logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ҚОНУНСОЛОРӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Соли гузашта барои риоя накардани талаботи моддаи 474 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз шаҳрвандон ба фоидаи Буҷети давлатӣ 22500 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Қурбоналӣ Сафиев, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Нуробод, бо зикри ин матлаб иброз дошт, ки дар соли гузашта дар ноҳия дувоздаҳ рейди муштарак гузаронда шуд. Дар  натиҷа маълум  гардид, ки  мардум моҳияти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро хуб  дарк  намудаанд.
- Дар ноҳия ҳашт комиссияи доимӣ  ва 55 комиссияи ҷамъиятӣ амал намуда, 368 семинару машварат, 469 мулоқоту вохӯрӣ, мизҳои мудаввар гузаронда шуда, ҳашт қонуншиканӣ пешгирӣ гардидааст. Вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда,  ба суд ирсол гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, фаъолияти 73 - масҷиди ба таври ғайрирасмӣ амалкунанда бо қарори раиси ноҳия қатъ гардида, ба марказҳои фарҳангӣ - фароғатӣ табдил дода шудаанд. Масҷидҳои панҷвақтаи расмикунондашуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҷавобгӯ буда, таҳти назорати доимии ниҳодҳои дахлдор қарор доранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод риояи қатъии талаботи қонунҳои амалкунандаро дар меҳвари фаъолият қарор дода, барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир андешидааст.
Гулнисо САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 254

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед