logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст масъала «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» баррасӣ гардид.
Сипас, дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018”, «Дар бораи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 - 2021» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” гузориши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Ҳамчунин, дар кори маҷлис аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” ирсол карда шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таъсиси чор ниҳоди нав, аз ҷумла Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, Раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт», Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар заминаи киностудияи “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи таъсиси ҳамаи ниҳодҳои нав ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ҳифзи сиҳатии омма, назорати қатъӣ аз рӯи воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии инсон зараровар, маводи доруворӣ ва беҳтар намудани фаъолияти озмоишгоҳҳо мебошад. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар сохторҳои нав мутахассисони баландихтисоси ин соҳаҳо ба кор ҷалб карда шаванд.
Дар охири кори маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба ҳар чи зудтар таҳия кардани Нақша - чорабиниҳо ва пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баҳри иҷрои ҳатмии супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас доданд.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, бахусус дар пойтахти кишвар, таъсиси ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал, намоишу фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, таъмини пурраи аҳолӣ бо гармӣ, неруи барқ ва маводи ғизоӣ дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 878

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед