logo

сиёсат

ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр ҷашн гирифта мешавад, бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуда, ба фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сарвари давлат аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайёра изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.
Зимни таҳлили фаъолияти ниҳоди мазкур давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дастовардҳо, ҳамчунин, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ аз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, набудани интизоми ҳарбӣ миёни ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ва қонуншиканиҳо ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, аз роҳбарияти кумита ислоҳи камбудиҳоро дар муҳлатҳои муайян талаб намуданд.
 Ҳодисаҳои чанд моҳи охир дар сарҳади давлатӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон рухдода собит намуданд, ки дар ин самт, яъне пурзӯр кардани интизом ва тақвияти неруҳои сарҳадӣ корҳои зиёде бояд ба анҷом расонда шаванд. Аз шароити хизмат, машқу тамрин ва гузарондани чорабиниҳои омӯзишии зиёд ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар як соли охир даҳҳо дидбонгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таълимгоҳҳо ва шароити зисту истироҳат бунёду мавриди истифода қарор гирифтанд. Сол ба сол таъминот бо яроқу техника ва дигар муҳимоти ҷангӣ хубтару беҳтар шуда, сафи мақомоти мазкур аз ҳисоби афсарони ҳирфавӣ пурра мегардад.
Ба андешаи Пешвои миллат яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди мақомоти амнияти миллӣ истодааст, ин пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастур доданд, ки ҷиҳати ҳар чи тезтар ба Ватан баргардондани чунин афрод ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо чораҳои амалӣ андешида, дар шароити таҳдидҳои гуногуншакли террористӣ, ки ҳамарӯза дар нуқтаҳои мухталифи сайёра амалӣ карда мешаванд, роҳу усулҳои муборизаро низ тақвият бахшанд, то тавонанд бо ин зуҳуроти нангин муборизаи беамон баранд.
Дар охири суханронӣ бори дигар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолати бузург - ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир, озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.
Дар ҷамъомад бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров рутбаи навбатии ҳарбии генерал - лейтенант, ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нусратулло Мирзоев рутбаи навбатии ҳарбии генерал - майор ва ба сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Шомуддин Шарифов  рутбаи навбатии ҳарбии генерал - майор дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 361

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед