logo

иқтисод

«ДУНЁИ НАВ» МАКОНИ КОРУ ИСТИРОҲАТ

Тайи чанд соли охир бо бунёди биноҳои баландошёнаи истиқомативу хизматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва иншооти азим ҳусни пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун гаштааст. Ин ободкориҳо дар мисоли пойтахти мамлакат, дар маҷмӯъ баёнгари он аст, ки Тоҷикистони маҳбуб сол ба сол рушду тараққӣ меёбад.
Дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои ҳаштошёнае бо номи “Дунёи нав” қомат афрохтааст, ки бо тарҳи зебояш, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар ошёнаи аввали бино занону духтарони ҳунарманд ба қолинбофӣ машғул буда, дар табақаи ҳафтум барои фаъолияти нафарони имконияташон маҳдуд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаҳои дигар низ нафарони соҳибкасб ба дӯхтани рахти хоб, кӯрпаву кӯрпача, сарулибос, қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ машғуланд. Дар ин иншоот 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд. Ба ҳусни “Дунёи нав”  беш аз 150 ниҳоли сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои гуногуни ороишӣ, инчунин, фаввораҳои ду тарафи бино ҳусни тоза зам мекунанд.
Ба гуфтаи Авазхон Кабиров, дар шароити кунунӣ бояд пеш аз ҳама, дар андешаи ободии Ватан ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардум бошем. Соҳибкори муваффақ тасмим гирифтааст, ки минбаъд  дар шафати ин бино боз маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, аквапарк, иншооти варзишӣ ва хизматрасонии коммуналию маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 633
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед