Хабарҳо
Машварати сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон
Дар шаҳри Бишкек таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоир Саидзода ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Динара Кемелова машварати сиёсии ду кишвар баргузор гардид.
Зимни он тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро дар соли 2018 ҷиҳати ташкили вохӯриҳо дар сатҳи баланд ва олӣ идома хоҳанд дод.
Изҳори бовар шуд, ки муносибатҳои густурдаи Тоҷикистону Қирғизистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, обу энергетика ва фарҳангиву гуманитарӣ мусоидат хоҳанд кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 283