logo

иҷтимоиёт

ШИРАИ КАМОЛ. БОЗ ЯК ҚОЧОҚ ПЕШГИРӢ ШУД

Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонда мешаванд.
Табиати афсункори кишвар бо насими диловезу муаттар ва гулу гиёҳҳои шифобахшаш кайҳост писанди оламиён гардидааст. Мутаассифона, ашхосе ёфт мешаванд, ки ин ҳама зебоиҳоро нодида мегиранд ва ин сарвати бебаҳои кишварро мехоҳанд берун аз марз интиқол бидиҳанд.
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, нақлиёти тамғаи ДАФ, рақами қайди давлатиаш ТҶ 42 - 06 РР 01, ядакаш 01 АА 25 - 31, ронандааш Саидҷамол Саидов, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, боздошт шуд. Ҳангоми гузарондани муоинаи гумрукӣ маълум гардид, ки дар бордони он семент мавҷуд аст. Вале дар қисми поёнии бордон пинҳонгоҳи махсус сохта шуда, дар дохили 66 зарфи пластмасӣ маводи шираи камолро, ки вазни умумиаш 1 тоннаю 440 килограммро ташкил медиҳад, устокорона ҷойгир кардаанд. Номбурда мехост ин миқдор маводро ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол бидиҳад.
Ҳангоми суҳбат бо ронанда маълум гардид, ки маводи дар-ёфтгардида ба Муҳаммадамин Аҳмадулло Амин сокини вилояти Нангарҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тааллуқ доштааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаҳои 234 пр.-1 бандҳои «Б 2», «Д», 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот  идома дорад.
Маркази матбуоти
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 371

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед