logo

фарҳанг

БОЗЁФТҲО БЕНАЗИРАНД. КАНДАКОРИҲОИ РӮИ ЧӮБ ДАР КОВИШҲОИ БОСТОНШИНОСӢ

Ковишҳои бостоншиносӣ собит намудаанд, ки қадимтарин сутуни кандакоришудаи рӯичӯбии Осиёи Миёна аз ёдгории шаҳри Панҷакенти қадим ба даст омадааст. Он аз таърихи рушди ин навъи ҳунари мардумӣ шаҳодат медиҳад. Ин шаҳр дар асрҳои V-VIII ба яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ мубаддал гардида буд. Панҷакенти қадим бо як тарҳи хоси меъмории шарқиёна сохта шуда, бо санъати баланди кандакории рӯи чӯб зебу зинат дода шуда буд. Солҳои 720 - 722 дар натиҷаи  ҳуҷуми аҷнабиён шаҳр ба коми оташ рафт, ки бисёре аз иншооти таъйиноташон гуногун осеби ҷиддӣ диданд ва ё тамоман хароб гаштанд. Дар рафти ковишҳои бостоншиносӣ аз ин ёдгории таърихӣ пораҳои болор, сутуну арақа, паҳлударӣ, лавҳаҳои кандакоришуда ва ғайра дар шакли ангишти сӯхта ба даст омаданд, ки бо нақшҳои набототӣ (хӯшаи ангур, барг ва гул) оро дода шуда буданд.
Дар баробари ин нақшу нигори маъмул, дар санъати наҷҷории Панҷакенти қадим ҳунари муҷассамасозӣ ривоҷ ёфта буд. Яке аз бозёфтҳои ҷолиби санъати наҷҷории ин мавзеъ, ки таваҷҷуҳи  ҳар тамошобинро ба худ ҷалб  намудааст, ин муҷассамаи нимсӯхтаи раққосадухтар мебошад. Ин муҷассама дар қатори дигар бозёфтҳои шаҳр дар яке аз толори барҳавою кушоди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки аз ҳунари волои ҳайкалтарошии гузаштагони мо дарак медиҳад. Муҷассамаи нимсӯхтаро дар ҳолати ҳаракатҳои мураккабтарини рақс тасвир намудаанд, ки ба сифати оро додани сарсутунҳои хонаи ташрифотӣ мавриди истифода қарор дода мешуд.
Бозёфти дигар ин лавҳаи чӯбини кандакоришуда бо тасвири навда ва баргу хӯшаи ангур мебошад, ки дар шакли нимсӯхта то замони мо расидааст. Лавҳаи мазкур бо як санъати баланди касбӣ  кандакорӣ шуда, аз фарҳанги боғдории гузаштагони мо дарак медиҳад. Дар санъати наҷҷории Панҷакенти қадим чунин навъи пардозкории рӯи чӯб ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифта буд. 
Дар хусуси то замони мо омада расидани ин кандакориҳои рӯи чӯб ковишҳои бостоншиносӣ ва таҳқиқотҳои гузарондашуда собит намуданд, ки дар натиҷаи сӯхтор хоки бому деворҳои биноҳои маъмурию истиқоматӣ фурӯ рафта, масолеҳи кандакоришударо аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштааст. То оғози ковишҳои бостоншиносӣ, ки дар нимаи дуюми қарни XX ба вуқӯъ пайваст, осори кандакории рӯи чӯб дар шакли нимсӯхта дар зери хок ҳифз карда шуда буданд. Сабаби дигаре, ки ба ҳифз гардидани осори кандакории рӯи чӯб мусоидат намудааст, ин қисман гирифтори оташ шудани масолеҳи чӯбӣ мебошад. Чунки хоки ин мавзеи таърихӣ барои ҳифз намудани масолеҳи чӯбӣ номувофиқ буда, мисли дигар ҷисмҳои органикӣ чӯб ҳам ба хок омехта шуда мепӯсид.
Хулоса, ковишҳои бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим, собит намуданд, ки санъати кандакории рӯи чӯб яке аз ҳунарҳои қадима ва мақбултарини тоҷикон ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Ин бозёфтҳо беназир буда, барои муаррифии ҳар чи бештари таърихи фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик мусоидат мекунанд.   
Фирдавс ШАРИФЗОДА,
муовини сардори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 286

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед