logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

Ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Темурмалик дар ёздаҳ моҳи соли 2017 – ум 1310 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд. Аз 1221 нафари бақайдгирифташуда 560 нафараш зан мебошад. Дар самти меҳнат дар ҳамкорӣ бо ташкилот ва муассисаҳо 272 созишномаи меҳнатӣ баста шуд. 215 бекор аз ҳисоби барнома ба касбомӯзӣ бо касбу ихтисосҳои фарогир дар бозори меҳнат ҷалб гардид.

Дар ин муддат дар маркази таълимии калонсолони Ҷамоати деҳоти Кангурт 195 нафар шахси бекасбу кор ва бешуғл тариқи барнома курси ҳунару касбомӯзиро хатм намуд. Инчунин, дар деҳаи Давадҳалқаёри Ҷамоати деҳоти Бобоюнус 20 нафар шахси бекору бешуғли ҷамоат омӯзиши касби кафшергари барқиро аз ҳисоби барнома хатм кард. Дар назди шуъба 20 нафар бахши асосҳои омӯзиши компютерӣ ва ҳамин миқдор бахши кафшергари барқиро хатм кард. Ҳамаи ин касбомӯзон баъди хатм тавассути маркази таълимии калонсолони Ҷамоати деҳоти Кангурт бо шаҳодатномаҳои касбӣ таъмин гардиданд. Айни замон дар маркази таълимии Ҷамоати деҳоти Кангурт як адад дастгоҳи адрасбофӣ оварда, насб карда шуд, ки то имрӯз 15 нафар омӯзиши ин касбро ба итмом расонд.
Дар маркази шаҳраки Совет барои  рушди касбомӯзии занону духтарон 15 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ оварда шуд, ки ин барои бо ҷойи кор таъмин гаштани як қисми занону духтарони бекору бешуғли ноҳия мусоидат менамояд. Бино ба иттилои сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Музаффар Мирзоев давоми ёздаҳ моҳи сипаригашта даҳ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озоди минтақавӣ ва ноҳиявӣ гузаронда шуд. Дар чорабинии мазкур аҳли кормандони шуъба бо намояндагони корхонаву ташкилотҳои ноҳия  иштирок доштанд. Дар ин ярмаркаҳо намояндагони 28 ташкилоту муассиса, хоҷагиҳои давлатию инфиродӣ иштирок намуда, 193 ҷойи кории холиро ба корҷӯён пешниҳод намуданд. Дар ин ярмаркаҳо 103 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 40 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт. Дар самти бакортаъминкунӣ бошад, дар ёздаҳ моҳи соли равон 676 нафар сокини бекори ноҳия бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда шуд, ки аз онҳо 399 нафараш зан мебошад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 242

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед