рӯшан мегардад, ки ҳамеша Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар бо назардошти  рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои молиявӣ маблағгузориро дар соҳаи иҷтимоӣ зиёд намудааст.
Боиси масаррату шодмонист, ки Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми  навбатӣ эълон доштанд, ки аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар ин радиф музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз меафзояд.
Ҳадди ақал ва ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ, стипендияҳои донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия низ ба ин миқдор, яъне 15 дарсад афзуда мешавад.
Сарвари давлат дар баробари ин, ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонии маъюбон ва таъйину муқаррароти маъюбӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат, тавонбахшии кӯдакони маъюб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, пайваста таъкид менамоянд, ки боз ҳам бештар кӯшиш карду тадбир андешид, то ҷиҳати беҳбудии зиндагии гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа шароитҳои беҳтар фароҳам гардад.
Моро зарур аст, ки бо сипосгузорӣ ба ғамхориҳои навбатӣ фаъолиятро беҳтар ба роҳ монем ва баҳри пешрафти иқтисоди мамлакат, ободиву шукуфоии он саҳми арзанда бигирем.
Зиёдулло ҚУРБОНОВ, номзади илми тиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 258

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед