logo

фарҳанг

НИГИНА ИКРОМӢ: "ҲУНАРМАНДОН АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИСТИҚБОЛ МЕКУНАНД"

Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти муҳими рушд ва муаррифии миллат ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон ба таваҷҷуҳ ба  ҳунарҳои миллӣ ба кишвар  рӯ меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо  ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Ҳоло ин ду ҷода дар тамоми давлатҳо  дар якҷоягӣ аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ касб менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Ҷанбаъҳои дигари ин иқдоми муҳимро аз  мутасаддиёни соҳа пурсон шудем.  Нигина Икромӣ, директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, дар ин бора андешаашро чунин баён дошт:
- Ҳунармандони кишвар ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зиндагии худ фоли нек ва  ташаббуси хотирмон арзёбӣ менамоянд. Соҳаҳои ҳунармандӣ ва сайёҳӣ ҳамдигарро пурра месозанд. Харидори асосии маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ сайёҳони хориҷианд.  Онҳо маҳсули дасти косибонро ҳамчун армуғон ба ватани хеш мебаранд. Агарчи то имрӯз  ҳунармандон аз шароиту имкониятҳои зиёд бархӯрдор буданд, Сарвари давлат барои боз ҳам рушду нумӯи фаъолияти ҳунармандӣ ва афзоиши маҳсулоти онҳо дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бобати фароҳам овардани имкониятҳои васеътар дастуру супоришҳо доданд. Махсусан, ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок барои фаъолияти ҳунармандӣ ва аз пардохтҳои андозӣ озод кардани фурӯши маҳсулоти он беҳтарин роҳи дастгирии ҳунармандон аст, ки Пешвои миллат таъкид намуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ – 14 октябри соли ҷорӣ низ ҷиҳати таъсиси гузаргоҳҳои ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар масъулонро муваззаф намуданд, ки имрӯзҳо аллакай амалӣ гардида истодааст. Гузаргоҳҳои мазкур  имконият медиҳанд, ки маҳсулоти ҳунармандон дар бозор харидори бештар ёбад ва боиси ҳавасмандии зиёди ҷавонону занон ба ин пеша гардад.
 Ҳоло аъзои Иттифоқи ҳунармандони кишвар аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ қариб ба 200 нафар расидааст. Тӯли  соли равон  онҳо дар чанд намоишгоҳ  дар мамлакат ва хориҷи он иштирок варзиданд.  Зимни  чорабинӣ ҳунармандон маҳсулоту тарҳҳои нави худро нишон дода,  қисми зиёдашон бо мукофотҳои созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ сарфароз гардиданд. Баробари ривоҷ ёфтани ҳунарҳои мардумӣ раванди таъмини ҷойи кори доимии шаҳрвандон низ дар заминаи соли эълоншуда беҳтар мегардад, хусусан аз ҳисоби бонувон. Ҳамчунин, шумораи бештари маъюбон ба воситаи ба роҳ мондани гузаргоҳҳои ҳунармандӣ ба шуғл фаро гирифта мешаванд, ки аз баракати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хоҳад буд.  
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 247

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед