logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. СОҲИБКОРОН БА ОМӮЗИШ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон Боймамад Алибахшов номукаммал будани дониш ва лаёқати соҳибкорони навкорро дар самти таҳияи бизнес – нақшаҳо яке аз сабабҳои комилан рушд накардани фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят  арзёбӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ӯ иқдоми ширкати барқии “Помир Энерҷӣ” - ро дар масоили ташкили омӯзиш барои соҳибкорони ҷавон тавассути роҳандозии курсҳои махсус шоистаи таҳсин номида, аз дигар ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеӣ, ки имконияти дастгирии ҷавонони соҳибкорро доранд, даъват ба амал  овард, ки ин иқдоми ширкатро дастгирӣ кунанд.
Соҳибкорони ҷавон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ давоми як ҳафта ба машғулиятҳо фаро гирифта, бо тарзи таҳияи лоиҳаи бизнес - нақша, хароҷот ва даромади Буҷети давлат, ҳамчунин, роҳҳои ҳамкорӣ бо шарикони рушд, қоидаҳои андозбандӣ ва амсоли инҳо шинос шуданд.
Далер Ҷумъаев, директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ», гуфт, ки ҳадаф аз баргузории давраҳои омӯзишӣ ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ мебошад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
Соҳибкорони ҷавон пас аз давраҳои омӯзишӣ барои шиносоӣ бо ҷараёни кор дар корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе сафар карда, таҷриба андӯхтанд. Баъди бозгашт дар машварати  ҷамъбастӣ лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо аз тарафи коршиносони масоили иқтисодӣ ва соҳибкорони муваффақ  мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор  гирифтанд. Аз шаш лоиҳа, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, маводи сӯхт, бунёди ҳаммом, ташкили коргоҳи шустушӯи либосу палос ва сехи макаронбарорӣ  ихтисос ёфта буданд, бо қарори ҳакамон се лоиҳа беҳтарин дониста   шуд. Барои дар амал татбиқ намудани ин лоиҳаҳо ширкати «Помир Энерҷӣ» наздик ба 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард. Директори ширкат гуфт, ки минбаъд ҳамасола чунин давраҳои омӯзиширо барои соҳибкорони ҷавон роҳандозӣ карда, мекӯшанд, ки лоиҳаҳои ҳаҷман калонтарро  сармоягузорӣ  намоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 344

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед