иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. ПУЛҲО АКНУН ЗЕБИ ШАҲР МЕШАВАНД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе азнавсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардида, пули роҳи оҳани воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ баъди азнавсозӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳр дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба корҳои таъмиру азнавсозии пули роҳи оҳан оғози расмӣ бахшид.
Тарҳи азнавсозии пули роҳи оҳан дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати таъмиру тармими пулҳои роҳи оҳан ва атрофи онҳо дар ҳудуди пойтахт татбиқ карда шуд. Пули мазкур соли 1929 бо дарозии беш аз 67 метр бунёд гардида, бори охир соли 1978 азнавсозӣ шудааст. Бо гузашти солҳои зиёд пул ва иншооти атрофи он таъмирталаб гардидаанд. Тибқи лоиҳа, пули роҳи оҳан, панҷараҳо ва қисмҳои дигари он бо тарҳу намуди нав ва бо истифода аз масолеҳи хушсифат таъмиру тармим гардида, тавассути воситаҳои равшанидиҳандаи гуногун оро дода мешавад.
Дар ҳамин ҷо ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи сохтмони 4 иншооти коммуникатсионии шаҳр муаррифӣ карда шуд. Лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳр то маҳаллаи Чортут бо дарозии 7,3 км ва паҳноии то 60 метр бо 8 - хати ҳаракат, хати марказии ҷудошаванда ва чорсӯҳои дусатҳа тарҳрезӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ бо ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои марбута дастур доданд, ки дар вақти татбиқи лоиҳаҳо тамоми талаботи технологӣ ва қоидаҳои роҳсозии муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шаванд ва зимни азнавсозии ин ва дигар иншооти коммуникатсионии пойтахт ба тарҳу намуд, сифати иҷрои корҳо ва паҳноии роҳ диққати махсус диҳанд.
Инчунин, Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдӣ Шерозиро, ки чор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Корҳои азнавсозии пули мазкур аввали соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
Лоиҳа бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар доираи азнавсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ зинат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшандиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд. Ҳамчунин, атрофи пул пурра азнавсозӣ гардидааст.
Як қатор иншооти дигар низ мавриди истифода қарор гирифт. Аз оғози соли 2017 бо ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ садҳо иншоот бунёду азнавсозӣ гардидаанд. Бо вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ пойтахти мамлакат симои худро комилан тағйир дода, дар баробари зебову назаррабо гардидани кӯчаву маҳалла ва хиёбону гулгаштҳои сершумор, барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароити боз ҳам беҳтару хубтари зисту зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2018 №: 1 Мутолиа карданд: 279