logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонда шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои хоси идоракунии онро ҳамчун маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму тамаддун ва таърихию фарҳангии кишвар муайян менамояд.
Мувофиқи қонуни мазкур пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дорои мақоми махсуси давлатӣ буда, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷойгир шудаанд. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, инчунин, маҳали нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти милливу давлатӣ мебошад.
Дар қонуни номбурда, инчунин, мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои он ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди он, ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, таъмини бехатарӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва паҳлуҳои дигари ҳаёти пойтахт, роҳҳои амалӣ намудани онҳо муайян карда шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, тартиби будубош, инчунин, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.
Қонуни мазкур фурӯш ва истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электрониро дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илмию таълимӣ, биноҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бинои осоишгоҳҳо, меҳмонхона ва хобгоҳҳо, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16 - сола ҳузур доранд, майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ менамояд. Инчунин, танзими паҳлуҳои дигари ин масъала дар қонуни номбурда пешбинӣ карда шудааст.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои саркашӣ кардани фарзанд аз таъмини иҷтимоии падару модар ва дар навбати худ саркашӣ кардани падару модар аз таъмини иҷтимоии фарзанд дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ ва ҳам барои риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор пурзӯр намудааст. Инчунин, мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» воридгардида, ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, тибқи тартиби муқарраргардида рухсатии асосӣ қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад.
Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, танзими бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.
Қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 469

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед