logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«СЮРПРИЗ» БАЪДИ 41 СОЛ
Ин ҳодиса соли гузашта рух дод. Хонаамро таъмир карданӣ шудам. Вақте зардеворҳоро (обой) аз девор мекандем, дар як тарафи хона расми Бобои барфӣ ва арча бо ситораи сурх намоён шуд. Дар кулоҳи Бобои барфӣ 1976 навишта шуда буд. Ростӣ ба расм нигариста, ба андеша рафтам. Намедонам ин расмро кӣ кашидааст, лекин ба ман ин «сюрприз» беҳад писанд омад.
Расмро тоза накардам, баръакс дар паҳлуи он ман ҳам расми Бобои барфӣ ва арча кашида, соли 2017 навиштам. Бигзор баъди 10 – 20 ё 30 сол нафари дигареро расмҳои ман хушҳол намояд.
Таҳияи  Ф. АЛИШЕР


СОЛИ НАВ. ЧАНД ҲАРФИ НОГУФТА
• Соли 1935 бо фармони Сталин арча ҳамчун рамзи Соли нав дониста шуд ва ситораи Вифлеевӣ  бошад, ҳамчун ситораи панҷгӯша эътироф гардид.
• Дар Рими қадим Соли нав моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Маҳз дар ин вақт корҳои саҳроӣ оғоз мешуданд. Соли 46 - и то милод императори Рим - Юлий Сезар ҷашн гирифтани Соли навро ба 1- уми январ гузошт ва дар тақвими юлианӣ ҷой дода шуда, дар тамоми Аврупо паҳн гардид.
• Дар Англия солҳои зиёд Соли нав 25 март ҷашн гирифта мешуд ва танҳо соли 1752 онро ба 1 январ гузаронданд. Дар Шотландия аз ҳамон замон Соли нав аз 1 январ оғоз гардид.
• Дар Куба ҳамаи зарфҳои хӯрокхӯрии хонаро бо об пур мекунанд. Дар шаби Соли нав ҳамаи онҳоро ба берун бурда мерезанд, то ин ки тамоми гуноҳҳояшон шуста шавад. Соли навро дар ин ҷо рӯзи Подшоҳон ном мебаранд.
• Дар Юнон сардори оила дар шаби Соли нав ба кӯча баромада, аз назди девори хонааш анор ҷамъ мекунад. Бо ин кор барои ӯ шахсони аноргузошта дар ҳамаи самтҳо барор орзу мекунанд.
• Соли 1843 дар Лондон аввалин табрикномаи солинавӣ чоп шуд. Ҳамин тариқ, анъанаи табрик кардан бо воситаи он ҷорӣ гардид.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


АНЪАНАҲОИ СОЛИНАВӢ
Тибетиён пеш аз Ҷашни Соли нав санбӯса пухта, ба раҳгузарон тақсим мекунанд. Боигарӣ дар ин сол аз ҳамин саховат вобаста мебошад.
* * *
Дар Итолиё дар дастархони солинавӣ наск, чормағз ва ангур мегузоранд, ки рамзи саломатӣ, дарозумрӣ ва некуаҳволӣ мебошанд.
* * *
Дар Ҷопон дар шаби Соли нав пешниҳод намудани карам, шоҳбулутҳои бирён, лӯбиё ва шакароб анъана шудааст, ки нишонаи хушбахтӣ, бурдборӣ, саломатӣ ва хонаободӣ мебошад.
* * *
Дар Олмон болои мизу курсиҳо баромада, аз он ҷо бо ханда меҷаҳанд. Ин нишони хушбахт гардидан дар Соли нав мебошад.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


СОЛИ САГ. АЗ БРИҶИТ БАРДО ТО ГАГАРИН
Шахсони дар соли cаг (1922, 1934, 1946, 1958, 1970, 1982, 1994, 2006, 2018) бадунёомада дорои беҳтарин хислатҳои инсонӣ мебошанд, ки вафодорӣ ва ҳақиқатпарастӣ аз ҷумлаи онҳост. Барои мисол, машҳуртарин ҳунармандони театр ва кино Бриҷит Бардо, Софи Лорен ва Лайза Миннелли, ҳамчунин, Силвестр Сталлоне, Алек Болдуин, Пер Ришар, Олег Басилашвили, Савелий Крамаров, Анатолий Папанов ва Александр Балуев маҳз бо чунин хислатҳояшон дар дили ҳаводорони ин намуди санъат маъво гирифтаанд.
Аз миёни ҳунармандони санъати мусиқӣ Дэвид Боуи, Элвис Пресли, Майкл Ҷексон Мадонна, адибони ҷаҳонӣ Стивен Кинг, Курт Воннегут, Волтер ва адибони шинохтаи тоҷик   Боқӣ Раҳимзода ва Аскар Ҳакиму Саттор Турсун ба ҳамин саф шомиланд.
Воқеан, аввалин кайҳоннавард Юрий Гагарин низ дар соли саг ба дунё омадааст.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


БАМБУК, ОЛУ ВА САНАВБАР
Соли нав дар Ҷопон калонтарин ид маҳсуб шуда, чанд рӯз давом меёбад. Арафаи Соли навро “ҳафтаи тиллоӣ” меноманд. Се рӯзи аввали Соли нав истироҳатист.
Дар лаҳзаи фарорасии Соли нав ҷопониҳо механданд, зеро мутмаинанд, ки ханда дар соли шурӯъшуда барояшон барор меорад.
Дар ҷойи намоёни хона нонҳои биринҷӣ, дар рӯяш мандарин мегузоранд, ки рамзи бахт, солимӣ ва барори кор аст. Дар назди хона гузоштани бамбуку санавбар бошад, нишони вафодорӣ ва дарозумрист. Дар хонадони ҳар ҷопонӣ шаби Соли нав се шохча пайдо мешавад: шохчаи бамбук - бигзор кӯдакон низ тез калон шаванд, олу - бигзор соҳибхонаҳо ёварони боқувват дошта бошанд ва санавбар - бигзор ҳама аъзои оила чун санавбар умри дароз бубинанд.
Соли навро ин ҷо на нимашаб, балки субҳдам истиқбол мегиранд ва якдигарро табрик мекунанду туҳфа медиҳанд. Таҷлили ид дар доираи оила маъмул аст. Дар Ҷопон чун дар Чин дар ин рӯз аёдати волидон ҳатмист.   
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


СТЕПАН ВА “КИНДЕР СЮРПРИЗ”
Ҳайкалчаи шоколадии Бобои барфӣ, ки кӯдакон дар иди Соли нав басо дӯсташ медоранд, ихтирои сирф русист. Ба истеҳсоли он дар корхонаи машҳури қаннодии «Бабаевский» ҳанӯз ибтидои асри XX шурӯъ карда буданд.
Ихтироъкори қанди Бобои барфии шоколадӣ деҳқони крепостной Степан мебошад, ки бо пирогҳои ниҳоят бомаза ва ҳалвои дар даҳон обшавандаи шафтолуӣ ном бароварда буд. Аз ин хотир, ӯ ба худ насаби хушоҳангу бомазаи Абрикосовро мегирад.
Бори аввал маҳз дар корхонаи қаннодии Абрикосовҳо истеҳсоли ҳайкалчаи шоколадии ҳайвонот, аз ҷумла харгӯшу мурғобӣ, хирсак ба роҳ монда шуд, ки зуд талабгори зиёд пайдо кард ва ҷузъи ҳатмии туҳфаҳои солинавӣ гашт. Истеҳсоли Бобои барфии шоколадӣ ба давраи Инқилоби соли 1917 рост омад. Ин қаннодони рус боз як ихтирои худ - шоколади байзашаклро ба савдо бароварданд, ки дар даруни он ҳар хел бозича, расму откритка гузошта мешуд. Дар Италия ба истеҳсоли чунин қанд танҳо соли 1972 шурӯъ карданд, ки баъдан дар дунё бо номи “киндер сюрприз” машҳур шуд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ҲАЗЛИ СОЛИНАВӢ
Дар бораи зарари тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ чунон бисёр хондаам, ки қарор додам, пас аз Ҷашни Соли нав бас мекунам…
-Тамоку ё арақро?
-Хонданро!
Таҳияи Ш. РАҶАБОВ


ЗАРОФАТИ СОЛИНАВӢ
– Ана ба ту туҳфаи солинавӣ, - гиторро ба писараш дода, гуфт падар.
– Ташаккур! – Аммо барои чӣ ин гитор бе  тор аст?
– Ҳамааш на якбора, албатта. Навохтанро, ки ёд гирифтӣ, баъд торашро мехарем.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ЯК ХОБИ АҶОИБ
Чандин ҷонварони хунгарм, аз ҷумла ширхорон ва баъзе аз парандаҳою ҳашарот, мисоли хирс, шабпара, хорпушт, хазмуш, миримушон, санҷобҳои заминӣ баробари фарорасии зимистон ба хоби зимистона мераванд. Аксари онҳо то се моҳ ва зиёда аз он хоб карда, дар ин муддат фаъ-олияти организми худро куллан тағйир медиҳанд.
Нафаскашӣ, гардиши хун ва  ҳатто  тапиши дили онҳо суст шуда, энергияи вуҷудашон сарфа мешавад. Зеро ҳар қадаре, ки хун сусттар гардиш кунад, ғизо ҳам камтар даркор мешавад. Чунин раванд водор месозад, ки чарбуҳои бадани онҳо об шуда, ба сифати ғизо хидмат кунанд. Аз ин сабаб, ҳамаи онҳо баҳорон 40 дарсади вазни худро коҳиш дода, бо мӯйҳои рехта ва рангу рӯйи коҳида аз хоб бармехезанд.  
Воқеан, хоби тӯлонии зимистонӣ барои ин қабил ҷонварҳо боиси бехатарӣ ва омили расидан ба баҳори дигар низ ҳаст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ГАРОНБАҲОТАРИН САГИ ДУНЁ
Дар соли саг ҳикоят аз ин ҷонвари  вафодор амри воқеист, зеро саг бесабаб беҳтарин дӯсти инсон эътироф нашудааст.  
Хон Дон аз нодиртарин ва гаронбаҳотарини сагҳои дунёст. Ин саги зоти тибетиро дар музояда миллионере аз Чин ба 1,5 миллион доллар харидааст. «Албатта, медонистам, ки нархи аслии ин саг дар бозор 20 - 25 ҳазор доллар аст. Аммо бо як дидан ниҳоят писандам омад», - мегӯяд соҳиби нави Дон. Қади саги 11 - моҳа аллакай 1 метр буда, 80 килограмм вазн дорад.
Хонаи нав барои  Дон фарқкунанда ва дорои тамоми шароитҳост: нигаҳбонони махсус, хӯрокҳои беҳтарин, бо реҷаи вижа гаштугузор дар гулгашт… Агар қаблан саг танҳо гӯшт мехӯрда бошад, сагдӯсти чинӣ ҳар рӯз барояш гӯшти ҳайвоноти баҳрӣ ва сабзавоти камёфту гаронбаҳо мефармудааст. Шояд бовар накунед. Вале мӯйи Донро беҳтарин устоҳо аз Фаронса омада ороиш медиҳанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


БАРФИИ 37- МЕТРА
Моҳи феврали соли 2008 дар шаҳри Бетели иёлати Мэни ИМА барфие сохтанд, ки ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил гашт. Ба шарофати зан – сенатор Олимпии Сноу ба он Олимпия ном ниҳоданд. Олимпия 37 метр қад дошт. Барои сохтани он 6 000 тонна барф истифода гардид. Мижгонҳои ӯ аз 16 лижа иборат буда, чашмонаш аз гулчанбари бузург сохта шудааст. Лабҳо ва тугмаҳояш аз чархҳои мошин, дастонаш аз дарахти 9 - метраи арча оро ёфтаанд. Қутри кулоҳаш 15 метр, дарозии шарфаш баробар ба 40 метр аст. Овезаи гарданаш, ки ба сохти зарраи барф монанд аст, 23 килограмм мебошад. Олимпия ҳамагӣ 6 моҳ қомат афрохта, дар моҳи июл ба пуррагӣ об шудааст.
Воқеан, бетелиогиҳо барои сохтани чунин барфиҳо борҳо дар китоби Рекордҳои Гиннес дохил гаштаанд. Соли 1999 барфие сохта буданд, ки қадаш  34 метр буд. Он ба шарофати Ангуса Кинга, губернатори ҳамонвақтаи иёлат, Ангуст номгузорӣ шуда буд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ. ДАР БОРАИ СОЛИ НАВИ МАРДУМИ ДУНЁ
Бори аввал ғояи ҷашн гирифтани Соли нав 3000 сол пеш аз мелод дар Месопотамия (Байнаннаҳрай) ба вуҷуд омадааст.
***
Анъанаи оро додани арчаи солинавӣ дар асрҳои миёна дар Олмон расм шуд.
***
Ҷашн гирифтани Соли нав дар Русия  рӯзи 1 январ соли 1700 бо фармони Пётри 1 роиҷ гашт.
***
Аввалин маротиба мардуми рус 1 январи соли 1898 ба кор набаромада, истироҳат карданд.
***
Бобои барфӣ шурӯъ аз соли 1840 ҳамчун қаҳрамони Соли нав пайдо шуда бошад ҳам, аммо чун образи асотирӣ дар байни қавми славянҳои қадим маълум буд.
***
Набераи Бобои барфӣ (снегурочка) дар замони шӯравӣ, соли 1937 офарида шуд ва ҳамон сол дар Ҷашни Соли нав бо бобояш рақсу бозӣ нишон дод.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ХАСКАШАК ХАРИДАНРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД
Дар арафаи Соли нав ҳар хонаводаи ҷопонӣ ҳатман... хаскашак мехарад. Ин армуғони солинавӣ набояд фаромӯш шавад, вагарна хушбахтиро ба хона бо чӣ кашида медарорӣ?

12 ДОНА АНГУР БОЯД ХӮРД
Испаниҳо ҳангоми занги соат 12 дона ангур, бо ҳар зарба як дона мехӯранд. Ҳар донаи ангур рамзи моҳи сол аст ва ин миқдор ангур бояд хӯрд, то ки ҳар моҳи соли шурӯъшуда хушбахт бошӣ.
Зимнан, анъанаи монанд дар Филиппин низ ҳаст, лекин дар он ҷо ангури “хушбахтӣ” ҳамагӣ ҳафт дона аст.
Таҳияи Ш. НАСРИДДИН


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
10. Пули Макао
Хизмати умдаи пули мазкур ба ҳам пайванд кардани Макао, Ҳонконг ва қисмати материкии Чин маҳсуб меёбад. Зеро ҷонибҳо аз ин манфиати назаррас мебинанд: то ба он барои аз Ҳонгонг ба Макао рафтан 4 - 5 соат сарф мешуд. Пули 29 - километраи Макао имкон медиҳад, ки ин масофа ҳамагӣ дар 40 дақиқа тай шавад.  Ғайр аз ин, ду ҷазираи сунъии ба ҳам бо нақби зериобӣ пайвастшуда бунёд гардид.
Таҳияи Н. ШАМСИДДИН


ЯК ПАНДИ СОЛИНАВӢ
Дар Ҷопон то фарорасии Соли нав кӯшиш мекунанд, ки вожаҳои неку нармро азхуд кунанд ва ба кӯдаконашон омӯзонанд, то соли оянда ба ҳамдигар ҳарфи зиште нагӯянд ва хушбахт бошанд.
Таҳияи Б. САЛИМОВ


БАРФУ ТАРФ
Соли навро бе тарфбозӣ  тасаввур кардан душвор аст. Зеро он аз муҳимтарин ва бошукӯҳтарин қисмати таҷлили фарорасии Соли нав гаштааст.
 Аввалин мушакҳои парронро ду ҳазор сол пеш дар Чини Қадим сохта,  барои гурезондани деву ҷин, ҳамчунин, дар маросимҳои динӣ, тӯю сур истифода мебурданд. Дар Аврупо бори нахуст мушакҳоро соли 1486 дар тӯйи шоҳи Англия Генрих VII сар доданд. Аз ҳамон сол дар дарбор бе тарфбозӣ ягон маърака намегузашт. Дар Русия Пётри I ба тарфбозӣ рағбати зиёд дошт. Салюти солинавӣ ба муносибати фарорасии асри XVIII 7 рӯз давом кард.
Барои аз тарф дар осмон пайдо шудани рангҳои ҳархела моддаҳои кимиёӣ истифода мегарданд. Масалан, шуълаи бунафш аз ҳисоби калий, кабуд аз селен ё зард аз натрий ҳосил мешавад.
Тарфи азимтаринро соли 1988 дар шаҳри Хоккайдои Ҷопон сохтанд, ки вазнаш 700 кг, қутраш ҳангоми таркиш 1,3 километр буд. Тарфи дарозтарин бошад, худи ҳамон сол дар Малайзия сохта шуд. Мардум ин “мор” - и оташиро, ки 6 км дарозӣ дошт, дар осмон  9 соату 27 дақиқа тамошо карданд.
Таҳияи Г. МАВЛОНАЗАРОВА


НОДИРТАРИН ВА ГАРОНБАҲОТАРИН БОЗИЧАҲОИ СОЛИНАВӢ
Соли 1949 бахшида ба 150 - солагии сардафтари адабиёти рус А. С. Пушкин бозичаҳоеро бароварданд, ки дар онҳо расми ӯ дар шаклҳои гуногун тасвир ёфта буд.  Ширкати истеҳсолӣ ин гуна бозичаҳоро фармоишӣ шумурда, онҳоро  нодир ва нотакрор баровард. Имрӯз ҳам он бозичаҳо дар   осорхона нигоҳдорӣ мешаванд.
***
Марк Хас, тарроҳи бритонӣ, давоми як сол барои  рӯҳбаланд кардани хеш дар  ҷашни солинавӣ бозичаеро омода кард, ки он ягона ва  гаронбаҳотарин дар дунё эътироф шуд. Ин намуди бозичаи лундашакл  аз тиллои сафед, 1500 донаи алмос, 188 лаъл ва ду ҳалқаи дарҳамбастаи тиллои соф омода гардидааст.
«Лаҳзаи омода кардани бозича бароям арзишаш муҳим набуд. Ҳатто тасаввур намекардам, ки рӯзе ин бозичаи одии ман мақоми ҷаҳониро мегирад. Рос-ташро гӯям, худам онро аз бозичаи муқаррариву муваққатӣ беш намеҳисобидам» - мегӯяд Марк.
Воқеан, бозичаи Марк имрӯз дар қасри шоҳигарии Гемпшири Бритония маҳфуз буда,  бо арзиши 82 ҳазор  евро  ҳамчун гаронбаҳотарин ороиши арчаи солинавӣ  шомили китоби рекордҳои Гиннес гардидааст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 308

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед